Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот ва ғамхорон ба муҳоҷирон кумак карданд. Оё ба андозаи тавоноӣ?


Муҳоҷирон дар марзи Қазоқистон ва Ӯзбекистон, 19 июни соли 2020

Мақомоти тоҷик гуфтанд дар авҷи пандемияи COVID-19 ба муҳоҷирони корӣ дар Русия миллионҳо рубл кӯмак расондаанд. Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирон дар Русия мегӯян, ки давлат дар чунин давраи мушкил онҳоро танҳо гузошт, агарчӣ пули муҳоҷирон солҳои зиёде иқтисоди кишварро чархондааст.

Ба иллати карантини думоҳа дар ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик манбаи кору даромади худро аз даст дод, бархе гирифтори ин беморӣ шуданд ва бархи дигар бино бар баста будани роҳҳо дар хонаҳои иҷора гушанишин гаштанд. Онҳое буданд, ки аз чунин манзилҳо ва хобгоҳҳо ронда шуда, дар кӯчаву ҷангалҳо зистанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ин вазъ ба сарнавишти шаҳрвандони худ бетаваҷҷуҳ набуданд ва бо ҳар роҳе ба онҳо кумак мерасонданд ва барои таъмини ҳуқуқи онҳо дар ин шароит бо ҳамтоҳои худ дар Русия гуфтӯгу мекарданд.

Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 23-юми июл ба Радиои Озодӣ гуфт: “дар ин давра ба бештар аз бист ҳазор муҳоҷири ниёзманд ба маблағи зиёда аз 12 миллион рубл кумакҳои моливу ғизоӣ расонида шуд. Ҳамчунин табибони тоҷики муқими Русия барои машварату табобат ба муҳоҷирон ҷалб шуданд”.

Аммо Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯяд, ба муҳоҷирон афроди саховатманд кумак карданд. Вай афзуд: "диаспораҳо дар шаҳру ноҳияҳо ҳеҷ коре накарданд. Ман руирост мегуям ки ҳар муҳоҷире ки барои кумак ба онҳо муроҷиат мекард суроғаи моро медоданд. Дар як моҳ 24 тонна маводи хурокаро бригадирҳои бозорҳо тақсим карданд. "Нур" ягона диаспорае буд ки ба муҳоҷирон кумак кард. Танҳо рӯзҳои аввал як бор намояндаҳои хадамоти муҳоҷират дар Русия ба фурудгоҳи Жуковский омаданд. Вақте диданд ки муҳоҷирон асабӣ дигар бо ҳамин дар ҳеҷ куҷо пайдо нашуданд. Фақат метавон гуфт ки намояндагии хадамот дар мавриди ин ки дар кадом шаҳр ҷой ҳаст ва дафн кардани мурдаҳо арзон аст, ба мо кӯмак карда буд. Боқӣ ҳамаро нафарони алоҳида кӯмак карданд ҳам молӣ ва ғизоӣ".

Дар ин давра ҳазорон муҳоҷир дар фурудгоҳу марзҳо банд монд. Онҳое ҳам, ки мехостанд ба Тоҷикистон баргарданд назди сафорати Тоҷикистон дар Русия ҷамъ шуда, аз беадолатӣ, нархи гарони билет ва вуҷуди фасод дар сабтиноми мусофирони парвозҳои чартерӣ нигаронӣ карданд. Даҳҳо нафар дар ин бора ба Радиои Озодӣ наворҳои видеоӣ фиристоданд. Аммо сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторӣ мушкилро ба камии парвозҳо ва зиёд будани хоҳишмандони бозгашт бастагӣ дод. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо назардошти пандемия ба арзон кардани билет иқдом накарданд.

Бозгашти як қисми муҳоҷирони дармонда дар марзи Қазоқистон бо мадади созмонҳои байнулмилалӣ ҷараён гирифт. Аммо дар боз кардани долон аз қаламрави Узбекистон барои бозгашти онҳо нақши дипломатҳо ҳалкунанда шумурда мешавад.

Вазъияте, ки коронавирус ба миён овард ва ноомодагии давлат ба ҳалли мушкилоти зиёди муҳоҷирон дар Русия сабаби коҳиши раванди муҳоҷират низ шудааст. Гулру Ҷабборзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гуфт дар ин давра наздики 800 муҳоҷир ба Тоҷикистон баргардонида шуданд ва аксаран аз Русия. Ва дар шаш моҳи гузашта ҳудуди 130 ҳазор муҳоҷир барои дарёфти кор ватанро тарк карда, раванди ҳиҷрат 57 дарсад коҳиш ёфт. Гулрӯ Ҷабборзода афзуд: “намояндагиҳои Тоҷикистон ҳамеша бо муҳоҷирон тамос доштанд, телефонҳои боварӣ фаъол буд ва ҳамеша ба аксари онҳое ки ба ин ё он диаспораҳо муроҷиат карданд, кумак расонида шуд. Аз чумла бо кумаки намояндагии мо дар Русия ҳудуди 7 миллион рубли русӣ музди меҳнати муҳоҷирон аз тарафи корфармоҳо пардохт гардид”.

Наздик ба як миллион шаҳрванди Тоҷикистон он Русия кор мекунад. Дар ҳоле ки инттиқоли пули онҳо ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст, бозгашти оммавии онҳо шумораи бекоронро дар кишвар бештар мекунад. Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират мегӯяд,дар ин давра аз ҳар даҳ муҳоҷири корӣ шаш нафар аз кору даромад маҳрум шуд. Дар ҳамин ҳол Вазорати меҳнат ва муҳоҷират гуфт, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд як барномаи зиддибуҳрониро таҳия кардааст, ки ба касбомузӣ ва корёбии муҳоҷирони бозгашта кумак хоҳад кард.

Шарҳҳоро бинед (26)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG