Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марворид (Маргарита) Қосимова дар Белорус даргузашт


Марворид (Маргарита) Қосимова дар Белорус даргузашт
Марворид (Маргарита) Қосимова дар Белорус даргузашт

Марворид (Маргарита) Қосимова, коргардони нахустини зан дар Тоҷикистон ва ҳунарпешаи шоистаи кишвар, рӯзи 4-уми июн дар Белорус даргузашт.

Вай дар айёми ҷанги дохилии Тоҷикистон ба Белорус кӯчид ва се даҳаи охир дар онҷо зисту кор кард.

86 сол дошт.

Қосимова соли 1938 дар Душанбе зода шуда, Донишкадаи синамогариро дар Маскав хатм кардааст. Солҳои дароз коргардони "Тоҷикфилм" буд.

Дар таҳияи филмҳои бадеии "Ҷӯра-Саркор", "Имрӯз ва ҳамеша", "Марди мутааллиқи ду зан", "Ишқ баъди сад сол" ва филмҳои мустанади "Бародари ман Ғулом", "Ибни Сино", "Зебо" ва "Фарёд"-у дигарон саҳм дорад.

Худаш дар баъзе аз ин филмҳо, аз ҷумла “Ҷӯра-Саркор”, “Чор нафар аз Чорсанг”, “Имрӯз ва ҳамеша”, нақш бозидааст.

Дар замони дар Минск зистанаш дар "Беларусфилм" кор мекард ва ҳамзамон устоди бахши коргардонии Академияи ҳунари Беларус буд.

XS
SM
MD
LG