Пайвандҳои дастрасӣ

Қазияи заҳролудшавӣ: падар ҳам даргузашт


Ноҳияи Ҳамадонӣ

Падари хонаводае дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, ки се моҳи пеш ду фарзандашро дафн карда буд, рузи 9-уми сентябр даргузашт.

Кӣ мехоҳад фарзанд ва ё шавҳару худашро ҳамроҳи кудаконаш кушад? Аз рӯзе, ки ба ин ҳол гирифтор шудаам, кӯдаконамро надидам ва ҳатто аз марги шавҳарам нав огоҳ шудам

Табибон дар хулосаҳои аввалияи худ сабаби фавти падари шаш фарзандро заҳролудшавӣ гуфтанд. Мақомот баъди таҳқиқи ҳодиса ва ташхис муайян кардаанд, ки Қурбоналӣ Нуралиеви 38-сола аз истеъмоли як навъи заҳре, ки бештар дар пахтазор истифода мешавад, даргузашт. Моҳи июл дар ҳамин хона Моҳинави шаш ва Басгули сесола ҳам ҷон доданд.

Дар оғоз тахмин зада шуд, ки Мавлуда Одиловаи 36-сола, модари кӯдакон мехост қасди ҷони худ ва фарзандонаш кунад ва бо ҳамин сабаб гӯё ба ғизову об заҳр меандохт. Аммо мақомот мегӯянд, чунин хулоса кардан барвақт аст.

Баъди марги падари онҳо Қурбоналӣ Нуралиев, додситонии ноҳияи Ҳамадонӣ тафтиши ин парвандаро аз сар гирифт. Як манбаъ дар додситонии ноҳия ба Радиои Озодӣ рӯзи 12 сентябр гуфт, ки ҳамаи паҳлуҳои ин қазияро санҷида баъдан хабар медиҳанд, ки дар ин ҳодиса кӣ гунаҳгор аст ва чаро ба ин кор даст задааст. Дар ҳоле, ки тафтишот ҳанӯз намехоҳад хулосаҳои осемасарона барорад, наздикони Қурбоналӣ Нуралиев аз замони даргузашти ду тифли ин хонадон дар моҳи июн ангушти иттиҳомро ба ҳамсари ин мард баланд кардаанд.

"Ҷигараш тамом шуда буд"

Онҳо бовар доранд, ки Мавлуда Одилова – ҳамсари Қурбоналӣ Нуралиев хонаводаро кам-кам заҳролуд мекард ва гӯё дар бозпурсиҳои аввалия ба гуноҳаш иқрор шудааст. Шарифа Нуралиева, хоҳари Қурбоналӣ Нуралиев рӯзи чоршанбеи 12 сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пои бародараш аз бемористон канда набуд.

Тифли якунимсолаи Нуралиевҳо дар бистари бемории ноҳияи Ҳамадонӣ. Акс аз 3 июли соли ҷорӣ
Тифли якунимсолаи Нуралиевҳо дар бистари бемории ноҳияи Ҳамадонӣ. Акс аз 3 июли соли ҷорӣ

Як дафъа ӯро барои ташхис ба беморхонаи “Қарияи Боло”-и шаҳри Дашанбе бурданд ва дар онҷо табибон гӯё ба ӯ гуфтаанд, ки ҷигараш аз заҳр зарар дидааст.

“Ҳамсари бародарам ба ӯ заҳр дод, вале то ҳол ҳамсараш гуноҳро ба гардан намегирад. Бародарам баъди ин ҳодиса доим бемор мешуд. Ташхис карда гуфтанд, ба ҷигараш зарар кардааст ва эҳтимол ҳафт моҳи дигар зинда монад, аммо ҳафт моҳ ҳам накашид ва дар моҳи сеюм даргузашт”, - гуфт мусоҳиби мо.

Фавти Қурбоналӣ Нуралиев дар ҳолест, ки ӯ низ моҳи июл дар як суҳбаташ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар ин ҳодиса Мавлуда - модари кӯдаконашро гумонбар медонанд. Ӯ рӯзи 3-юми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки писари якунимсолааш низ ҳамон вақт дар бемористон буд ва табибон барои наҷоти ҷони ӯ талош доранд.

Табиб гуфт, пои Нуралиев аз бемористон канда набуд

Нуралиев он вақт иддао карда буд, ки дар маҷмӯъ чанд узви оилаи онҳо, бо шумули хоҳару хоҳарзодаҳояш, баъди тановули ғизо ва ҳасиб заҳролуд шуда, муолиҷа гирифтаанд. Ҷӯрахон Малиқоев, сардухтури бемористони ноҳияи Ҳамадонӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки Қурбоналӣ Нуралиев пайваста ба бемористон муроҷиат мекард.

Ба гуфтаи табиб, чанд рӯз пеш дар бемористон бистарӣ шуда буд ва шаби 9-уми сентябр ҳолаташ вазнин шуд ва дигар аз ин ҳолат бароварда нашуд. Дар ҳоле, ки се узви як оила дар фосилаи се моҳ ҷон медиҳад, вазъи саломатии як духтарашон ҳам ногувор арзёбӣ мешавад.

Худи хонум Мавлуда Одилова, ки аз ҷониби хешовандони шавҳараш дар заҳролудкунии онҳо гумонбар мешавад, дар дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки хабари даргузашти ҳамсарашро ду рӯз баъди маргаш шунид. Мавлуда гуфт, ки худро гунаҳгор намеҳисобад ва ҳарчанд гуноҳро ба гардани ӯ бор мекунанд, ӯ ин корро накардааст. Ӯ гуфт, наметавонист қасди ҷони фарзандонаш кунад.

Мавлуда Одилова: Ҳоли худам ҳам хуб нест

Баъди ин ҳодисаҳо худи ӯ дар хонаи модар дар ҷамоати Даштигуло зиндагӣ мекунад, бо фарзандонаш дидор накардааст ва дар як ҳолати ногувор қарор дорад. Ӯ гуфт: “Кӣ мехоҳад фарзанд ва ё шавҳару худашро ҳамроҳи кудаконаш кушад? Аз рӯзе, ки ба ин ҳол гирифтор шудаам, кӯдаконамро надидам ва ҳатто аз марги шавҳарам нав огоҳ шудам. Лекин дар аввал маро маҷбур карданд, ки ин корро ба гардан гирам. Гуфтанд, кӯдаки хурд дорам ва аз ҷавобгарӣ озод мешавам. Аммо имрӯз шавҳарам ва ду кӯдакам фавтиданд. Ҳолам хуб нест”, - гуфт Мавлуда.

Хонум Мавлуда гуфт, ки аз замони марги ду фарзандаш дигар шавҳараш нагузошт, ки ба кӯдаконаш наздик шавад. Фарзандони ӯ, ки хурдтаринаш яксолаю ҳаштмоҳа ва калонтаринаш хонандаи синфи 8 аст, баъди фоҷеаи аввал дар хона бо падар буданд. Ба гуфтани ин зан, шавҳараш ӯро ба фарзандон наздик шудан намемонд ва ҳоло эҳтимолан дар хонаи бобову бибии падариашон мебошанд.

Ҳодисае, ки ҳақиқати онро бояд тафтишот ва додгоҳ муайян кунад, то ҳанӯз суолҳои зиёди беҷавоб дорад. Яке аз ин норӯшаниҳо марбут ба иттиҳоми заҳролудкунии аъзои оила мебошад. Ба як саволи Радиои Озодӣ Мавлуда Одилова гуфт, ки бо ҳамсараш зиндагии осуда надошт ва аз ҷониби ҳамсараш пайваста азият мешуд. Иттиҳоме, ки санҷидани он баъди марги ҳамсар душвор мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG