Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастрасӣ ба иттилоот -- муҳимтарин мушкили расонаҳои Тоҷикистон


Масъулони созмонҳои дифоъ аз озодии баён дар Тоҷикистон мегӯянд, бо вуҷуди он ки 60% нашрияҳо дар кишвар мустақиланд, маҳдудият дар заминаи дастрасӣ ба иттилоот, дар миёни аҳолӣ беэътимодиеро ба имконияти дарёфти маълумоти озод ба миён овардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин масъулон беш аз нисфи аҳолии Тоҷикистон ташнаи дарёфти иттилоои озод будааст.

Вале Қироншоҳ Шарифзода, раҳбари Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба он, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар симои васоити ахбори омма пуштибони худро намебинад, мақомоти кишвар низ аз ин холигоҳ сӯистифода мекунад.

Ҷаноби Шарифзода дар ин замина гуфт, «дар бештари маврид рӯзноманигор ба хотири дарёфти итилоот ва интишори он монеҳои зиёдеро пушти сар мекунад ва боз пас аз пахши матлаб низ то дараҷае ҷафо мебинад. Аммо мутаассифона имрӯз ҳамин муносибати аҳли ҷомеа бо журналист чандон устувор нест. Ва иллат ин аст, ки мардум журналистро чун хидматгори худ дуруст нашинохтааст. Ҳоло он, ки дар ҷомеаи пешрафта ба ҳар як навиштаи матбуот пеш аз мақомоти ҳукуматӣ мардум худ вокуниш мекунад. Мансабдорони мо бо эҳсоси ин хало ва набуди робитаи мустаҳкам аз ин истифода мебаранд.»
Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои ВАО
Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои ВАО
Муаллифони пажӯҳишҳои байнулмилалии озодии матбуот низ бар инанд, ки дар кишварҳои худкома ба мисли Тоҷикистон мақомоти давлатӣ манфиатдор нестанд, то иттилооти озод аз тариқи расонаҳои зертобеяшон пахш шавад ва матбуоти мустақил низ дар интишори андешаи озод фаъол бошад.

Аммо аз нигоҳи таҳлилгар Абдумалики Қодир, феълан дар Тоҷикистон теъдоди рӯзноманигороне, ҳам ки барои дастарас намудани иттилооти озод ба мардум хидмат менамоянд ба маротиб камтар аз онҳоест, ки манфиати гурӯҳҳои алоҳидаро ҳимоят мекунанд. Вай афзуд, «боиси таассуф аст, ки шумораи чунин рӯзноманигорон торафт камтар мешавад, зеро шароит барои фаъолияти озоди журналистӣ дар Тоҷикистон рӯз то рӯз номусоидтар мегардад. Вале бе ин гурӯҳи хурди журналистони озод ягон ҷомеа наметавонад рушд кунад ва бояд онҳо бештар дастгирӣ ёбанд.»

Агарчӣ соҳибназарон мегӯянд, бо вуҷуди он, ки муҳимтарин мушкили расонаҳои Тоҷикистон – дастрасӣ ба иттилоот боқӣ мемонад, вале ба гуфтаи онҳо, бо рушди интернет ва технологияи муосир ин «маълумоти пинҳонӣ» ба ҷомеа расонда мешавад. Аз ҷумла, таҳлилгар Раҷаби Мирзо мегӯяд, чун ҳукумати кишвар аз нашрияҳои чопӣ тарс дорад аз ин нигоҳ худи нашрияҳо низ наметавонанд фаъолиятҳои бештарро ба роҳ монанд.

Ҷаноби Мирзо афзуд, бо таваҷҷӯҳ ба ин, тайи чанд соли ахир бештари нашрияҳои таъсиргузор замимаҳои интернетии худро пурқувват кардаанд ва фаъолиятҳои пуртаъсиртар маҳз дар сомонаҳои онҳо эҳсос мешавад. Раҷаби Мирзо афзуд, «яъне ҳукумати Тоҷикистон шояд дар фикри он аст, ки таъсири воситаҳои электронии ахбор аз қабили сомонаҳои интернетӣ барои омма чандон зиёд будан наметавонад ва ба эҳтимоли зиёд дар зери мафкураи он мондаанд, ки солҳои 90-ум буд, ки якчанд рӯзнома тавонист, авзои зеҳниву сиёсии ҷомеаро тағйир бидиҳад. Мумкин аст, дар зеҳни ҳукумат ҳамин чиз мондааст ва ба ҳамин хотир телевизион ба монополияи ҳукумат табдил ёфтааст, аммо матуботи то андозае заиф гӯё ки барои дигарон ҳам ҷойгоҳе ҳанӯз дорад.»

Аммо ин ҳам дар ҳолест, ки дастрасии аҳолӣ ба интернет густарда нест ва як нашрияро метавонанд 5-6 нафар мутолиа кунанд.
Саймиддин Дӯстов
Саймиддин Дӯстов
Бо ин ҳама, Саймиддин Дӯстов, раҳбари маркази таҳлилии «Индем» мегӯяд, ҳоло озодии баён дар Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои дигари пасошӯравӣ дар зинаи нисбатан боло қарор дорад. Ба гуфтаи ҷаноби Дӯстов, охирин монеае, ки дар шакли худсонсур вуҷуд дошт, нагирифтани исми афроди сернуфузи кишвар дар расонаҳо, ашхоси наздик ба президент, аъзои хонаводаи ӯ, кланҳои ҳукмрони иқтисодиву молӣ буд, ки дар як соли ахир зиёд истифода бурда мешаванд ва ин нишонаи гузаштан аз ҳудудро дорад.

Дӯстов мегӯяд, «дар умум ин сабабҳои гуногуни дохиливу берунӣ дорад, аммо муҳимтаринаш таъсири афкори ҷамъиятии дар ҷаҳон ҳукмрон ба худи Тоҷикистон ва ҳамчунин муносибати худи президент ба расонаҳо дар ин масъала таъинкунанда аст. Чун ҳадди ақал мо аз ду манбаи мустақил иттилоъ дорем, ки дар соли гузашта президент мансабдоронашро танқид карда, гуфтааст ин расонҳо ҳастанд, ки мову шуморо хабардор мекунанд, вагарна мову шумо дар утоқҳоямон аз хеле корҳо бехабар мемонем.»

Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки ахиран Созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ дигарбора Тоҷикистонро ба қатори кишварҳои матбуоташ “ноозод” шомил кард. Дар гузориши солонаи ин созмон,Тоҷикистон дар раддабандии умумӣ миёни 197 кишвару қаламрав дар хатти 175-ум, байни кишварҳои африқоии Конгову Руанда ва Эфиопияву Судон ва ҳам Русия ва дар байни 12 кишвари пасошӯравӣ ё АвроОсиё дар мақоми шашум ҷой гирифтааст.

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG