Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақбараи 800-сола дар Хуҷандро вайрон мекунанд?


Рӯҳонии шинохта ва олими дин Ҳазрати Бобо Камоли Хуҷандӣ, дар охири асри 11 ва аввали асри 12 дар ҳамин макон зиндагӣ кардааст.
Рӯҳонии шинохта ва олими дин Ҳазрати Бобо Камоли Хуҷандӣ, дар охири асри 11 ва аввали асри 12 дар ҳамин макон зиндагӣ кардааст.

Дар шаҳри Хуҷанд аз вайрон кардани як масҷиду мақбараи қадима нигарон ҳастанд. Мақбараи Ҳазрати Бобо, ки гуфта мешавад, таърихи 800 сола дорад ва масҷиде дар паҳлӯи он сесад сол пеш бунёд шудааст.

Сокинони атрофи он ва дӯстдорони ин ёдгориҳои таърихӣ мегӯянд, ки дар давраи Шӯравӣ ин мавзеъ беэътибор карда шуд ва талошҳои эҳёи он баъд аз истиқлол босамар набуданд. Бо умеди ободии мақбара яке аз пайвандони ин рӯҳонӣ дар он мавзеъ зиндагӣ мекунад ва интизор аст, ки рӯзе ҳамроҳи ҷамоат намоз мегузорад.

Муҳиддин Файзуллоев, таърихшинос ва муҳаққиқи маҳаллаҳои қадимаи шаҳри Хуҷанд, ҳар дафъа ба атрофи масҷиди қадимаи Ҳазрати Бобо меояд ва аз ҳоли харобаш дареғ мехӯрад. Вай дар бораи ҳифзи ёдгориҳои таърихии шаҳри Хуҷанд ҳанӯз 50 сол пеш рисола навишта, ҳокимонро огоҳ кардааст, ки бояд ин мавзеъ дубора эёҳ гардад. Аммо то ҳанӯз ба ин муроди хеш нарасидааст.

Муҳиддин Файзуллоев, таърихшинос, мардумшинос: “Ман ба он шахсоне дар ҳайрат мемонам, ки чунин ҷойҳои муқаддаси моро зери по мекунанд. Намехоҳанд онро ҳифз кунанду фаҳманд. Онҳо ҳам айбдор нестанд, зеро дар давраи тӯлонии солҳои Шӯравӣ муқаддасоти миллии ҳар як миллатро барҳам доданд. Дар Русия калисоҳо ва дар мо масҷидҳоро.”

Рӯҳонии шинохта ва олими дин Ҳазрати Бобо Камоли Хуҷандӣ, дар охири асри 11 ва аввали асри 12 дар ҳамин макон зиндагӣ кардааст. Масҷиду Мақбараи Ҳазрати Бобо дар асри 13 сохта, аввалин намози ҷамоат дар инҷо, бино ба ривоятҳо, ҳанӯз 850 сол пеш хонда шудааст. Аммо масҷиди васеъ дар садаи 18 бунёд гардидааст. Дар паҳлӯи масҷид кулбае ҳаст, ки яке аз авлодони ин шахсияти рӯҳонӣ зиндагӣ мекунад.

Алихон Охундзода, имоми масҷиди Ҳазрати Бобо: “Ҳазрати Бобо худашон 16-ум пушти пайғамбарамон ҳастанд. Ин дар китоб омадааст. Дар шаҷараномаашон ҳамин хел навишта шудааст. Тавассути Имом Ҳусайн шаҷараашон омадааст. Имом Ҳусайн хонадор шуда авлодашон то ба Ҳазрати Бобо 16-ум пушт аст. Ман ба Ҳазрати Бобо 25-ум пушт ҳастам.”

Вазъи ногувори масҷиди таърихии Ҳазрати Бобо-Камоли Хуҷандӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:25 0:00

Алихон Охундзодаи 95-сола чанд сол дар ин масҷид имоматӣ кардааст, вале ҳоло ин меросро ба писараш додааст.

Алихон Охундзода, Имоми масҷиди Ҳазрати Бобо: “Охирин бор соли 1929 дар ин масҷид намози пешинро хондаанд. Ман аксашро дидаам, ҳама салла баста буд. Баъди он губернатор намозхониро дар ин масҷид манъ кардааст. Ҷойи масҷид қисми ҳарбӣ шудааст. Вақте манро ба инҷо оварда монданд, сеякашро таъмир карда 10 сол намоз хондем.”

Гурӯҳе аз зиёиён ва мардумшиносон соли гузашта дар номаи расмӣ ба мақомот хоҳони эҳёи дигарбораи ин масҷид шудаанд. Бархе аз расонаҳои давлативу мустақил ҳанӯз ду сол пеш хабар дода буданд, ки тармими ин мавзеи таърихӣ шурӯъ мешавад, вале то ҳанӯз дар инҷо корҳои сохтмонӣ ба мушоҳида намерасанд. Як манбаъ аз идораи меъмории вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тарҳи бозсозӣ дар ҳоли баррасист ва он бояд имсол рӯи кор ояд.

Алихон Охундзода, Имоми масҷиди Ҳазрати Бобо: “Инҷо бояд масҷиди ҷомеъ шавад. Чунки дар ин гирду атроф хонаҳои зиёд шуда истодааст. Ҳамаи онҳо ба инҷо барои намозхонӣ меоянд.”

Муҳиддин Файзуллоев, таърихшинос, мардумшинос: “Одамон фахр мекунанд, барои дар ин ё он тараф рафта намоз хонда омадан. Мо дар назди худамон ҷойҳои муқаддас ҳаст, ки онҳоро мекофтанду меомаданд. Ман дар Осорхонаи вилоятӣ ҳам кор кардаам, хориҷиёни мусалмон омада аз ман чунин ҷойҳоро пурсон мешуданд, ман бурда нишон додаам.”

Моҳи январи соли 2018 масъулони созмони ЮНЕСКО Муассисаи Илм ва Фарҳанги Созмони Милал бо Раҷаб Аҳмадзода раиси вилояти Суғд мулоқот ороста, аз ин мазор ва масҷиди қадима дидан карданд. Дар он сол мутахассисони ЮНЕСКО се макони таърихӣ дар шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла ёдгории Ҳазрати Бобо Камоли Хуҷандиро сабт карда, барои дубора эҳё кардану обод намудани ин мавзеъ сӯҳбат намудаанд.

Вале аз он, ки дар атрофи ин ёдгории таърихӣ биноҳои баланди истиқоматӣ зиёд шудаанду ҳоли онро танг кардаанд, сокинони атрофро нигарон сохтааст. Таърихшиносон мегӯянд, набояд ин мавзеъ танг карда шавад, зеро баъди ободонӣ ин макон метавонад як ҷойи сайёҳӣ низ гардад.

XS
SM
MD
LG