Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Луқмон Бойматов. Пешниҳод мекунам Рӯзи Миллии тоҷикон таъсис дода шавад


Луқмон Бойматов, таърихнигори тоҷик

Луқмон Бойматов, таърихнигори тоҷик

Ҳар қавму миллате Рӯзи миллии худро дорад, ки ба сарнавиштсозтарин рӯйдоди таърихи он асос меёбад. Барои намуна, шведҳо 6 июнро ҳамчун Рӯзи миллии худ ҷашн мегиранд, чун бунёдгузори ин кишвар Густав Вес 6 июни соли 1523 подшоҳи ин сарзамин интихоб шудааст.

  • Ҷопониҳо 11 февралро Рӯзи миллии бунёди Кенкоку меноманд. Дар ин рӯз, дар соли 660 нахустин императори Ҷопон Ҷимму ба тахт нишастааст.
  • Мардуми Канада 1 июл ба хиёбонҳо мерезад, то Рӯзи Канадро таҷлил намояд.
  • 14 май барои гурҷиҳо Рӯзи миллист ва ба давраи ҳукмронии малика Тамара рабт мегирад.

Гоҳе чунин ҷашнҳо аз маҳдудаи марзҳои сиёсии имрӯза берун мераванд. Чунончӣ, ирлондиҳо Рӯзи Потрики Муқаддасро на танҳо дар Ирлонд, балки ҳамчунин ИМА, Канада, Аргентина, Австралия ҷашн мегиранд. Онҳо бесаброна 17 мартро мунтазир мешаванд. Яҳудиён низ дар саросари дунё дар моҳи август Рӯзи миллии сӯгвории худро доранд, ки ба воқеаҳои соли 422 то милод бармегардад. Яъне тахриби ибодатгоҳҳои бузурги онҳо дар Иерусалим аз тарафи бобулиҳо ва сипас румиҳо ҳамчун сароғози фоҷиаи бузурги миллии яҳудиён.

Халқҳо ва давлатҳое, ки "Рӯзи миллӣ”-и худро" ҷашн мегиранд, хуб медонанд, ки ҷашнгирии онҳо дар ҳақиқат нишонаи ваҳдати онҳост. Аз ин рӯ, муҳимтарин рӯйдодҳои таърихиву сиёсие, ки ба раванди таърихии кишварҳо ва сарнавишти халқҳо таъсири амиқ доштанд, аз ҷониби мардуми ин кишварҳо рӯзи ягонагӣ, осоиш ва баракат шумурда мешаванд.

Пешниҳоди ман ин аст, ки 21 август - рӯзи тахтнишинии абармарди таърих амир Исмоили Сомониро ба унвони «Рӯзи миллӣ» пазируфта ва ҳамасола барои миллат ва ба якдигар шодбош гӯем! Он чӣ, ки амир Исмоили Сомонӣ дар таърих ва лавҳи тақдири миллати тоҷик ба наҳви бесобиқа анҷом дод, мавориди зайл аст:Ин амири зираку оқил Бухорои парешонро нахуст назм бахшид, сипас онро пойтахти аморати худ сохт. Озод намудани бухориён аз додани хироҷ ҷиҳати таъмиру тармими деворҳои шаҳр гӯётарин намуна аз тадбирандешиҳои ин амири мудаббиру кордон аст. Вуҷуди ӯ дар Бухоро худ пойдортарин девори қалби аморат буд. Огоҳона арзи мондагори худро барои таърих фармуд: «То ман зинда бошам, боруи вилояти Бухоро ман бошам».

Амир Исмоили Сомонӣ на танҳо боруи устувори Бухорои он рӯзгор буд, балки тадобираш табдил ба сангҳои устувор барои пойдевори ҳувияти таърихии миллат шуданд, ки бо гузашти даҳҳо аср ҳеҷ қудрате ва ҳеч ҳамлае наметавонад онро таккон бидиҳад. Ободонии кишвар рукни бисёр муҳимми сиёсати ин амир будааст.

Амир Исмоили Сомонӣ шоҳи соҳибраъйе буд, ки сарзамини васеъи Хуросони Бузургро эҳёву таҷаддуд бахшид. Агарчӣ , сарзаминҳое, чун Систону Кирмон, Ҷурҷону Дайлам, Табаристону Гилон, Қумису Рай ва Қазвину Абҳар, Занҷону Дамованд низ тобеъи Аморати Бухорои он рӯзгор шуданд, вале замони ҳукумати ин амири қудратманд ва музаффарро метавон «самои рӯҳи миллии хуросониён» дар таърих номид, зеро ки паймоне, ки ӯ бо хулафои Аббосӣ баста буд, ба маънии таъмини истиқлоли воқеъии хуросониён буд. Исмоили Сомонӣ бунёдгузор ва ҳомии ҳақиқии истиқлоли Хуросони Бузург аст. Даврони аморати ӯ ба маънии оғози асри бартарии фарҳангӣ, шукуфоии маорифи исломӣ ва эҳёи суннатҳои миллии хуросониёни куҳан дар таърихи даврони баъд аз ислом аст. Ӯ илҳомбахши воқеъӣ ва муассиртарин нирӯи ислоҳталаби таърихи давраи «Асри заррини эрониён» буд, ки худ муҳимтарин бахш аз таърихи «Асри тиллоии исломӣ» маҳсуб мешавад.

Решаҳои азимтарин таҳаввулоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии форсизабонони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистону Эрони имрӯз аз оби маорифи амир Исмоил ва Оли Сомонӣ шодобанд.

Бузургони илму дониш ва муаррихину нависандагон исми ӯро бо алқоби «Амири мозӣ» ва ё «Амири одил» зикр кардаанд, зеро ки адолат асли пиндораш ва кирдораш бар пояи ростиву дурустӣ буданд. Сурат ва сираташ яке буда ва дар ҳамаи масоили зиндагӣ камоли адлу инсофро ба кор мебаст. Ӯ машҳуртарин шаҳриёри додрас дар таърихи баъд аз исломи Хуросон мебошад, ки ҳамеша ҳуқуқи раъоёро ба ҳаққи ҳокимон тарҷеҳ медода ва нектарин усули зиндагӣ, яъне «ҳар фарёдеро фарёдрасе ва ҳар бедодро додгаре ҳаст»-ро дар ҷомеъа амалӣ намудааст.

Амир Исмоил наҷибзода ва бениёзу сӯфидиле буд, ки ҷалолу ҳашамати подшоҳӣ барояш бегона ва таъмини рифоҳи мардум ва ободонии кишвараш аслитарин аҳдофи сиёсату ҳукуматаш маҳсуб мешуд. Ба гуфтаи муаррихе, ин «подшоҳи бузургу нексиришт ва соҳиби маноқибу маҳосин бисёр ва осори хубу аъмоли шигифтангез» аз худ нишон дода ва сояи адолаташ сарсари Хуросонро фаро гирифта. Бузургтарин хидмати ӯ ин буд, ки нагзошт то афроди фосид даст ба қудрат пайдо кунанд. Ранҷҳои ин шоҳи дурандеши Бухорои куҳан ҳаргиз кӯчаку ночиз набуданд, зеро, ки зеҳни бузурги ӯ пеш аз ҳама машғули таъмини бахту саъодати мардуми хеш буд…

Рӯзгор ҳукми шароит мекунад. Миллат шуданро аз миллатҳои муваффақи дунё биёмӯзем! Миллатҳое, ки комёбу саъодатманд шуданд, таваққӯъ бар ҳукуматҳояшон надоштанд. Ҳар чиро, ки хостанд ва миллӣ карданд, натоиҷи кӯшиш ва худҷӯшии худ миллатҳо буд. Ҳукуматҳо маҷбур буданд, он чиро, ки худ миллат миллӣ хонда ва пазируфта, миллиаш эълом кунанд. Огоҳ бошем, ҳақиқат фақат бо хост ва талоши худ миллат бар маснадаш менишинад.

Агар мехоҳем, қавӣ ва бақое дар ҳастии ин рӯзгори беадолат бошем, аз тафриқаву ҷудоиҳо бипарҳезем. Бояд думболи пайдо кардани авомил ва аносири нирӯманди ваҳдатсоз ва тақвияти ҳувияти миллӣ дар саросари ҷаҳон бошем! Ба хотири имрӯзу ояндаи миллат ба ваҳдат ва якпорчагии воқеъӣ рӯй биёварем.

Кутоҳи сухан, таърихи ҷулуси амир Исмоили Сомонӣ рамзи истиқомати иродаи абармарди рӯзгор, шукӯҳ, пойдорӣ ва ҷасорати «падари давлати миллӣ» аст, ки решаи устувор дар батни таърихи пурифтихор дорад. «Рӯзи миллӣ» эълон кардани он сабаби дигаргуниҳо ва навовариҳо дар рӯҳия ва зиндагии миллати тоҷик барои имрӯзиёну ояндагонаш хоҳад шуд, чаро ки ин воқеъа дорои ҳикмати амиқи пирӯзиҳост, ки ба ҳамбастагӣ ва ифтихор фаро хоҳад хонд. Бо созмон додани ҷунбиши худҷӯши фарҳангӣ ва мардумӣ дар ҷомеъа битвонем, хешро ба унвони ворисони ҳақиқии мероси бузурги тамаддунсоз пеши ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Шарҳҳоро бинед (47)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG