Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

62 номзад аз имтиҳони забон гузаштанд


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон.

Шасту ду нафар аз номзадҳои номзади аҳзоби сиёсии Тоҷикистон аз санҷиши забони тоҷикӣ дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гузаштанд.

Бар пояи Қонун “Дар бораи интихобот” дар Тоҷикистон, номзадҳо ба вакилии парлумон бояд аз забони давлатӣ, яъне забони тоҷикӣ санҷиш супоранд ва дар сурати насупоридани ин санҷиш, афроди пешбаришуда аз ҳаққи номзадӣ маҳрум мешаванд. Ин дар ҳолест, ки чунин як талаботе қаблан барои номзадҳо мавҷуд набуд.

Абдуманнон Додозода, раҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон, шанбеи 10-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоли ҳозир номзадҳои 6 ҳизби сиёсӣ аз забони тоҷикӣ санҷиш супориданд ва қарор аст номзадҳои ду ҳизби дигар рӯзи 12-уми январ аз санҷиш гузаранд. Ба гуфтаи ҷаноби Додозода, ҳоли ҳозир номзадҳои Ҳизби сотсиал-демократ ва Ҳизби коммунистӣ аз санҷиш нагузаштаанд. Ҳамзамон қарор аст 14 номзади ҲНИТ ҳам рӯзи душанбе то куҷо бо забони давлатӣ сӯҳбат кардани худро собит кунанд.

Абдуманнон Додозода
Абдуманнон Додозода

Ба иттилои раиси дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, дар санҷиш аз номзадҳо се чиз талаб карда мешавад. Қабл аз ҳама онҳо бояд тарҷумаи ҳоли худро бо забони тоҷикӣ нависанд. Дуввум, матнеро бо садои баланд қироат кунанд ва дар ниҳоят онҳо бояд бо забоншиносони тоҷик сӯҳбат намоянд. Абдуманон Додозода гуфт: “Депутатҳо бояд бо забони тоҷикӣ озод гап зада тавонанд ва хушбахтона ҳоли ҳозир ҳама номзадҳо санҷишро хуб супорида истодаанд. То ҳол нафаре ба қайд гирифта нашудааст, ки аз санҷиш афтида бошад. Ҳамаи онҳо дониши олӣ доранд.”

Агарчи барои вакил будан дониши ҳуқуқӣ муҳимтар аст, вале Абдуманнон Додозода гуфт, ба ҷуз имтиҳони забони тоҷикӣ, номзадҳо дигар ягон имтиҳон намесупоранд.

Санҷиши забони тоҷикӣ барои номзадҳо дар ҳолест, ки соҳибназарон онро нақзи ҳуқуқи ақалиятҳои миллӣ медонанд. Ба назари иддае аз коршиносон, забондонӣ нишонаи донишу маърифати номзадҳо ба вакилии халқ нест. Ҳамзабон санҷиши забони тоҷикӣ барои ширкати намояндагони ақаллиятҳои миллӣ дар интихоботи порлумонӣ меонеа эҷод мекунад.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик ва муовини Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз шартҳои ба истилоҳ “стратегӣ” барои номзадҳо ва хизматчиёни давлатӣ донистани забони тоҷикист, вале барои депутат будан муҳимтар аз ҳама таҳлили хубу дониши сиёсист. Ба қавли Шокирҷон Ҳакимов, супоридани санҷиш аз забони тоҷикӣ хуб аст, то минбаъд номзадҳо талош кунанд ҳадди ақал забони давлатиро омӯзанд:

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

“Як будани талабот ҳам барои тоҷикон ва ҳам барои узбекзабонҳову русзабонҳо мантиқӣ нест, зеро онҳо наметавонанд ин талаботро иҷро кунанд. Талаботи якранг барои ҳама боиси дур шудани узбекҳову русҳо ва дигар ақаллиятҳои миллӣ аз фазои сиёсии кишвар мегардад, ки ин боиси нигаронӣ аст. Агарчи яке аз шартҳои санҷиш шарҳи ҳол ҳам бошад, шояд онҳо мушкил дошта бошанд. Мантиқи андешаронияшон эҳтимол беҳтар аз он номзадҳое бошад, ки бо забони тоҷикӣ шарҳи ҳол нависта тавонанд.”

Аз 22 номзади Ҳизби сотсиал-демократ то имрӯз 6 нафар аз санҷиш гузаштанд, аммо қарор аст 16 нафари дигар рӯзи душанбе барои супурдани санҷиш дар КМИРТ ҳозир шаванд. Гуфта мешавад, яке аз далелҳои ба таъхир афтодани санҷишсупории ин номзадҳо, русзабону узбекзабон будани онҳост. Аз 15 номзади пешниҳоднамудаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, бояд фақат 7 нафарашон имтиҳони забон супоранд. Зеро 8 номзади дигар ба далели надоштани гаравпулӣ, аз номзадӣ даст кашиданд.

Исмоил Талбаков, муовини аввали раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, имрӯз бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ба далели шикоят бурдани 8 коммунист аз вилояти Суғд, ки гӯё Анҷумани пеш аз интихоботии ҳизб ғайриқонунӣ буд, КМИРТ комиссияи вижа таъсис дод, то анҷоми кори комиссия номзадҳои ҳизб имкони супурдани санҷишро надоштанд. Зимнан КМИРТ баъд аз баррасии шикояти

Исмоил Талбаков
Исмоил Талбаков

коммунистҳои Суғд ба натиҷае расид, ки анҷуман хилофи қонуни Тоҷикистон набудааст.

Дар ҳамин ҳол Сафарбек Кабиров, ки 7 сол боз ба ҳайси хабарнигори порлумонӣ фаъолият мекунад, дар бораи ҷорӣ шудани санҷиши забони тоҷикӣ мегӯяд: “Сабаби санҷиш шудани номзадҳо аз забони тоҷикӣ эҳтимол аз минбар хуб баромад карда натавонистани баъзе аз депутатҳо бошад. Албатта, дар порлумон кам нест шумораи депутатҳое, ки хело хуб баромад мекунанд. Иддае аз онҳо, ки ҳамеша худдорӣ мекунанд аз шарҳи ин ё он қазия ё посух намегӯяд ба суоли хабарнигорон шояд камбуди забонӣ дошта бошанд, ки чунин тасмим гирифта шудааст.”

Аз рӯйи феҳрастҳои ҳизбӣ барои мандатҳои порлумони Тоҷикистон беш аз 100 нафар мубориза мебаранд. Интихоботи порлумонии Тоҷикистон рӯзи 1-уми марти соли равон баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG