Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони тоҷик таътили худро чӣ гуна гузаронданд?


Порлумони Тоҷикистон

Теъдоде аз вакилони мардумӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, таътили тобистонаро бо деҳқонӣ, муолиҷа ва ё анҷоми корҳои хусусӣ сипарӣ кардаанд. Таътили думоҳаи тобистонаи вакилони Маҷлиси намояндагон ба поён мерасад ва, қарор аст, онҳо рӯзи 16-уми август паси мизҳои корӣ баргарданд.

Чанде аз ин вакилон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин гумон хатост, ки вакилон таътилашонро дар хориҷаву соҳили баҳр сипарӣ мекунанд. Аммо баъзе аз афроди огоҳ мегӯянд, вилояти Ҳайнани Чин яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи шуморе аз вакилону мансабдорони тоҷик барои истироҳат ва саёҳат аст. Ҳамчунин дар Дубай, ки як шаҳри маҳбуб барои сайру саёҳати тоҷикон аст, на танҳо мардуми қаторӣ, балки чанд вакили мардумии Тоҷикистонро ҳам дидаанд.

Аммо Ҳаёт Одинаев, вакили порлумон аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, рӯзи 15-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, истироҳаташро бо “деҳқонӣ” сипарӣ кардааст. Ӯ ба суоли мо дар бораи дар куҷо гузарондани таътили тобистона бо ханда ҷавоб дод ва гуфт: “Эй бародар, ин гапҳоро мон, ман деҳқонӣ кардам, дар хидмати халқу ноҳия ҳастам, китоб хондам.”

Ҳаёт Одинаев профессор ва ректори собиқи Донишгоҳи миллӣ вакили сокинони ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон аст.

Аксар вакилоне, ки бо Радиои Озодӣ дар бораи таътили тобистонаашон суҳбат карданд, гуфтанд, музде намегиранд, ки барои сафар ба хориҷаву истироҳат дар соҳили баҳр кофӣ бошад. Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, вакили Маҷлиси намояндагон аз ноҳияи Ашт гуфт, таътилро дар зодгоҳаш деҳаи Понғоз, дар канори хешу табор гузаронд. “Барои чӣ ба хориҷа равам? Деҳаи худамон зебо аст, дар маъракаҳо ширкат кардам, хуб гузашт,” -- гуфт ӯ.

Хайрулло Сӯфиев, вакили порлумон аз ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе дар таътили тобистонааш ба ҷойи дигар сафар кард. Аммо на ба дур, балки ба вилояти Суғд. Ӯ гуфт, ки чанд муддат дар осоишгоҳи “Баҳористон” дам гирифт.

Олимҷон Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва узви Маҷлиси намояндагон ҳам ба қавли худаш дур нарафт, чун, мегӯяд, имконоти молӣ барои истироҳат дар хориҷаро надорад. Иқтисодшиноси тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, барои истироҳат ва муолиҷа 20 километр дуртар аз Душанбе ва ба осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” дар ноҳияи Ҳисор рафта, 12 рӯз онҷо будааст. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Истироҳати табобатӣ буд, дар оби минералӣ. Барои хориҷа пул нест. Ман 1500 сомонӣ додам ва боқимондаи пулро Иттифоқи касаба дод. Ҳар кас бо имконияташ гузаронд, баъзеҳо истироҳат карданд, ба ноҳияҳо рафтанд, вале намедонам, кӣ ба хориҷа рафтааст.”

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, мегӯяд, вакилони тоҷик 5 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 500 доллар мегиранд, ки на барои зиндагӣ кофист, на истироҳат. Вакили мардумӣ афзуд, ҳангоми таътили тобистона, мисли дигар сокинони оддӣ аз паси корҳои хонаводагӣ шудааст: “Ман истироҳат накардам. Аз назари пизишкон гузаштам ва баъзе корҳои дигари хонаро иҷро кардам. Ба истироҳат фурсат наёфтам. Дар тамоми давраи вакилиям ман барои таътил ба хориҷ нарафтаам.”

Вакилони тоҷик бар иловаи 5 000 сомонӣ музди кор ҳамчунин бо хона ва мошини хидматӣ дар замони кор таъмин мешаванд ва баъди анҷоми фаъолият бояд онҳоро баргардонанд. Вакилони тоҷик умдатан аз аввали моҳи июл кори худро хотима медиҳанд ва нимаи дувуми моҳи август ба кор бармегарданд.

Чанд нафари дигар аз вакилони тоҷик, ки Радиои Озодӣ бо онҳо дар тамос шуд, нахостанд, ҷузъиёти давраи таътилашонро расонаӣ кунанд.

Дар ин миён баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар робита ба ин хабар, ки вакилони тоҷик рӯзи 16-уми август сари кор бармегарданд, киноя задаанд, ки “вакилони тоҷик баъди таътил, дигарбора ба таътил бармегарданд.”

Сабаби интиқоди вакилон дар шабакаҳои иҷтимоӣ зоҳиран он аст, ки онҳо дар робита ба масоили муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ва ё робитаҳои хориҷии Тоҷикистон вокуниш намекунанд ва ё дер ва кам вокуниш нишон медиҳанд.

Маҷлиси намяондагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон – аз 63 вакил иборат аст ва онҳо барои панҷ сол интихоб мешаванд. Аксари курсиҳои порлумонро намояндагони ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар ихтиёр доранд.

Шарҳҳоро бинед (20)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG