Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақсадҷон Тӯраев барои табдили гурда ба кӯмак ниёз дорад (ВИДЕО)


 Мақсадҷон Тӯраев, акс аз саҳифаи Фейсбук.
Мақсадҷон Тӯраев, акс аз саҳифаи Фейсбук.

Мақсадҷон Тӯраев, як сокини 30-солаи Тоҷикистон, ки ду сол боз аз дарди гурда ранҷ мекашад ва чанд рӯз баъд ӯро барои табдили гурда ҷарроҳӣ мекунанд ба кӯмаки молӣ ниёз дорад.

Мастура Тӯраева, модари Мақсадҷон рӯзи 31-уми март дар як муроҷиати худ ба мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки писарашро рӯзи 2-уми апрели соли равон дар беморхонаи Петровский Маскав, ки ҳоло дар онҷо бистарӣ аст ҷарроҳӣ мекунанд. Аммо ба гуфтаи Мастура Тӯраева барои ҷарроҳии писараш маблағи кофӣ надоранд ва аз ҳамватанон хоҳиш мекунад барои гузаронидани ҷарроҳии писараш ба онҳо кӯмаки молӣ кунанд.
Мастура Тӯраева.
Мастура Тӯраева.


Ба гуфтаи волидонаш Мақсадҷон Тӯраев соли 2008 донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро бо дипломи сурх хатм кардааст. Соли 2010 ба Академияи илмҳои тибби Русия (Российская Академия медицинских наук) дохил шуда онро ҳам хатм кардааст. Аз тобистони соли 2013 ба бемории гурда гирифтор шудаааст. Ҳамакнун барои табдили гурда, падараш Маъмур Тӯраев барои писараш донор аст ва рӯзи 2-уми апрел Маъмур Тӯраев як гурдаи худро ба писараш «тӯҳфа» мекунад.

Барои кӯмак Мастура Тӯраева суратҳисоби бонкии худро инҷо гузошт, ки хоҳишмандон метавонанд ба ин суратҳисоб барои кӯмак ба ҷарроҳии Мақсадҷон саҳми худро гузранд.
Суратҳисоби бонкии модари Мақсадҷон Тӯраев.
Суратҳисоби бонкии модари Мақсадҷон Тӯраев.

Мастура Тӯраева, модари Мақсадҷон Тӯраев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00
XS
SM
MD
LG