Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали аввалини Тоҷикистон дар Paris Grand Slam

Муҳиддин Асадуллоев
Муҳиддин Асадуллоев

Муҳиддин Асадуллоев, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар аввалин мусобиқаи имсолаи сайри ҷаҳонии ҷудо - Paris Grand Slam 2026, ки дар пойтахти Фаронса ҷараён дорад, медали биринҷӣ ба даст овард.

Паҳлавони 19-солаи тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи Paris Grand Slam 2026 дар вазни то 73 кило, ки дар даври якум озод буд, дар даври дуюм намояндаи Испания Антон Шуҳалиевро мағлуб намуд.

Муҳиддин дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ бар гуштигири мизбон Петер Ҷеан дастболо шуд, вале дар чаҳорякфинал аз Мануел Ломбардои итолиёӣ мағлуб гашт.

Дар даври тасаллобахш Асадуллоев бар Йессет Куанов аз Қазоқистон пирӯз шуда, дар мубориза барои ҷойи сеюм Даййан Боулемтафеси мизбонро шикаст дод ва соҳиби нишони биринҷӣ гардид.

Ин аввалин медал дар таърихи ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқаҳои “Тоскулоҳи бузург”-и Порис (Париж) мебошад. Қаблан Муҳиддин дар мусобиқаҳои Grand Slam соҳиби медали тило ва нуқра шуда буд.

Асадуллоев инчунин қаҳрамони ҷаҳон байни ҷавонон аст.

Дар вазни то 73 кило Маҳмадбек Маҳмадбеков, писарамаки Сомон Маҳмадбеков, ки феълан Имороти Муттаҳидаи Арабиро намояндагӣ мекунад, барандаи медали тило гардид. Маҳмадбеки 26-сола дар финал Мануел Ломбардои 27-солаи итолиёиро шикаст дод.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Порис (Paris Grand Slam 2026) 488 варзишгар (299 мард ва 189 зан) аз 78 кишвар ҳунарнамоӣ мекунанд.

Барои иштирок дар ин мусобиқа пешакӣ ҳафт паҳлавони тоҷик номнавис шуда буданд. Аммо се нафари онҳо - Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг) ва Абубакр Боқиев (-81 кг) аз сабаби нагирифтани раводид дар Paris Grand Slam-2026 ширкат намеварзанд.

Ҳамин тавр, Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ чаҳор варзишгар намояндагӣ мекунанд. Дар рӯзи дуюми мусобиқа – 8-уми феврал - Абубакр Шеров (-81 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг) ва Абубакри Акобир (-100 кг) - дар сабқати мардон вориди рақобат мешаванд.

Барномаи Paris Grand Slam 2026:

8-уми феврал (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -70 кг,-78 кг, +78 кг миёни занон; -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

Маблағи умумии ҷоизаҳои Paris Grand Slam 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида мешаванд.

Инчунин ғолибону ҷоизадорон ва ширкаткунандагони ин мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии инфиродии ҷаҳонии ҷудо мегарданд.

Бояд зикр намуд, соли гузашта мусобиқаи Paris Grand Slam бидуни варзишгарони тоҷик баргузор шуда буд. Соли 2024 бошад, паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқа иштирок карда, натавонистанд медал бигиранд.

Аз байни 9 гуштигири тоҷик чаҳор нафар - Беҳрӯзи Хоҷазода, Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни то 73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) - натиҷаҳои хубтар нишон дода, мақоми панҷумро касб намуданд.

XS
SM
MD
LG