Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Синфи миёнаи Тоҷикистон куҷо шуд?


Чунин ба назар мерасад, ки ҷомеаи Тоҷикистон ба нобаробарии иҷтимоӣ унс гирифтааст.

Бахши умдаи мардум дар Тоҷикистон пулу моли зиёди табақаи дорои ҷамъиятро дастоварди шахсии ҳар сарватманд ё шахси доро медонад. Таҳлилгарони умури иқтисодӣ низ ин ақидаро дуруст мешуморанд ва мегӯянд, ин ақида ҳатто дар кишварҳои пешрафта вуҷуд дорад ва мардум худаш мехоҳад зиндагии худро пеш барад. Дар Тоҷикистон дар солҳои хусусӣ кардани корхонаҳои давлатӣ онҳое, ки малакаи бештар доштанд бо истифода аз имконоту дастрасӣ ва дониши худ ба соҳибкорӣ машғул шуданд ва соҳиби дороӣ низ гаштанд.

Вале аксари табақаи ҷомеа баъд аз гузаштан ба низоми нави иқтисоди бозаргонӣ таҷрибаи кофии корчалонӣ ё худидорӣ надоштанд. Онҳо дар сари дуроҳа қарор гирифтанд ва сатҳи зисташон якбора поин рафт. Муттаассифона, ба ин гурӯҳи нодор кормандони бахшҳои будҷетӣ, аз ҷумла кормандони бахшҳои маорифу беҳдошт низ дохил шуданд.

Абдураҳмон Қурбонов, сардори раёсати таҳлили масоили иҷтимоии Маркази стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумат солҳои ахир дастмузди ҳадди ақали кормандони будҷетиро боло бурдааст, то нобаробарии иҷтимоӣ то ҳадде коҳиш ёбад.


“Мардуме, ки аз будҷа вобастагӣ доранд, давра ба давра маошашаон зиёд мешавад. Ҳоло маоши ҳади ақал нисбат ба солҳои пеш афзоиш ёфтааст ва он ба некуаҳволии онҳо ва сатҳи камбизоатӣ ёрӣ мерасонад”.


Аммо боло рафтани маоши ҳади ақал ба табақаи камбизоат, аз ҷумла ба муаллимону кормандони беҳдошт кӯмак намекунад, агар ин нуктаро дар назар бигирем, ки нархи молу коло дар бозорҳо низ дар сатҳи пешин нест ва табақаи нодори ҷомеаро ба зону даровардааст. Ҷаноби Қурбонов мегӯяд, дастмузди кормандони будҷетӣ ҳар сол тибқи нақша то 30 дарсад боло меравад, вале вай ҳамзамон эътироф мекунад, ки он ҳам барои гузарони зиндагӣ кофӣ нест:

“Маоши имрӯза бо назардошти нархи бозор, албатта, барои зиндагии ҳатто як нафар басанда нест”.

Дар Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлол тибқи барномаҳои давлату ҳукумат бисёре аз корхонаҳои давлатӣ хусусӣ шуд. Ин корхонаҳо дар солҳои Шӯравӣ сохта шуда буданд. Ононе, ки соҳиби ин корхонаҳо шуданд, натавонистанд робитаҳои тавлидотиро нигоҳ доранд. Гузашта аз ин, дар миёни ононе, ки соҳиби чунин корхонаҳо шуданд, шахсони тасодуфӣ низ буданд, ки таҷриба ва ихтисос надоштанд. Ба ин далел корхонаҳо аз кор афтоданд ва ҳазорон-ҳазор коргар бекор монд. Рустам Бобоҷонов, таҳлилгари иқтисодӣ дар бораи ноком мондани корхонаҳои хусусишуда чунин мегӯяд :

“Ҳар корхонае, ки аз моликияти давлатӣ ба моликияти шахсӣ мегузарад, дар зарфи камаш ду-се моҳ бояд ба кор дарояд. Лекин аз ҳамаи корхонаҳое, ки хусусӣ шудаанд, агар як-ду фоизаш кор кунад, ба ҳамон ҳам шукр”.

Дар Тоҷикистон ба ҷуз аз синфи доро ва нодор то ҳол синфи муташаккили миёна ба вуҷуд наомадааст. Рустам Бобоҷонов мегӯяд, қарор аст дар поёни соли ҷорӣ ҳукумат консепсия ё назарияи таъмини некуаҳволии аҳолӣ барои солҳои 2013-2015-ро барои тасвиб ба порламон пешниҳод кунад. Дар ин назария роҳҳои қонунии ҳимоят аз синфи миёна ва коҳиши фарқият миёни табақаи доро ва нодор дар назар гирифта шудааст.

Наҷиба Ширинбекова, раҳбари созмони ғайридавлатии “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” дар Душанбе мегӯяд, дар ҷомеа ҳама ҳуқуқи баробар доранд, баъзеҳо донишу маҳорати худро хуб истифода мебаранд, вале табақаи камбизоати ҷомеа ба иттилоъот дастрасӣ надорад, ҳуқуқи худро намедонад ва ба тавононии худ баҳо дода наметавонад. Барои ҳамин онҳо наметавонанд бо чунин фаҳмиш аз “монеаҳо” бигзаранд. Хонум Ширинбекова мегӯяд, ҳоло дар зеҳни бисёре аз ҷавонон, ба вижа ҷавонони деҳот, ин ақида мечархад, ки роҳи осони баромадан аз мушкил муҳоҷирати корӣ ба Русия аст, дар ҳоле, ки онҳо барои кор дар Русия ҳам омода нестанд. Касб надоранд ва забони русиро намедонанд.


Навмедии чунин ҷавонон шояд аз ин ҳам ҳаст, ки баъзе хатмкардагони донишгоҳҳо бо дипломи худ ҷои кор пайдо намекунанд ва дар ҷустуҷӯи кор роҳи Русия ё кишвари дигарро пеш мегиранд. Ба ин сабаб ҷавонон баъд аз хатми мактаб таҳсил дар донишгоҳҳоро кори бефоида медонанд.

Бурихон Нурмуҳаммадов
, раиси пажуҳишгоҳи иҷтимоии Қазоқистон мегӯяд, бархӯрди ҳар кишвар ба ҳали масъалаҳои иҷтимоӣ фарқ дорад. Кишварҳои пешрафта барои коҳиши фарқияти сатҳи зисти миёни табақаҳои доро ва нодор барномаҳои қавитар доранд. Вале дар маҷмӯъ, Нурмуҳаммадов мавҷудияти чунин табақаҳоро раванди айнӣ ё объективии ҷомеа медонад ва мегӯяд, кишварҳои Осиёи Марказӣ аз иқтисоди барномарезишудаи сотсиалистӣ даст кашиданд ва ҳоло назорат бар вазъи иҷтимоӣ тағир ёфтааст. Барҳам додани чунин фарқият ба савияи фаҳмиши худи ҷомеа низ иртиботи бевосита дорад.

Ин ақидаҳо низ ҳаст, ки ришвахории ноаён барои гирифтани муҷаввиз ва зарурати доштани “чатри ҳимоят” баъзе соҳибкоронро ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад. Дар чунин вазъ фаъолияти баъзе соҳибкорон равнақи худро гум мекунад ва чунин бархӯрд ташаккули синфи миёнаро ба таъхир меандозад. Ҳоло дар Тоҷикистон на ҳар соҳибкор ё корчалон дониши кофии ҳуқуқӣ дорад, то ҳақи худро бо кӯмаки қонунҳои мавҷуда битавонад дар додгоҳҳо низ ҳимоят кунад.

Дар Тоҷикистон қонунҳо бо назардошти меъёрҳои байналмиллалӣ таҳия шудаанд, ҳар кас метавонад барои боло бурдани сатҳи зисти худ ба соҳибкорӣ ё тиҷорати хусусӣ машғул шавад, вале муттаассифона, чунин қонунҳо ҳамеша комёб намешаванд, зеро ба ақидаи таҳлилгарон, механизми иҷрои он такмил нашудааст.
XS
SM
MD
LG