Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Суғд 11 гумонбари узвият дар ҲИУ зиндонӣ шуданд


Дар вилояти Суғд 11 нафар бо иттиҳоми шомил шудан ба созмони фаъолияташ мамнӯи Ҳаракати исломии Узбакистон ба зиндон маҳкум шуданд.

Додгоҳи вилояти Суғд 11 сокини шимоли кишварро бо ҷурми шомил шудан ба созмони террористии Ҳаракати исломии Убакистон ба зиндон маҳкум кард. Мурофиаи додгоҳии ин афрод рӯзи 31 март анҷом ёфт. Додгоҳ 10 сокини 22-27-солаи ноҳияи Спитаменро ба он гунаҳкор донист, ки тирамоҳи соли 2014 ба созмони Ҳаракати исломии Узбакистон шомил шуда, сокинонро барои пайвастан ба он даъват кардаанд.

Додгоҳ 7 тан аз афроди ин гурӯҳро мутобиқи 5 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор донист ва аз 9 то 17 соли ҳабс ва 3 нафари дигарро бо гуноҳи хабар надодан аз шомил шудани рафиқонашон ба ин созмон, барои як сол, равонаи зиндон кард. Ин 10 сокини Спитаменро моҳи декабри соли 2014 кормандони пулис дастгир кардаанд. Манобеъи пулис мегӯянд, ин афрод дар муҳоҷирати кории Русия ба ҲИУ шомил шуда, ба роҳандозии амалиётҳои тахрибкорона дар ватан омодагӣ медиданд.

Шариф Назарзода, сардори Раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ахиран дар як конфаронс гуфт, ки аз рӯи таҳлилҳои масъулони ин ниҳод, 70 дарсади афроди боздоштшудагон ба иттиҳоми шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав дар минтақаи шимолии Тоҷикистон, дар муҳоҷирати корӣ ба ин гуна созмонҳои мамнӯъ пайвастаанд.

Дар ҳамин ҳол, додгоҳи шаҳри Хуҷанд сокини ноҳияи Исфара Баҳром Шарифовро бо ҷурми мансубият ба Ҳаракати исломии Узбакистон барои 9 сол ба ҳабс фиристод. Ба гуфтаи додгоҳ, ин ҷавони исфарагӣ соли 2006 дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ба гурӯҳи ҲИУ пайваста, бо раҳбари як гурӯҳи ин созмон, байъат (паймон) кардааст. Нигора Назариён, додраси ин парванда гуфт, ки додгоҳ ӯро тибқи 2 банди Кодекси ҷиноӣ барои таъсис ва иштирок дар иттиҳодияи ҷиноӣ, ӯро гунаҳкор донист.

Зайнаб Исроилова, вакили дифои Баҳром Шарифов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки зерҳимояаш дар додгоҳ ба шомил буданаш ба ҲИУ иқрор шуд ва гуфт, ки ба ин созмон аъзоҳақӣ месупурд ва ба оилаҳои аъзои ин созмон, ки ба ҷанги Сурия рафтаанд, кӯмаки молӣ мерасонд.

“Вай гуфт, ки шароити зиндагиаш бисёр вазнин буд. Барои ҳамин барои кор ба Русия рафт. Он ҷо кор пайдо карда натавониста беҷо монд. Дар он ҳол як гурӯҳ шаҳрвандони тоҷик ба вай сарпаноҳ дода, барояш ҷойи кор ҳам пайдо кардаанд. Баъд онҳо зерҳимояамро ба ҲИУ даъват кардаанд. Вай мегӯяд, ки ночор, аз тарси он, ки вайро ба кӯча меронанд, даъвати онҳоро қабул карда, шомили ин ҳаракати террористӣ шудааст.”

Хонум Исроилова афзуд, ки зерҳимояаш ҳанӯз муҷаррад аст ва аз ноогоҳӣ ба ҲИУ пайвастааст ва аз ин рӯ аз додгоҳ талаб кард, ки вайро маҳкум ба зиндон накунад ва фурсат диҳад то ислоҳ шавад. Аммо ба назар мерасад, ки додгоҳ инро қабул накардааст. Ин ҷавони исфарагиро моҳи январи соли равон кормандони мақомоти додситонӣ дастгир кардаанд.

Ҳукми додгоҳ нисбати ҳамаи 11 нафари ҳанӯз ба ҳукми иҷро надаромадааст ва дар сурати норизоятии онҳо аз ҳукми додгоҳ, мумкин аст аз сӯи зинаи болоӣ, бознигарӣ шавад.

Дар гузашта низ даҳҳо тан аз аъзои Ҳаракати исломии Тоҷикистон дар манотиқи мухталифи кишвар боздошт ва равонаи зиндон шудаанд. Фаъолияти ин гурӯҳ дар вилояти Суғд назар ба дигар манотиқи кишвар, густурдатар мебошад.

Ҳаракати исломии Узбакистон гурӯҳи тундрави мазҳабиест, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ мебошад. Ин гурӯҳ, ки соли 1996 бо ҳадафи тағйири низоми Узбакистон ба низоми исломӣ таъсис ёфтааст, ба феҳрасти созмонҳои террористӣ шомил шуда ва фаъолияти он дар қаламрави тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнӯъ мебошад.

XS
SM
MD
LG