Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбусоне, ки кормандони зиндонро дар Русия гаргавон гирифта буданд, кушта шудаанд


Акси як зиндони Русия
Акси як зиндони Русия

Ду корманди зиндони рақами 1-и Ростови лаби Дони Русия, ки аз ҷониби чанд зиндонӣ гаравгон гирифта шуда буданд, озод шудаанд.

Субҳи рӯзи 16-уми июн шаш зиндонӣ, ки бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи тундрави ДОИШ дар зиндон нигаҳдорӣ мешуданд, кормандони ин муассисаро гаравгон гирифта буданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки зиндониён талаб мекарданд, ба онҳо силоҳу мошин диҳанд ва роҳашонро барои берун шудан аз зиндон боз кунанд. Дар навор дида мешуд, ки онҳо корд доранд.

Идораи зиндонҳои Русия нисфирӯзӣ хабар дод, ки дар амалиёте ду корманди зиндон озод ва зиндониҳо кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG