Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Устухонҳои мамонт дар Қиғизистон пайдо шуданд?


Устухонҳои эҳтимолан мамонт - ҷонвари азимҷуссаи қадимӣ дар як рустое дар Қирғизистон пайдо шудаанд.

Дар деҳаи Отрадное вилояти Иссиқкӯл дар наздикии дарёи Жергалан эҳтимолан боқимондаҳои мамонт ёфт шудааст.

Дар ин бора ба бахши қирғизии Озодӣ дар маркази матбуотии ҳукумати Иссиқкӯл хабар доданд.

Тибқи иттилои ин манбаъ, дар ҷараёни ҳафриёт қисмати болоии сар ва дандонҳои ашки ин ҳайвон ошкор карда шудаанд. Дар маҳалли ошкор шудани боқимондаҳои ҳайвони қадимӣ аз ҳисоби маъмурони милитсия посбонҳо ва девор гузошта шудааст. Ташрифи олимон аз Академияи миллии илмҳо дар назар аст.

Устухонҳои ҳайвони қадимиро сокинони маҳаллӣ 10 март ошкор кардаанд.

Тафсилот нашр мешавад

XS
SM
MD
LG