Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дигар онлайн-понлайн намешавад!"


Дар шабакаҳои хабарии телевизионҳои Узбакистон барномаҳои пахши мустақим мутаваққиф шудааст. Як тан аз муаллифони барномаҳои пахши мустақим ба Радиои Озодӣ гуфт, шурӯъ аз 21 август ҳама гуна барномаҳои аз қабл сабтшуда ва пас аз назари муҳаррир гузаштан пахш мешавад.

Дар вақтҳои охир дар канори барномаҳои мустақими хабарӣ “ток-шоу”-ҳои “Муносибат”, “Пресс-клуби байналмилалӣ” ва “Сегӯша” ба таври мустақим ба намоиш гузошта мешуд.

“Бача, аз ҳад гузарондӣ”

Бино ба маълумоте, ки ба Радиои Озодӣ расидааст, дар ҷаласае дар

Нахуствазир ба журналист: "Вақте аз пуштат ба лагад мезанам, ба ҷойи худ мешинию мисли пештара ба устодӣ машғул мешавӣ"

Кумитаи радио ва телевизиони Узбакистон бо ширкати нахуствазир Абдулло Орифов ва мушовири давлатӣ Хайриддин Султонов дар рӯзи 21 август “ба пахши мустақими барномаҳо нуқта гузошта шудааст.” Абдулло Орифов журналисти масъули барномаи пахши мустақимро интиқод карда ва ӯро ба “аз ҳадд гузаштан” муттаҳам кардааст. Журналистони маҳаллӣ ин амали нахуствазирро буғӣ кардани журналистикаи узбак арзёбӣ кардаанд, ки пас аз 25 соли рукут тоза нафаси озод мекашад.

Як журналисти маҳаллӣ гуфт: “Нахуствазир Абдулло Орифов ба Шерзод Қудратхоҷаев муроҷиат карда, “Ту, бача, аз ҳад гузарондӣ! Ту аз худат кӣ метарошӣ?” гуфт. Аз ин суханон ба хашм омада Қудратхоҷаев гуфт: “Маро бо мансаби худ натарсонед, шумо ҳаққи дод задан ва “ту” гуфта муроҷиат кардан ба манро надоред.” Миёни онҳо баҳсе сурат гирифт. Бахусус ин ҳарфҳои нахуствазир нисбати Шерзод таҳқиромез буд: “Вақте аз пуштат ба лагад мезанам, ба ҷойи худ мешинию мисли пештара ба устодӣ машғул мешавӣ”.

Барномаҳои онлайн манъ шуд

Як хабарнигор, ки дар ин ҷаласа ширкат карда ва хост номаш фош нашавад, гуфт: “Нахуствазир таъкид кард, ки дигар онлайн-понлайн намешавад. Дигар ҳеч кас ҳақи пахши мустақим надорад, ҳар барнома қабл аз пахш бо Хайриддин Султонов, мушовири давлатӣ машварат шавад.”

Абдулло Орипов
Абдулло Орипов

Озод Ҳамидхоҷаев, раиси шабакаи “Узбекистон-24”, ки дар мавриди мушкилоти иҷтимоии ҷомеа барномаҳо пахш мекард, аз мақомаш барканор шуда ва Нодир Тӯлаганов ҷойгузини ӯ шудааст. Ҳамзамон, Нусрат Ҳакимов, писарамаки нахуствазир, ки се моҳе қабл сабукдӯш шуда буд, ба ҳайси раиси Кумитаи радио ва телевизион дар масоили фаннӣ таъйин шудааст.

То имрӯз се барномаи “Пресс-клуби байналмилалӣ” дар соатҳои муқаррарӣ рӯи мавҷ пайдо нашуд ва маълум нест, ки барномаҳои сабтшуда чӣ вақт пахш мешаванд. Ҳамчунин, барномаи “Муносибат” дар шабакаи телевизиони “Узбакистон” лағв шудааст. Барномаи сабтшудаи “Муносибат” рӯзи сешанбе намоиш дода шудааст. Ин барнома ҳафтае 4-5 маротиба аз ҷониби журналист Қуддус Аъзам пешкаши тамошобинҳо мегардид.

Вазири хориҷа Абдулазиз Комилов дар пресс-клуби нахустин дар бораи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон сӯҳбат кард
Вазири хориҷа Абдулазиз Комилов дар пресс-клуби нахустин дар бораи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон сӯҳбат кард

Хабарнигори узбак ба Озодӣ гуфт, ки “ҳамакнун пахши мустақим ҳам манъ шуд ва тобиши сиёсӣ касб кард”. Хабарнигор Шерзод Қудратхӯҷаев аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба тамошобинҳо муроҷиат карда, хабарҳо мабнӣ ба манъ шудани “Пресс-клуби байналмилалӣ”-ро бепоя хондааст. “Дар барномаи “Пресс-клуби байналмилалӣ” корҳо тибқи нақша идома дорад, танҳо ба далелҳои техникӣ пахши мустақими он мутаваққиф шудааст”, - гуфтааст ӯ.

Як масъули ин барнома ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 23 август барномаи навбатии “Пресс-клуби байналмилалӣ” сабт шуда, вале на ба шакли пахши зинда, балки бо намоиши аксҳо аз ин барнома ба эфир баромад. Дар ин аксҳо ширкаткунандагони барнома, аз ҷумла, вазири таълим Улуғбек Иноятовро дидан мумкин аст.

Тасвирҳои “ноҷо” дар барномаҳои пахши мустақим

“Пресс-клуби байналмилалӣ” пас аз сабти ном дар вазорати адлияи Узбакистон дар моҳи апрели соли ҷорӣ даҳҳо барномаҳоро аз тариқи мубоҳисот ё “ток-шоу” таҳия ва пахш кардааст.

Дар яке аз барномаҳо сенатор Светлана Ортиқова барои даъвати муаллимону ҳамшираҳои шафқат ба ҳашар ё шанбегӣ мавриди танқид қарор гирифта буд. Дар ҷараёни пахши мустақими барномаи “Мероси қадимаамонро ҳифз мекунем” чашмакзании Дилфуза Ҷалилова, вакили парлумон аз вилояти Қашқадарё дар тамоми кишвар боиси ҳазлу масхара шуда буд.

Як блогнависи тошкандӣ бо исми Акмал Ризоев гуфтааст, маҳз пахши мустақим “як шакл ё формати мусоиди фош сохтани мансабдорон” ҳисоб меёбад.

Вай мегӯяд: “Ин вакил узви кумитаи ҳифзи мероси таърихӣ аст. Ман борҳо дар мавриди ҳифзи мероси таърихӣ ба ӯ муроҷиат карда, аммо посухе дарёфт накардаам. Дар посух ба саволи нақши вакилон дар ҳодисаи аз Узбакистон берун бурдани қисмате аз мақбараи Чашмаи Айюб вакили Маҷлиси Олӣ Дилфуза Ҷалилова “бале, бале, мо нақш дорем”, - гуфта ва ба сӯи ҳамҳизбҳояш чашмакӣ зада буд. Маҳз ба шарофати пахши мустақим мавзеъ ва муносибати бепарвоёнаи вакил ба мероси қадима окшор гардид”.

Як хабарнигори “Узбакистон-24” ба Радиои Озодӣ гуфт, “ба манзури ҷилавгирӣ аз пахши чунин ҳолатҳои хандадор ва пешгирӣ аз таърифу тавсифи беандозаи раҳбари давлат пахши барномаҳои мустақим мутаваққиф шуд”.

Ҳамзамон, дар ин шабака барномаҳои хабарӣ ба таври мустақим пахш мешавад.

Дар ҳамин ҳол, як сомонаи хабарии маҳаллӣ - daryo.uz ба истинод ба манбаъҳо аз шабакаҳои телевизиони Узбакистон хабар додааст: “Пахши барномаҳои мустақим ба таври муваққатӣ, ба иллати пур будани барномаҳои идона манъ шуда ва дар моҳи сентябр дубора пахши мустақим аз сар гирифта мешавад”.

XS
SM
MD
LG