Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав Киевро ба ҳамлаи густурда ба Русия муттаҳам кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Русия гуфтанд, ки Украина рӯзи 1-уми сентябр бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ба чанд гӯшаи ин кишвар, аз ҷумла истгоҳи барқӣ ва корхонаи коркарди нафт дар вилоятҳои Маскаву Твер ҳамла кард.

Вазорати мудофиаи Русия дар Телеграм хабар дод, ки 158 дронро аз байн бурд.

Ба иттилои манбаъ, камаш 122 ҳавопаймои бесарнишини Украина минтақаҳоеро дар Курск, Брянск, Воронеж ва Белгород нишон гирифта буданд. Ин минтақаҳои Русия дар сарҳад бо Украина ҷойгиранд.

Хабари мақомоти Русияро ба таври мустақилона тасдиқ кардан имкон надорад. Ҷониби Украина дар ин бора изҳори назар накардааст.

Ин ҳамла, агар дуруст бошад, пас аз як ҳафтаи он сурат гирифт, ки Русия бо мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишин бахши энержии Украинаро ҳадаф қарор дод.

Русия дар моҳи феврали соли 2022 бедалел ба хоки Украина таҷовуз кард ва даргирии ду тараф аз он замон идома дорад.

Дар ҳоле ки гуфта мешавад, нерӯҳои Русия дар шарқи Украина, бахусус вилояти Донетск, пешрафт доштаанд, нерӯҳои Украина тақрибан як моҳ боз даҳҳо маҳаллаи аҳолинишин, аз ҷумла маркази ноҳияи Суҷаро дар вилояти Курски Русия зери назорат доранд.

XS
SM
MD
LG