Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагии нави саги хиёбонӣ дар Бритониё баъди шиканҷа дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Ҷейн Кемерон бо Сюзи. Акс аз вебсайти www.gazettelive.co.uk
Ҷейн Кемерон бо Сюзи. Акс аз вебсайти www.gazettelive.co.uk

Саги хиёбоние, ки бо гӯшу думи бурида дар як кӯчаи Тоҷикистон ошкор шуд, ҳоло дар Бритониё зиндагии хушбахте дорад. Саргузаштҳои сагро вебсайти Gazettelive бозгӯ карда мегӯяд, ки ҳоло Сузӣ – саги ҷабрдида зиндагии хушу хушбахте дорад ва соҳибонаш ҳам ӯро бо меҳрубонӣ нигоҳубин мекунанд.

Сузиро соли гузашта аз Тоҷикистон интиқол доданд ва аз охири соли 2019 ӯ дар хонаи наваш – дар хонадони Ҷейн ва Майкл Кемерон (ҳамсарони 52 ва 57-сола) дар шаҳраки Редкари минтақаи Тиссайди шимолу шарқи Инглистон зиндагӣ мекунад. Ҳамсарон дар бораи азиятҳои саги хиёбонӣ дар Тоҷикистон аз як корманди хайрия огаҳ шуданд. Ин марди аврупоӣ навори саги бегӯшу думро дар Фейсбук нашр кард ва гуфт, ки ин ҷонвар аз дасти афроди бераҳм ба ин ҳол гирифтор шудааст. Ҷейн Кемерон аз хайрхоҳон хост, ки барои наҷоти саг аз зиндагии сангин дар Тоҷикистон ва интиқоли ӯ ба Инглистон ёрӣ кунанд. Чанд рӯз баъд беш аз 4 ҳазор фунт стерлинги ихтиёриён сарозер шуд ва саги ҷабрдидаро бо ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Инглистон интиқол доданд. Сюзиро тавассути карго ё низоми интиқолҳои борҳо дар се ҳавопаймо аз Душанбе ба Лондон расонданд.

Саҳнаи бо соҳибони наваш шинос шудани Сюзӣ дар Бритониё:

Ҷейн Кемерон ҳамон замон дар паи муолиҷаи саг шуд. Ӯ ба хабарнигори вебсайти бритониёӣ гуфт: “Вақте мо ӯро бори аввал дидем, ҳама гиристем. Ин як лаҳзаи бисёр пурэҳсос буд”. Ӯ мегӯяд, бо вуҷуди интизориҳои ин ки дар паи осори захм саг тарсуву хиҷолатӣ мешавад, дарёфтанд, ки хеле зиндаву хушҳол буд ва базудӣ ба ҳама аъзои ин хонаводаи соҳиби ду фарзанд унс гирифт.

“Мисли ин аст, ки тамоми умр бо мо зиндагӣ кардааст”, гуфт Ҷейн Кемерон ва афзуд: “Сюзӣ як саги фавқулодда олӣ аст”.

Масъалаи муносибати бераҳмона ба ҷонварони хиёбонӣ дар Тоҷикистон нав нест. Соли 2019 гурӯҳи ҳомиёни ҳуқуқи ҷонварон маъракаеро роҳандозӣ карда ба зарурати ташкили паноҳгоҳҳои вижа барои сагу гурбаҳои хиёбонӣ ва бесаробон таъкид карданд. Илова ба ин як маъракаи иттилоотиро ҳам ба роҳ монданд, ки ҳадафаш огаҳ кардани мардум дар бораи муносибати хуб бо ҷонварон аст.

Фаъолон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон танҳо як ё ду паноҳгоҳи худсохту ғайриҳирфаие вуҷуд дорад, ки тавони нигаҳдошти шумори ками сагҳои хиёбониро дорад ва харҷи он ба дӯши худи афроди раҳмдил аст. Ин гурӯҳҳо мегӯянд, муносибат ба ҷонварони хиёбонӣ аз ҷониби сохторҳои давлатӣ ҳам бераҳмона аст ва мақомот аз роҳи нобуд кардани ҷонварон, на парасториву нигоҳубини онҳо кор мегиранд.

Зиндагии пурхатари ҷонварони хиёбонӣ дар Душанбе:

Зиндагии пурхатари ҷонварони хиёбонӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Ба Аврупо бурда шудани ҷонварони хиёбонии азиятшуда дар Тоҷикистон дар як ҳолати дигар ҳам расонаӣ шуда буд. Як ҷуфти саёҳони ҳолландӣ соли гузашта видеоблогеро аз сафари худ ба Тоҷикистон нашр карданд. Дар ин навори видеоӣ саҳнаи дар канори як шоҳроҳи кӯҳистоние пайдо шудани халтае бо ду сагбачаи хурде нишон дода шуд, ки ҳарду тарсидаву гурусна буданд. Ин сагчаҳо бо кӯмаки сайёҳони аврупоӣ ба Душанбе бурда шуданд ва як зани хайрхоҳе аз Ҳолланд барои ба Аврупо бурдани онҳо ҳазор евро маблағ ирсол кард. Баъди ин ду сагчаи гуруснаву раҳошудаи тоҷикӣ тавонистанд зиндагии навро дар шароити серу пур ва солими Аврупо идома диҳанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG