Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали тилои паҳлавони ҷавони тоҷик дар Тошканд

Эмомалӣ Нуралӣ. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Нуралӣ. Акс аз бойгонӣ

Абдуллоҳи Ориф, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо - Tashkent Grand Slam 2026, ки дар маҷмааи варзишии “Ҳумо-Арена”-и пойтахти Узбекистон ҷараён дорад, медали тило ба даст овард. Ин медали дуюми паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқа мебошад.

Абдуллоҳи Ориф, паҳлавони 20-солаи тоҷик, дар рӯзи дуюми мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2026 дар вазни то 73 кило, ки дар даври якум озод буд, дар даври дуюм бар намояндаи Ирландия Ҷошуа Грин дастболо шуд. Ӯ дар ҳаштякфинал Ҳоҷиакбар Тошевро аз Узбекистон мағлуб намуд. Дар даври чорякниҳоӣ бар Арун Кумар аз Ҳиндустон пирӯз шуда, ба нимфинал баромад.

Абдуллоҳ дар даври ниманиҳоӣ Ҷиованни Эспоситои итолиёиро шикаст дода, ба финал роҳ ёфт. Дар даври ниҳоӣ паҳлавони пуртаҷрибаи 29-солаи узбекистонӣ Шаҳром Аҳадовро мағлуб карда, соҳиби медали тило, инчунин ҷоизаи молӣ ба маблағи 5000 евро гардид. Ин аввалин медали Абдуллоҳи Ориф дар мусобиқоти Grand Slam (“Тоскулоҳи бузург”) ба шумор меравад.

Дар рӯзи аввали мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2026 паҳлавони дигари тоҷик Масъуди Аҳмадзод дар вазни то 73 кило пас аз ду пирӯзӣ бар рақибонаш Лусиан Борс Димитреску аз Руминия ва Казбек Нагучев аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, дар даври ҳаштякниҳоӣ аз Элбек Тоҷиеви узбекистонӣ шикаст хӯрд.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Гаҷидовуд Гасанов аз Баҳрайн пирӯз шуда, дар ҳаштякфинал аз Умар Раҷаблии озарбойҷонӣ мағлуб гардид.

Дар вазни то 81 кило боз як намояндаи Тоҷикистон рақобат кард. Абубакр Боқиев, ки дар даври якум озод буд, дар даври дуюм аз Сеунчанг Ли аз Кореяи Ҷанубӣ мағлуб гардид.

Ёдовар мешавем, дар рӯзи аввали мусобиқа дар Тошканд чаҳор намояндаи Тоҷикистон дар сабқати мардон ва се нафар дар сабқати занон рақобат карданд.

Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони маъруфи тоҷик, медали биринҷӣ ба даст овард. Паҳлавони 23-солаи тоҷик дар вазни то 66 кило, ки дар даври якум озод буд, дар даври дуюм намояндаи Украина Назар Висковро мағлуб намуд. Аммо Эмомалӣ дар чорякфинал аз Шинсей Ҳаттории ҷопонӣ мағлуб гашт. Дар даври тасаллобахш бар Роналд Лимаи бразилӣ пирӯз шуда, дар мубориза барои ҷойи сеюм Валерио Аккоглиро аз Италия шикаст дод ва соҳиби нишони биринҷӣ, инчунин ҷоизаи молӣ ба маблағи 1500 евро гардид.

Эмомалӣ Нуралӣ соли гузашта дар ин мусобиқа ҷойи панҷумро касб намуда, солҳои 2023 ва 2024 дар Tashkent Grand Slam соҳиби ду медали тило шуда буд.

Дар рӯзи аввали мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2026 паҳлавони дигари тоҷик Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кило мақоми панҷумро азони худ кард. Ин гуштигири 26-сола дар даври аввал бар Сидҳарз Рават аз Ҳиндустон дастболо шуд. Баъдан бар Юлин Ма аз Чин ғолиб омад. Вале дар даври чорякниҳоӣ аз Аҳмад Юсуфови озарбойҷонӣ шикаст хӯрд. Дар даври тасаллобахш Мичел Аугустои бразилиро мағлуб кард. Аммо барои медали биринҷӣ аз Таики Накамураи ҷопонӣ шикаст хӯрд. Соли гузашта Меҳрзод Суфиев дар Тошканд ҷойи ҳафтумро соҳиб шуда буд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа дар Тошканд Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кило дар даври аввал аз Лука Каделия (Гурҷистон) мағлуб гашт. Обид Ҷебов, ки дар вазни то 66 кило ба сабқат аз даври дуюм пардохт, аз Абдуллоҳ Парчиеви русиягӣ шикаст хӯрд.

Аҳлия Муъминова дар вазни то 48 кило аз Улбусин Ҳакимова (Узбекистон) мағлуб шуд. Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Холрудои Бишрелт (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ) ва Александра Кан дар вазни то 57 кило дар даври аввал аз Вита Майданик (Русия) шикаст хӯрданд.

Ҳамин тариқ, дар ду рӯзи мусобиқа дар Тошканд 11 варзишгари тоҷик (8 мард ва 3 зан) рақобат карданд. Тоҷикистонро боз 6 варзишгар (5 мард ва 1 зан) дар рӯзи сеюми мусобиқа – 1-уми март - муаррифӣ хоҳанд кард.

Дар сабқати мардон Умар Расулов, Музамир Каримзода (ҳарду дар вазни то 90 кг), Парвиз Абдураҳмонов, Бахтовар Бобохонов (ҳарду дар вазни то 100 кг), Некрӯзшоҳ Некбахтзода (+100 кг) ва дар сабқати занон Виктория Киселёва (+78 кг) ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ба иттилои сомонаи Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2026, ки то рӯзи 1-уми март идома меёбад, 370 варзишгар (209 мард ва 161 зан) аз 39 кишвари чаҳор қора иштирок доранд.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ ба ҷуз аз медал, соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 евро, барои ҷойи дуюм 3000 евро ва барои ҷойҳои сеюм 1500-евроӣ супурда хоҳад шуд.

Пас аз натиҷагирии ду рӯзи рақобатҳо дар мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2026 дар ҳисоби медалҳо бо дарназардошти мусобиқоти мардону занон мунтахаби Ҷопон бо касби 10 медал (3 тило, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Озарбойҷон бо касби 3 медал (2 тило ва 1 нуқра) ҷойи дуюм ва мунтахаби Узбекистон бо касби 5 медал (1 тило, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи сеюмро азони худ кардаанд. Тоҷикистон бо касби як медали тилло, як нишони биринҷӣ ва як ҷойи панҷум дар ҷойи чаҳорум қарор дорад.

XS
SM
MD
LG