Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаҳо, ваъдаҳо... Ба доди тоҷирони бозори "Саховат"-и Кӯлоб кӣ мерасад?


Тоҷирони бозори "Саховат" дар ҳукумати Кӯлоб.
Тоҷирони бозори "Саховат" дар ҳукумати Кӯлоб.

Мақомоти шаҳри Кӯлоб бори дигар ба тоҷирони бозори "Саховат" ваъда додаанд, ки мавзӯи озод кардани онҳо аз пардохти андозро дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон ҳал хоҳанд кард.

Рӯзи 30 апрел як гурӯҳи тоҷирони бозори "Саховат"-и шаҳри Кӯлоб, ки дар моҳи январ бар асари сӯхтор ба коми оташ рафта буд, дар шаҳрдории Кӯлоб ҷамъ шуданд. Онеҳо мегӯянд, бар хилофи ваъдаи мақомот, ки мегуфтанд, баъди сӯхтори моҳи январ онҳорпо барои як сол аз масъулияти пардохти андозҳо раҳо мекунанд, ходимони андоз бо талаби супурдани молият болои сари онҳоро гирифтаанд.

Фарҳод Қурбонов, сардори бахши назорати андози шаҳри Кӯлоб рӯзи 30 апрел дар сӯҳбат бо тоҷирону савдогарони бозори "Саховат", ки ба ҳукумати шаҳри Кӯлоб бо эътироз омада буданд, гуфт, ки "мавзӯи озод кардан аз пардохти андоз барои он тоҷироне, ки дар пайи сухтори бозор осеби ҷидӣ дидаанд, ба ҳукумати кишвар пешниҳод мешавад ва умед аст, ки ҳукумат ин пешниҳодро ба инобат мегирад." Ҷаноби Қурбонов аз тоҷирон хост то ба фаъолияти худ дар бозор идома диҳанд, чун маъмурони андоз вазифаи худро иҷро мекунанд ва ин набояд мояи нигаронии тоҷирон шавад.

Аммо тоҷирони зарардидаи бозори "Саховат" аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки мақомот ба ваъдаи худ вафо намекунад.
Холаи Фотима
Холаи Фотима
Холаи Фотима, яке аз тоҷирони бозори "Саховат" зимни суханронӣ гуфт, ки "вақте бозор сӯхт, мақомоти шаҳри Кӯлоб ва ҳамчунин Сироҷиддин Валиев, сардори раёсати "Тоҷикматлубот" бо мо зарардидагон суҳбат кард ва ваъда доданд, ки на танҳо дӯконҳои шуморо барқарор мекунем, балки як сол шумо аз пардохти андоз, патент ва дигар ҷубронпулиҳо озод мешавед. Аммо бо гузашгти се моҳ аз сӯхтор ин ваъда иҷро намешавад ва мо намедонем, чӣ кор кунем."
Ин тоҷир аз мақомот хост, то мушкили бозорнишинҳоро бештар накунанд, балки барои онҳо шароити беҳтари фаъолият фароҳам созанд.

Аммо бо он ки эътирозгарон баъди ин сӯҳбат бо мақомот бинои ҳукумати шаҳри Кӯлобро тарк карданд, бархеаш мегӯянд, ба ваъдаи навбатии мақомот ҳам чандон бовар надоранд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз Кӯлоб иттилоъ дод, ки " рӯзи 30 апрел ҳудуди 200 нафар аз тоҷирону савдогарони бозори "Саховат"-и Кӯлоб, ба сабаби иҷро нагардидани ваъдаи мақомот, барои озод кардани соҳибкорони осебдида аз сӯхтори ахир дар ин бозор дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб таҷаммӯъ кардаанд."

Ба гуфтаи хабарнигори радиои Озодӣ, тоҷирону савдогарони гирдиҳамомада ба бинои ҳукумати шаҳр даромада ва мақомот маҷбур шудаанд, то онҳоро дар як толор ҷамъ оранд ва арзу шикояти онҳоро бишнаванд.

Ин тоҷирон иддаъо доранд, ки "бо вуҷуди ваъдаи мақомот барои озод кардани андоз, ниҳодҳои марбута аз онҳо андоз талаб мекунанд, ки иқдомоти ниҳодҳои давлатӣ мақоли "болои сӯхта намакоб" -ро мемонад."

Шаби 12 ба 13 январи соли ҷорӣ дар пайи "расиши ноқилҳо" дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб - "Саховат" сӯхтор ба амал омад, ки мақомот маблағи тахминии амволи зарардидаро 2,8 миллион сомонӣ арзёбӣ карданд. Дар пайи ин сӯхтор 96 дӯкон, 382 нуқтаи фурӯш ва дар маҷмӯъ 668 соҳибкор зарар дидаанд.

Пас аз сӯхтор Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазир ва Сироҷиддин Валиев, раҳбари "Тоҷикматлубот" аз маҳалли ҳодиса дидан карданд ва ба соҳибкорони осебдида ваъда доданд, ки хисороти ворида ҷуброн хоҳад шуд. Ҳатто Сироҷиддин Валиев гуфт, соҳибкороне, ки дӯконҳояшон сӯхта нобуд шудааст, барояшон дӯкони нав бунёд карда мешавад ва як сол куллия савдогарони зарардида аз андоз ва дигар пардохтҳо озод хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG