Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марокаш ва Фаронса ба чорякфинали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 роҳ ёфтанд

Мунтахаби Марокаш
Мунтахаби Марокаш

Шаби 4-ум ба 5-уми июл ду бозии даври 1/8-ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки дар се кишвар - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика ҷараён дорад, доир гардид.

Нахуст тимҳои миллии Канада ва Марокаш дар варзишгоҳи «Эн-Эр-Ҷи Стэдиум» дар Хюстони ИМА вориди рақобат шуданд. Бозӣ бо пирӯзии марокашиҳо бо ҳисоби 3:0 ба поён расид. Ҳарсе гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд.

Нимҳимоятгари мунтахаби Марокаш Аззедин Унаи дар дақиқаи 50-ум ҳисбро боз кард. Вай голи дувумро дар дақиқаи 82-юм ба самар расонд. Голи севумро дар дақиқаи 90+8 ҳамлагари марокашиҳо Суфиён Раҳимӣ зад.

Бояд зикр намуд, дар дақиқаи 22-юм нимҳимоятгари мунтахаби Марокаш Исмоил Сайбарӣ, ки осеб дид, иваз карда шуд.

Дар бозии дигари даври 1/8-ниҳоӣ тими миллии Фаронса мунтахаби Парагвайро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Линколн Файненшел Филд» (Филаделфия, Пенсилвания, ИМА) доир шуд. Сардовари ин бозӣ Илгиз Танташев аз Узбекистон буд.

Голи ягонаро ҳамлагар Килиан Мбаппе дар дақиқаи 70-ум аз пеналти ба нишон расонд. Дар 1/4 финал шогирдони Дидйе Дешам бо мунтахаби Марокаш, ки аввалин шуда ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт, рақобат хоҳанд кард.

Дар 1/8 финал, ки то 8-уми июл идома меёбад, боз шаш бозӣ байни тимҳои миллии Бразилия - Норвегия, Мексика - Англия, Португалия - Испания, ИМА - Белгия, Аргентина - Миср ва Швейтсария - Колумбия доир мегардад.

Бозиҳои 1/4-ниҳоӣ рӯзҳои 9–11-уми июл, ниманиҳоӣ 14–15-уми июл ба нақша гирифта шудааст.

Бозии ниҳоӣ 19-уми июл дар варзишгоҳи «Метлайф Стэдиум» (MetLife Stadium), дар шаҳри Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) сурат мегирад.

1/8 финал (замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе):

6 июл

01:00. Бразилия - Норвегия (Ню-Йорк)

05:00 Мексика - Англия (Мехико)

7 июл

00:00. Португалия - Испания (Даллас)

05:00. ИМА - Белгия (Сиэтл)

21:00. Аргентина - Миср (Атланта)

8 июл

01:00. Швейтсария - Колумбия (Ванкувер)

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 Килиан Мбаппе (Фаронса) ва Лионел Месси (Аргентина) бо 7-голӣ пшсафанд.

Ҳарри Кейн (Англия) ва Эрлинг Ҳоланн (Норвегия) бо панҷголӣ зинаи севумро касб кардаанд. Ба панҷгонаи нишонзанҳои беҳтарин, инчунин Винисиус Жуниор (Бразилия), Исмоил Сарр (Сенегал), Микел Оярсабал (Испания) ва Усмон Дембеле (Фаронса) бо чорголӣ шомиланд.

XS
SM
MD
LG