Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навбат нест, аммо нархи маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон рӯ ба болост. ВИДЕО


Орд аз 205 то 220 сомонӣ, картошка аз севуним то панҷ сомонӣ, шакар то ҳафт сомонӣ...

Бархе аз сокинон аз болоравии нархи маҳсулот дар як ҳафтаи ахир дар бозорҳои Тоҷикистон нигаронанд. Онҳо мегӯянд, ҳарчанд ин шабу рӯз барои харидани маҳсулот навбатпоӣ ё ҷанҷол нест, нархи ҳама навъи маводи ғизоӣ рӯ ба болост.

Тоҷирон ва масъулони бозорҳои шаҳри Душанбе вазъиятро ба афзоиши қурби доллар дар ҷаҳон ва манъу кам шудани воридоти мавод, аз ҷумла картошка аз Покистон рабт медиҳанд.

Фирӯза, сокини шаҳри Душанбе, панҷ фарзанд дорад. Вай мегӯяд, шаҳвараш ягона ноновари оила аст, вале ба сабаби баста шудани роҳҳо ин ҳафта натавонист ба Русия равад ва дар онҷо ба кор оғоз кунад. Онҳо охирин сомониҳои худро барои харидани маҳсулоти хӯрокворӣ харҷ мекунанд.

"Як кило шакаре, ки каме беш аз панҷ сомонӣ арзиш дошт, акнун то 7 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар оила ҳафт нафарем. Бо ин нархҳо чӣ гуна кӯдаконро таъмин кунем? Ҳозир 5 кило картошка харидем, чанд бор хӯрок мепазем, тамом", - гуфт ӯ рӯзи 24-уми март.

Тоҷирон болоравии нархро тасдиқ мекунанд ва мегӯянд, як сабабаш афзоиши қурби доллар дар ҷаҳон аст. Қурби расмии доллар дар Тоҷикистон дар як ҳафтаи ахир аз 970 сомонӣ ба 1020 сомонӣ баробар шуд.

Нусратулло Раҳматшоев, мудири шуъбаи савдо ва захираҳои бозори “Саховат” дар Душанбе, рӯзи 24-уми март сабабҳои дигари гароншавии нархи маҳсулоте ба монанди картошкаро ингуна баршумурд: "Картошка аз Покистон ворид карда мешуд. Дар Афғонистон ҳам барф зиёд шудаву гузаргоҳҳо баста шуданд ва аз сабаби ворид нашудан нарх каме боло рафт. Аз сӯйи дигар ҳоло вақти кишту кор аст ва талабот ҳам каме боло рафтааст."

Аммо сокинон мегӯянд, танҳо нархи картошка тағйир накардааст. Ба қавли онҳо, дар як аҳфтаи ахир нархи як халта орд аз 180-190 сомонӣ то ба 205-230 сомонӣ расидааст.

Онҳое, ки ба тиҷорати орд машғуланд, сабаби ин болоравиро ба афзоиши нархи сӯзишворӣ ва хароҷоти хул барои овардани орд то пойтахт рабт медиҳанд. Илҳом Абдуллоев, ки дар намоишгоҳи маводи ғизоии бозори "Меҳргон" ба савдои орд машғул аст, гуфт: "Доллари амрикоӣ, ки боло рафт, нарх ҳам хест. Аммо дар маҷмӯъ орд фаровон аст ҳоло."

Мақомот мегӯянд, ҳоло дар бозорҳои калони шаҳр намоишгоҳ ё ярмаркаи фурӯши маводи ниёзи аввалро ташкил кардаанд. Маъмулан чунин намоишгоҳҳо барои танзими нарх дар айёми ҷашну идҳо ташкил мешуд. Масъулини бозорҳо гуфтанд, вобаста ба вазъи феълӣ ва ҳангомаҳо дар робита ба коронавирусу харидории бесобиқаи орд маҷбур шуданд, намоишгоҳҳои фурӯши маводи ғизоиро доимӣ кунанд.

Дар ин намоишгоҳҳо ба гуфтаи масъулин нарх то 10-15 дар сад арзонтар аст. Сокинон мегӯянд, чунин гӯшаҳо на дар ҳама бозоршҳо ва на дар ҳамаи минтақаҳо фаъол аст ва биноан ҳамаро фаро намегирад.

Тағйирот дар нархи молу маҳсулоти ниёзи аввалро дар шароити кунунӣ ва бо таваҷҷӯҳ ба вазъи иқтисодии аксар кишварҳо, иқтисоддонҳои тоҷик як амри маъмулӣ медонанд. Шамсиддин Ҷалолов, иқтисодшиноси тоҷик, мегӯяд, маҳсулоти воридотӣ ба Тоҷикистон дар муқоиса ба содирот 4 маротиба зиёд аст ва пойбандӣ ба бозори хориҷа, ба андешаи ӯ, "ҳатман ба бозорҳои кишвар бетаъсир намемонад".

Таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки имкон дорад, бо идомаи ин вазъ, басташавии марзҳо ва ҷаҳиши қурби доллар, нарх дар бозор боз ҳам болотар равад. Аммо мақомот мегӯянд, барои муқобила бо ин вазъ барномаи хос доранд ва намегузоранд маҳсулот дар бозорҳо камчин шуда, нарх беш аз ҳад боло равад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (11)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG