Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел: "Туркия набояд узви Иттиҳодияи Аврупо шавад"


Дар ҳоле, ки танишҳо миёни Анқара ва Берлин ҳамчунон рӯ ба афзоиш аст, Ангела Меркел, садри аъзами Олмон рӯзи якшанбеи 3-юми сентябр хостори поён додани гуфтугӯҳо бо Туркия барои узвияи ин кишвар дар Иттиҳодияи Аврупо шуд. Хонум Меркел дар ҷараёни як мунозираи интихоботӣ бо рақиби аслии худ Мартин Шултз гуфтааст, "возеҳ аст, ки Туркия набояд узви Иттиҳодия Аврупо шавад."

Садри аъзами Олмон афзудааст, бори дигар бо раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо гуфтугӯ хоҳад кард, то тасмими ниҳоӣ дар ин маврид гирифта шавад. Ӯ изҳор дошт, "ман узвияти Туркия дар Иттиҳодияи Аврупоро ҳаргиз шуданӣ намебинам. Ва ҳаргиз эътиқод надоштам чунин чизе шуданӣ аст."

Туркия хостори бозгардонидани он шаҳрвандони худ аз Олмон аст, ки мегӯяд тарафдори Фатҳулло Гюлен ҳастанд. Тибқи гузоришҳо, Олмон ин дархости Туркияро радд кардааст.

Суханони садри аъзами Олмон дар идомаи танишҳои феълӣ миёни ду кишвар баён шудааст. Он ҳам чанд лаҳза пас аз он, ки муҳимтарин рақиби интихоботии ӯ барои раҳбарии ҳукумати Олмон Матрин Шултз, низ хостори қатъи музокироти узвият дар Иттиҳодия бо Анқара шуда буд.

Ду рӯз пеш аз ин, Меркел дар ҷараёни як ҳамоиши иқтисодӣ гуфта буд, Берлин бояд қотеона ба боздошти ду шаҳрванди олмонии дигар дар Туркия вокуниш нишон дода ва гуфт, "дар бораи робитаи тиҷоратӣ бо онҳо таҷдиди назар кунем". Бино ба гузоришҳо, дар ҳоли ҳозир ҳади ақал 12 шаҳрванди олмонӣ бо иттиҳомҳои сиёсӣ дар зиндонҳои Туркия ҳастанд. Дениз Юҷал, рӯзноманигори турктабори олмонӣ низ беш аз дувоздаҳ рӯз аст, ки дар Туркия зиндонӣ мебошад.

Аз тарафи дигар Туркия хостори бозгардонидани он шаҳрвандони худ аст, ки мегӯяд тарафдори Фатҳулло Гюлен ҳастанд. Тибқи гузоришҳо, Олмон ин дархостҳои Туркияро радд кардааст. Анқара мегӯяд, ки Гюлен ва тарафдоронаш даст ба табаддулоти нофарҷоми соли гузашта зада буданд. Ҳукумати Туркия ҳамзамон ҷунбиши бо раҳбарии Гюленро "гурӯҳи террористӣ" эълон кардааст.

Меркел ва Шултз танҳо сиёсатмадорони олмонӣ нестанд, ки дар рӯзҳои гузашта хостори поён додани ба гуфтугӯҳои узвият дар Иттиҳодия бо Туркия шудаанд. Ду ҳафта пеш вазири умури хориҷии Олмон низ гуфта буд, то замоне, ки Эрдуғон раҳбарии давлатро дар даст дорад, кишвараш узви Иттиҳодияи Аврупо нахоҳад шуд.

Раиси ҷумҳури Туркия пеш аз ин таъкид карда буд, кишвараш лозим нест "ба ҳар қимате" ба Иттиҳодияи Аврупо бипайвандад ва метавонад ба ҷои он бахше аз иттиҳодияи дигаре монанди Созмони Ҳамкориҳои Шанхай шавад.

Туркия ва Олмон ҳар ду узви Созмони Паймони Атланикаи Шимолӣ ё НАТО ҳастанд. Туркия аз як даҳа ба ин тараф музокиротеро барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо оғоз кардааст, ки на танҳо натиҷа надоштааст, балки акнун эҳтимол он аз ҳар вақти дигар, камтар шудааст.

XS
SM
MD
LG