Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафтаи аввали "саҳархезӣ"-и донишҷӯён


Аз як ҳафта ба ин тараф машғулиятҳо дар донишгоҳҳои Тоҷикистон аз соати 7:30 шурӯъ мешаванд. Бархе аз донишҷӯён ҳоло аз ин тағйир чандон розӣ нестанд, аммо масъулон исрор доранд, ки ин як тасмими дуруст аст.

Бо дархости шаҳрдории Душанбе ва мувофиқати ҳукумати Тоҷикистон, аз 16-уми ноябр ба ин тараф дар донишгоҳҳои кишвар машғулиятҳои таълимӣ сар аз соати 7:30 оғоз мешаванд. Дарсҳо дар донишгоҳҳои кишвар қаблан соати 8:00 оғоз мешуд. Ҳадаф аз ин тағйирот пешгирӣ аз тамбашавӣ ва ё пробкаи мошинҳо дар ҷодаҳои пойтахт гуфта мешавад.

Аммо ҳоло бо гузашти як ҳафта, бархе аз донишҷуён аз ин тағйирот чандон розӣ нестанд. Даврон Салимов, як донишҷӯ 20-уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "мо вақте аз хоб мехезем, соат 06:00 аст ва ҳаво торик мебошад. Мо наметавонем дар ин соат ба роҳ бароем, чунки рӯзҳои зимистон бисёр ҳам кӯтоҳ аст. Аз ин сабаб то омода шудану наҳори карданамон, аллакай соат ба нимаи ҳафт расида, мо ба дарс дер мемонем. Ин танҳо як тарафи масъала аст".

Аммо Абдумаҷид Қурбонов, устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айни мутмаин аст, ки ин як тасмими дуруст аст ва донишҷӯён тибқи он ба дарсҳо ҳозир мешаванд. Ӯ мегӯяд, "ин фармони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар амал ҷорӣ шуда истодааст, махсусан дар донишгоҳи мо ин фармонро иҷро намуда ва донишҷӯён инро хуш қабул карданд".

Ҳадафи аслии тағйир додани соатҳои дарсӣ дар донишгоҳҳо, пешгирӣ аз тамбашавӣ дар роҳҳо унвон шуда буд, аммо аксари ронандагон ҳам мегӯянд, ки ҳоло ҳам ҳеҷ беҳбудиро дар ин самт мушоҳида намекунанд.

Назари сокинону донишҷӯёнро дар ин робита ин навори видеоӣ бештар шарҳ медиҳад:

Донишҷӯён дар мавриди тағйири низоми дарсӣ чӣ мегӯянд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

XS
SM
MD
LG