Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайкараҳои "ноошно"-и боғи "Парчами миллӣ"


Наздики 15 пайкарае, ки чеҳраҳои ашхоси таърихии тоҷиконро таҷассум мекунад, барои аксари мардуме, ки дар боғи «Парчами Милли»-и пойтахт сайругашт мекунанд, ноошно боқӣ мемонад.

Дар пояи ҳеҷ кадоме аз ин пайкараҳо кӣ ва чигуна шахсият будани ин чеҳраҳо навишта нашудааст. Ҳарчанд ин нукта дар назари аввал оддӣ менамояд, аммо мардумеро, ки инҷо сайругашт мекунанд, нороҳат ҳам мекунад. Ҳангоми сайругашт дар ин боғ хабарнигорони "Озодӣ" бо роҳбаладоне ҳам рӯбарӯ шуданд, ки дар амри муаррифии ин ё он муҷҷассама барои меҳмонҳо мушкил доштанд.

Боғи Парчами Миллии шаҳри Душанбе, ки ду сол қабл дар солгарди 20-уми истиқлоли Тоҷикистон ва бо сарфи даҳҳо миллион доллар бунёд шуд, феълан ба як макони истироҳат ва сайругашти сокинон ва меҳмонони пойтахт табдил шудааст. Ин макон бахусус дар сооти шомгоҳӣ пуродам аст.

Дар ин боғ парчами миллии Тоҷикистон бо 165 метр мила, ки баландтарин дар дунё шинохта шудааст, расман рӯзи 9-уми сентябри соли 2011, дар ҷараёни ҷашни 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон барафрохта шуд. Дар паҳлӯи рости он бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон қомат афрохтааст.

Пайдо кардани раҳнамоҳо бо аксҳо ва муаррифиномаҳои ҳар яке аз ин пайкараҳо, тавре ки дар аксари шаҳрҳои сайёҳии дунё маъмул аст, дар Душанбе корест имконнопазир.

Амалан майдони пайкараҳои боғи "Парчами миллӣ" дар пойтахти Тоҷикистон тарҳе шабеҳи "Майдони қаҳрамонон"-и Будапешт, пойтахти Маҷористон аст. Дар он майдон муҷассамаҳои қариб 100 шахсияти таъсиргузор дар таърихи мардуми маҷорро гузоштаанд ва ҳоло ин макон ба як макони асосии таҷаммӯъи сайёҳони хориҷӣ табдил ёфтааст.

Вале тавре аз мушоҳидаҳои хабарнигорони Озодӣ бармеояд, Душанберо барои расидан то чунин сатҳ ҳанӯз роҳи тӯлоние дар пеш аст.

Саҳнаҳои гаштугузори сокинон ва назари онҳо дар мавриди пайкараҳои боғи "Парчами миллӣ" дар навори видеоии «Озодӣ» тақдими шумо мешавад.

Пайкараҳои "ноошно"-и боғи "Парчами миллӣ"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00
XS
SM
MD
LG