Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД муфаттишони солмандро ба нафақа фиристод


Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, кормандони собиқадори ниҳоди зертобеашро ба нафақа гусел кардааст.

Дар идомаи барканории афроди бузургсол аз мақомҳояшон дар идораҳои давлатии Тоҷикистон, вазири умури дохилӣ гурӯҳе аз кормандони собиқадори вазоратро, ба нафақа гусел кардааст.

Вазорат бо нашри баёнияе гуфтааст, ин афрод бо фармони Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилӣ, аз мақомҳояшон барканор шуданд, зеро ба синни бознишастагӣ расида буданд.

Дар ин баёния, ки дар торнамои вазорат нашр шудааст, омадааст, Ҷӯрахон Саидов, муовини вазири умури дохилӣ “ба гурӯҳе аз ин кормандони ботаҷриба”, “барои хизмати тӯлонӣ ва поквиҷдонона ва содиқона дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ” изҳори сипос карда ва аз онҳо хостааст, барои тарбияи кормандони ҷавони вазорати умури дохилӣ ба “Шӯрои собиқадорони вазорат” бипайванданд.

Аз ин пеш, дар ҳафтаи гузашта, Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон, гуфт, 40 корманди ин кумита, ки ба синни нафақа расида буданд, аз мақомҳояшон барканор шуданд. Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон охири соли гузашта ба ниҳодҳои давлатӣ амр дод, ки афроди солмандро аз мақомҳояшон барканор ва ба ҷои онҳо мутахассисони ҷавонро таъин кунанд.
XS
SM
MD
LG