Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пардохте ба чанд бонуи адабиёти тоҷик


Раҳбарияти Иттифоқи нависандаҳои Тоҷикистон мегӯяд, бештари ҷавононе, ки солҳои охир ба ин созмон пазируфта шудаанд, аз ҷумлаи бонувон буда, дар кори эҷодӣ навоварӣ ва ҷасорат нишон медиҳанд.

Абдулҳамиди Самад, муовини раиси Иттифоқи нависандаҳои Тоҷикистон аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки адибони ҷавоне, ки имрӯз ба арсаи адабиёт меоянд, ҷуръати адабии хос доранд ва дар ин роҳ дудилаву калаванда нестанд.

Муовини раиси иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон дар ҳошияи маҳфили фарҳангие, ки ба истиқболи ҷашни бонувон рӯзи 5-уми март бо ширкати адибаҳои Тоҷикистон ва ҳамсари шоиру нависандаҳое, ки дар қайди ҳаёт нестанд, дар толори Хонаи адибон баргузор шуд, ба Радиои Озодӣ гуфт, сатҳи осори адабии бонувони эҷодкор аз мардҳо кам нест, баръакс онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар бисёр масъалаҳо аз мардҳо пешсафтар бошанд. Абдулҳамиди Самад афзуд, «солҳои пеш аз байни занон нависанда набуд. Онҳо нависандагиро кори сангину душвору дастнорас меҳисобиданд. Аммо дар муддати кӯтоҳ, аз ҷумлаи бонувон нависандаҳо хеле зиёд шуданд ва масъулият ва фаъолияти эҷодии занон аз мардон кам нест».

Аммо худи адибаҳо мегӯянд, барои эҷод кардан танҳо истеъдоду ҷасорат кофӣ нест ва душвориҳои зиндагӣ метавонад истеъдоди фитриро шиканад.

Ҳанифаи Муҳаммадохир, аз ҷумлаи нависандаҳои замони истиқлол аст, ки то имрӯз се китоб нашр кардааст. Ҳанифа дар пайравӣ аз таҷрибаи нависандаҳои замони шӯравӣ, ки ба маҳали сохтмони иншоотҳои бузург мерафтанд, ба макони сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» рафтааст ва муддате ҳаёти коргаронро омӯхта, повести «Сангрезаҳои Сангтӯда»-ро иншо кардааст. Аммо хонум Ҳанифа мегӯяд, имрӯз эҷод кардан барои бонувон шуғли дилхушкунандае нест ва хеле ба душворӣ даст медиҳад: «Рӯзгори сангинеро пушти сар мекунад бонуи эҷодкор. Хусусан дар ҷомеаи мо, ки беадолатиҳои иҷтимоӣ хеле зиёд аст, эҷод кардан бисёр мушкил аст ва хеле дарднок аст беқадрии маҳсули кори эҷодкор».

Ҳанифаи Муҳаммадохир мегӯяд, ташвиши рӯзгор боис шуда, ки адибони ҷавон ба навиштани асарҳои бадеӣ хеле кам рӯ меоранд ва чун рӯзноманигор дар рӯзномаву маҷаллаҳо кор мекунанд.

Робияи Холмирзо, як шоираи дигарест, ки дар давраи нав рӯ ба эҷод овардааст. Робия ҳам мегӯяд, имрӯз адибаҳо давраи мушкилеро паси сар мекунанд. Робия мехоҳад аз ҷониби иттиҳодияи нависандаҳо таваҷҷӯҳу дастгирии бонувони эҷодкор бештар бошад: «Як сухани хуш метавонад дили занро, хусусан агар эҷодкор бошад, хеле бардорад ва ё як сухани бад метавонад дили ӯро шиканад. Як дастгирӣ аз тарафи иттифоқи нависандаҳо бошад, бисёр хуб мешавад. Масалан, чопи маҷмӯаи ашъори онҳо».

Робия гуфт, тӯли сездаҳ сол аст дар Иттифоқи нависандаҳо кор мекунад ва тӯли ин муддат дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунад ва меафзояд, ки агар иттифоқи нависандаҳо дар ҳалли чунин мушкили адибаҳо ҳам муосидат мекард, кори хубе мешуд.

Ин дар ҳолест, ки Абдулҳамиди Самад мегӯяд, хонаҳои зиёде бунёд мешаванд, ба сармоядорон ва соҳибкорони хусусӣ тааллуқ дорад ва иттифоқи нависандаҳо имкон надорад, дар масъалаи таъмин бо манзил ба адибаҳо кӯмак расонад.

Аммо шоира Ситора Қурбонова ба зиндагиаш хушбинона нигоҳ мекунад ва мегӯяд «фикр мекунам, ғамҳои зиндагиам паси сар шуданд ва олами шодӣ рӯ ба ман овардааст».

Ин дар ҳолест, ки Ситора Қурбонова маъюби гурӯҳи дуюм аст ва заъфи биноиву шунавоӣ дорад. Ситора аз соли 2003 ба нафақаи маъюбӣ баромадааст. Хонум Ситора гуфт, аз соли 2000 ба навиштани асари мансуре идома медиҳад, ки ҳоло ба итмом нарасидааст. Аслан, Ситора Қурбонова бо як шеъри самимие бо номи «Интизорӣ» шӯҳрат пайдо кард, ки овозхони шинохта Фурқати Саид бар матни он таронаи хубе ҳам эҷод кард. Ҳамзамон Ситора ашъори чанде аз шоирони рус, белорус, қазоқ ва қирғизро ба тоҷикӣ баргардондааст.

Бо вуҷуди он ки адибон аз душвориҳои кору зиндагиашон сӯҳбат мекунанд, мунаққидон мегӯянд, мушкилоти рӯзгор бори масъулияти эҷодии онҳоро кам нахоҳад кард.

Анзурати Маликзод, адабиётшиноси тоҷик бар ин назар аст, ки адабиёти зан ва адабиёти мард намешавад. Адабиёт адабиёт аст. Хонум Маликзод бо ишора ба саҳми адибаҳои тоҷик дар нав кардани шаклу навъи адабиёт мегӯяд: «Ҳар бонуи эҷодкор модар аст ва ташвишҳое дар хонавода дорад, аммо ин ҳама масъулияти нависандагии ӯро кам намекунад. Ҳар зане, ки муваффақ шудааст, маълум аст, ки ӯ чизеро аз худ ва рӯзгори худаш қурбон кардааст».

Анзурати Маликзод аз адибаҳое чун Гулрухсор, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Сафияи Носир, Фарзона, Шаҳрия, Зулфия Атоӣ, Меҳринисо ном бурда, меафзояд, Гулрухсор дар баробари он ки дар шеър муваффақ аст, нахустин зан буд, ки роман навишт ва романи якумаш «Занони Сабзбаҳор» рӯзгори бонувони замони ҷангро хеле муассир ба риштаи тасвир кашидааст. Ба гуфтаи хонум Анзурат романи дуюми Гулрухсор «Сакарот» як падидаи тамоман нав дар адабиёт аст: «Гирудори воқеаҳо, таҳлилҳо, бархӯрди қаҳрамонҳо ончунон печидаву мураккаб аст, ки баъзеҳо ҳатто онро нафаҳмиданд».

Анзурати Маликзод мегӯяд, то ҳанӯз саҳми бонувон дар адабиёт мавриди таҳқиқу таҳлили комил қарор нагирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, Иттифоқи нависандаҳо мегӯяд, ҳоло ҳудуди 70 зан узви Иттифоқи нависандаҳо буда, 15 нафари онҳо насрнависанд.


XS
SM
MD
LG