Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги як афсари эронӣ дар ҳамлаи эҳтимолии Исроил ба Ҳалаб


Маросими видоъ бо Саид Абёр. Димишқ, 3-юми июни 2024
Маросими видоъ бо Саид Абёр. Димишқ, 3-юми июни 2024

Дар ҳамлаи эҳтимолии Исроил ба наздикии шаҳри Ҳалаби Сурия рӯзи 3-юми июн як афсари эронӣ ба номи Саид Абёр кушта шудааст.

Ин ҳодиса пас аз ду моҳ ҳамлаи Исроил ба сафорати Эрон дар Димишқ ва ҳушдори Ҷумҳурии Исломӣ рӯй дод.

Дар он ҳамла ҳафт узви Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, аз ҷумла ду генерал кушта шуданд. Эрон гуфта буд, ки ҳар ҳамларо ба манофеаш аз ҷумла дар Сурия беҷавоб намегузорад.

Хабаргузории "Тасним" навишт, Саид Абёр узви Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон буд. Дар умум дар ҳодисаи рӯзи 3-юми июн 17 нафар ҷон бохтаанд.

На Сипоҳи посдорони инқилоб ва на ҳукумати Эрон ба таври расмӣ дар бораи ҳамлаи Ҳалаб изҳори назар накардаанд. Вазири корҳои хориҷии Эрон дар даври дувуми сафараш ба баъзе аз кишварҳои минтақа рӯзи 4-уми июн вориди Сурия шуд. Ин сафар як рӯз пеш аз Лубнон оғоз ёфт.

Бо вуҷуди ҳамлаҳои Исроил ба пойгоҳҳои вобаста ба Эрон дар Сурия, Теҳрон ҳузури низомияшро дар ин кишвари арабӣ нигоҳ доштааст.

XS
SM
MD
LG