Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаҳои ошиқона аз Сурия қариб дили духтареро бурдаанд (ВИДЕО)


Духтаре мегӯяд, як ҷиҳодии тоҷик дар Сурия ӯро ба назди худ даъват кард ва гуфт, харҷи роҳро мепардозад, аммо, ҳарчанд духтар озими Сурия ҳам набуд, ҳамсари он ҷавон ин робитаро қатъ намудааст.

Духтаре дар интернет бо ҷавоне шинос шуд, ки барояш суханҳои нарму гарм навишт ва ӯро ба сӯҳбат даъват кард. Ҳарф пайи ҳарф, суолу ҷавоб, салому хайрухушҳо ин ду нафарро ба ҳадде ба ҳам наздик кард, ки гуфтугӯяшон дар "Одноклассники" дунболадор шуд. Ҷавон ба ҳамаи пурсишҳои духтар посух медод, вале маконашро зери ибораи "кишвари хорҷиии биҳиштмонанд" пинҳон медошт. Аммо духтар ба фош кардани ин ҳам муваффақ шуд ва ошкор гашт, ки ҷавон дар Сурия машғули "ҷиҳод" асту ӯро ҳам назди худ даъват мекунад, то ҷиҳод кунанд ва ба биҳишт роҳ ёбанд.

Қаҳрамони мо, ки аз ӯ шартан Манзура ном мебарем (ному насаби ӯ дар ихтиёри идора ҳаст) 20 сол дошта, ҳоло донишҷӯст. Манзура, рӯзи чоршанбеи 22 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шаш моҳ пеш нафаре бо номи “Фирӯзи муҷоҳид” дар шабакаи "Одноклассники" ба саҳифаи ӯ меҳмон шуд ва диққати ӯро ба худ кашид.

“Замони сӯҳбат аз ман бисёр хоҳиш мекард, то ному насабамро гӯям, ба ман чипта харида, ба назди худ бибарад. Суханҳое мегуфт, дили одам бештар реш мешуд. Баъд аз ӯ пурсидам, ки чӣ ном дрорад ва аз куҷост, дар ҷавоб гуфт, ба шарте мегӯям, ба ягон нафар маро намефурӯшӣ. Ман розӣ шуда, танҳо номи ӯро ва маҳалли зисташро ёфтам, ки Умар ном дошта аз маҳаллаи 56 Душанбе будааст. Вақте ман кам вориди шабака мешудам, духтари дигареро аллакай даъват карда бурдааст, ӯ аз Душанбе буда, 21 сол доштааст,” – мегӯяд Манзура.

Номаҳои ошиқона аз Сурия қариб дили духтареро бурдаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:29 0:00

Бовар дар байни ин ду нафар ба ҷое расида буд, ки ҷавон розӣ шуд, аксҳои худро ба Манзура фиристад, яке дар давраи то рафтанаш ба Сурия ва дигаре, бо як наворе аз парчами гурӯҳи "Давлати Исломӣ" дар ҷабинаш аз Сурия. Робитаҳои ду тараф замоне қатъ шуд, ки шахси савум ба онҳо ворид гашт -- духтаре, ки бо даъватҳои Умар ба Сурия рафтааст ва гӯё бо ӯ издивоҷ кардааст. Ин зан бо шикастаи қуфли сафҳаи шавҳари ҷиҳодияш бо Манзура тамос гирифт ва ӯро ҳушдор дод, ки ҳамчун як "номаҳрам" бо марди бегона, яъне шавҳари ӯ суханбозӣ накунад.

Дар ҷараёни ин сӯҳбатҳо ӯ кӣ будани шавҳараш ва дар куҷо қарор доштанашонро ошкор карда, бо ҳамин ин иртиботи “ошиқона”-ро қатъ мекунанд.

Манзура мегӯяд, ки ҳамсари он мард ҳавои ҷангу муноқиша дошт ва мегуфт, “ту зани номаҳрам ҳастӣ ва чаро бо шавҳари ман сӯҳбат кардӣ. Ман аз зани ин мард фаҳмидам, ки ӯ дар Сурия аст. Ҳатто баъди ин ҳам ин мард аз ман хоҳиш мекард, ки ба Сурия омада ҳамсари дуюмаш шавам.”

Манзура ҳадс мезанад, ки эҳтимолан ин мард духтарони дигарро низ барои сафар ба Ховари Миёна ташвиқ кардааст ва маълум нест, ки кадоми аз онҳо ба домаш афтидаанд.

Ҳоло ба гурӯҳи Давлати Исломӣ аз минтақаи Кӯлоб 10 нафар бо зану фарзандонашон дар ин кишвари ҷангзада иштирок доранд. Ду рӯз қабл Раҷабалӣ Исломов, падари Ширинмоҳ, як духтари 24 Ховалинг дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки духтараш пеш аз рафтанаш ба Сурия доимо бо телефон сару кор мегирифт. Ба гуфтаи ин падар, вақте аз хона ба Маскав раҳсипор шуд, ҳамаи аксҳоеро, ки дар хонаи падар буданд, оташ зада, баъд баромада рафт. Ӯ мегӯяд, чанде баъд маълум кард, домодаш духтарашро ба Сурия даъват кардааст.

“Однаклассник” ва “Фейсбук”-ро бештар ҷавонон истифода мебаранд. Ба гуфтаи ҷавонон истифодаи “Однаклассники” аз дигар шабакаҳо дида осонтар аст. Муҳаммади Исмоил, як ҷавони кӯлобӣ мегӯяд, дидааст, ки дар Интернет-кафеҳо духтарон ба“Одноклассники” ворид шуда, бештар робитаҳои ошиқона меҷӯянд.

XS
SM
MD
LG