Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳарими султон" баргашт, вале бо як Хуррами дигар


Баъди беш аз 4 моҳи танаффус мавсими нав ва инак чорум сериали маъруфи туркии « Ҳарими султон» шурӯъ шуд.

Истеъдодҳои интернетӣ алакай тавонистаанд серияи 105-уми ин филмро ба русӣ баргардон кардаву дар Интернет гузоранд. «Ҳарими султон» рӯйдодҳои замони султон Сулаймон, султони даҳуми усмониро, ки дар асри 16 тайи 46 сол подшоҳӣ кардааст, ба риштаи тасвир медарорад ва бештар аз зовияи таҳаввулоте, ки дар ҳарами султон мегузаранд.

Меҳвари филм, албатта, муҳаббати бемислест, ки Сулаймон ба канизи собиқи ба гуфтае русу ба гуфтаи украинитабораш Хуррам дорад ва барои ин ишқи осмонӣ омода аст, ҳатто амният ва бақои салтанаташро зери хатар гузоштаву аз тамоми гуноҳҳои ӯ бигзарад

"Асри мӯҳташам"-и "Сулаймони мӯҳташам"

Наққошие аз султон Сулаймон
Наққошие аз султон Сулаймон
Айёми подшоҳии Сулаймон аз дурахштонтарин саҳифаи таърихи салтанат ва баъдан хилофати усмониҳост, ки дар он даврон қаламрави бузурге аз Туркияи кунуниву тамоми кишварҳои арабӣ, бо шумули Африқои шимолӣ то марзи Марокашро фаро мегирифт ва дар шимол то ба нимҷазираи Қриму Молдоваву Бесаррабияву Қафқоз ва дар Ғарб нимқораи Балкану Юнон, Маҷористон ва ҳатто қисмате аз Австрияро фаро мегирифт. Ба ин далел, он давронро муаррихони ғарбӣ ҳамчун «Асри мӯҳташам» ва худи Сулаймонро «Сулаймони Мӯҳташам» лақаб додаанд ва сериали «Ҳарими султон» дар фарзияи туркиаш низ «Muhteşem Yüzyıl» ва дар фарзияи русиаш «'Великолепный век» ном дорад.

Аз наворҳои таблиғии мавсими нави «Ҳарими султон» бархе хатҳои сужааш рӯшан мешавад. Хуррам аз бозгашташ чандон хуш нест, зеро фарзандаш Меҳметро куштанд ва худи ӯ ҳам пир шудааст. Аммо Сулаймон аз бозгашти ӯ хеле шод аст. Салимро ба ивази Меҳмет ба симати волии Маниса мефиристанд. Боязид, ки аз ҳама қарздор шудааст, аз ин қарори падараш ба хашм афтода, бо модараш дармеафтад. Хуррам ҳамчунон чоҳ кандан дар зери пои Мустафоро идома медиҳад, бехабар аз он ки фарзандони зхудаш – Боязиду Салим – тайёранд гулӯи ҳамдигарро бидаронанд. Сӯъиқасди навбатии Хуррам алайҳи Мустафо низ натиҷа намедиҳад ва ба ҷои валиаҳд канизи ӯро мекушанд. Мустафо ба Хуррам эълони ҷанг мекунад ва субҳе Хуррам вақте аз хоб бармехезад, дар бистараш қуттиеро мебинад. Бо ин гумон ки дар дохили қуттӣ тӯҳфаи султон аст, онро мекушояд ва каждуми заҳрнешеро дар рӯбарӯи худ мебинад…

Муаллифони сериал аз ифшори асрори бештари ончӣ ки бо қаҳрамонҳояш хоҳад гузашт, албатта, худдорӣ мекунанд. Вале ин 4 моҳе ки «Ҳарими султон» пахш намешуд, боз ҳам ҳаводисе ки дар атрофи он мегузашт, тавонист ҳушу ёди мухлисонашро андармон нигоҳ бидорад.

На он Хуррам ин Хуррам...

Марям Узерлӣ дар нақши Хуррам
Марям Узерлӣ дар нақши Хуррам
Як интригаи асосӣ ин буд, ки оё Марям Узерлӣ дар мавсими нав бармегардад ё на? Қарори маълум, ин ҳунарманди турктабори зодаи Олмон, ки нақши Хуррамро бозӣ мекард, дар серияи 100-умаш ғайб зад. Муаллифони филмнома сужаро чунин идома доданд, ки Хуррамро гӯё рабудаанд, вале зуд маълум шуд, ки байни Марям Узерлӣ ва коргардонҳову продюсерҳои сериал пишаки сиёҳ гузаштааст ва ӯ аз идомаи ҳамкорӣ бо созандаи «Ҳарими султон» - ширкати Tims production даст кашида ва ба Олмон баргаштааст.

Дар лаҳзаҳои охирини серияи ниҳоии мавсими сеюми сериал дар нақши Хуррам ҳунарпешаи нав Воҳида Гӯрдум(ҳоло баъди ҷудоияш аз шавҳар – Воҳида Парчин) пайдо шуд. Мухлисони сериал аммо Хуррами навро напазируфтанд ва хеле башиддат баргардондани Марям Узерлиро талаб доштанд. Ба ҳадде ки садҳо нафар бо ин шиор дар назди маҳалли банаворгирии “Ҳарими султон” тазоҳуроте низ барпо карданд. Аммо Марям Узерлӣ ахиран мухлисонашро хабардор кард, ки мунтазири фарзанд аст ва ҳатто маълум кардааст, ки духтар таваллуд мекунад. Ин хабар умеди мухлисон ба бозгашти Хуррами “аслӣ”-ро ба бод дод.

Воҳида Парчин дар нақши Хуррам
Воҳида Парчин дар нақши Хуррам
Аз тарафи дигар, созандагони сериал бо ҳар роҳе талош доранд, меҳри Хуррами “нав”-ро дар дили мухлисон ҷо кунанд, чунки баъди рафтани Марям Узерлӣ рейтинги “Ҳарими султон” башиддат пойин рафтааст. Аз ҷумла ба ин нукта таъкид мешавад, ки Воҳида Парчин то бастани қарордод бо “Ҳарими султон” ҳам ситораи синамои Туркия буд ва тоза нақши асосӣ дар сериали низ пурмухлиси “Merhaba Hayat”-ро тамом кардааст. Нуктаи дигаре, ки барои ҷалби ҳаводорон рӯяш таъкид мешавад, ин аст, ки Воҳида тоза дар набард бо саратони сина дастболо шудааст ва дар овони маризӣ аз нашри аксҳояш, ки дар он комилан бемӯй зоҳир мешуд, ор намекард.

Ширкати "Султон Сулаймон" дар эътирозҳои Истамбул

Дар нақши Сулаймон дар мавсими нав ҳамчунон Холид Эргенҷ бозӣ хоҳад кард. Холид Эргенҷ дар таътиле ки байни ду мавими “Ҳарими султон” дошт, чанд дафъа дар раҳпаймоиҳои эътирозии зидди давлати Раҷаб Таййиб Эрдуғон зоҳир шуд. Талаби асосии ин эътирозҳо ҳифзи боғи қадимае дар маркази Истамбул буд. Ин боғ иттифоқан яке аз маҳаллҳои наворгирии сериали “Ҳарими султон” аст.

Дар ҳамин фосилаи байни ду мавсими “Ҳарими султон” Нур Фаттоҳуғлу, ки нақши Моҳидавронро бозӣ мекунад, ба як соҳибкори турк издивоҷ кард. Аммо Тунҷел Куртиз, ки нақши Абӯсуъуд-афандӣ - қозии пиру хирадманди Истамбулро бозӣ мекард ва мухлисони зиёде пайдо карда буд, дар остонаи шурӯъи мавсими ҷадид – рӯзи 28 сентябр, аз дунё гузашт. Ва муаллифони филмнома бояд акнун ё нафареро ба ҷои ӯ пайдо кунанд ваё хатти сужаро чунон тоб диҳанд, ки барои мисол, Абӯсуъудро ба маъмурияти фиристодаанд ва ӯ дигар дар Истамбул нест.

Салим, писари Сулаймон дар мавсими нав марди баркамол аст
Салим, писари Сулаймон дар мавсими нав марди баркамол аст
“Ҳарими султон” яке аз пурхарҷтарин, пурбаҳстарин ва дар айни замон аз пуртамошобинтарин сериалҳои туркист, ки ҳоло дар саросари ҷаҳон харидори зиёд доранд. Мавсимҳои қаблии ин сериал дар беш аз 50 кишвари дунё намоиш дода мешавад. Дар Озарбойҷон ҳатто чанд кинотеатр махсус барои нашри ҳамин сериал амал мекунанд. Ширкати фаннии Electronic Action ҳоло дар садади сохтани як бозии компутарӣ бар пояи сужаи сериали “Ҳарими султон” будааст.

70 000 шикоят аз як сериал

Дар айни замон, Шӯрои олии радио ва телевизиони Туркия мегӯяд, дар робита ба “Ҳарими султон” беш аз 70 000 шикоят гирифтааст, ки мегӯянд, ин филм воқеъиятҳои таърихиро таҳриф мекунад. Сарвазири Туркия Раҷаб Эрдуғон низ чандин бор “Ҳарими султон”-ро ба боди танқид кашида, гуфтааст, ки ин филм “таърихи Туркияро ба насли ҷавон бо рангҳои манфӣ нишон медиҳад.”

Як мояи интиқодоти Эрдуғон ва бақия аз “Ҳарими султон” ин аст, ки муаллифон ба ҳаводиси як бахши муҳими таърихи Туркияи усмонӣ аз зовияи сокинони ҳарами Султон нигоҳ кардаанд ва чунин тасаввуреро талқин мекунанд, ки нақши асосиро дар таҳаввулоти муҳими он даврон тавтеъаҳои чанд зани сокини ҳарам бозӣ мекард. Воқеъияти таърих, ба ақидаи мунтақидони “Ҳарими султон”, хеле фарқ мекард. Аммо муаллифони сериал мегӯянд, ки ин асари илмӣ нест ва ҳадафи онҳо ҳам инъикоси воқеъияти он даврон набуд, балки бедор кардани таваҷҷӯҳи мардум ба гузаштаи фаромӯшшудааш буд ва “Ҳарими султон” ба ин ҳадаф ноил шудааст.
XS
SM
MD
LG