Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар Либия ба ҷанги шаҳрвандӣ мепечад?


Сайфулислом Қаззофӣ ҳамватанони дар хориҷбудаашро ба барангехтани тазоҳурот дар Либия муттаҳам кард
Сайфулислом Қаззофӣ ҳамватанони дар хориҷбудаашро ба барангехтани тазоҳурот дар Либия муттаҳам кард

Писари Қаззофӣ аз хатари ҷанги шаҳрвандӣ ҳушдор дод, ки ба гуфтаи ӯ, сарвати нафтии Либияро нобуд хоҳад кард.

Ба думболи расидани тазоҳуроти зиддидавлатӣ ба Туроблис, пойтахти Либия, Муаммар Қаззофӣ таҳдид кард, ки ҳаводоронаш "то охирин нафар" бар зидди мӯътаризон муқовимат хоҳанд кард.

Тазоҳурот алайҳи Қаззофӣ, ки 42 сол ба ин сӯ дар Либия ҳукумат мекунад, шаби гузашта аз шаҳри шарқии Бенғозӣ, саргаҳи тазоҳурот, ба Туроблис паҳн шуд.

"ЛИБИЯ МИСР НЕСТ"

Мӯътаризон, ки аз тазоҳуроти Тунис ва Миср илҳом гирифтаанд, ба дафтари телевизион ва радиои давлатӣ ҳамла бурда, шӯъбаҳои гуногуни “Кумитаи Халқ”, ниҳоди аслии давлати Либияро ба оташ кашидаанд.

Шаҳри Бенғозӣ аксаран дар контроли тазоҳургарон аст, ки нерӯҳои давлатӣ ва пулисро маҷбур карданд, ба қароргоҳҳояшон ақибнишинӣ кунанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, аз замони оғози тазоҳурот дар рӯзи панҷшанбеи гузашта то кунун 233 нафар кушта шудаанд. Ба гуфтаи телевизиони "Ал-Ҷазира" танҳо шаби гузашта 61 нафари дигар кушта шудаанд.

Сайфулислом Қаззофӣ, писари Муаммар Қаззофӣ, ба хотири фурӯ нишондани ошӯбҳо бомдоди душанбе, 21-уми феврал, дар телевизион ҳозир шуд ва гуфт, хатари ба вартаи ҷанги дохилӣ кашидани ошӯбҳо вуҷуд дорад.
"Либия аз гурӯҳҳову қабилаҳо ташкил ёфтааст ва ҳар яке вазифаи худро медонад. Ин ошӯбҳо метавонад сабаби ҷанги шаҳрвандӣ шавад, мо ҷанги шаҳрвандии соли 1936-ро такрор хоҳем кард. Либия Тунис ва ё Миср нест. Либия нафт дорад, ки тамоми кишварро муттаҳид кардааст ва нафт сабаби аслии ваҳдат дар Либия аст",-афзуд ӯ.

АРТИШ "ХАТО" КАРДААСТ?

Писари Қаззофӣ ҳамчунин ба тазоҳургарон ваъда дод, ки ҳукумат ислоҳоти сиёсӣ анҷом хоҳад дод ва эътироф кард, ки нерӯҳои пулис ва артиш зимни бархӯрд бо мӯътаризон “хато” кардаанд.

Аммо ӯ омори Дидбони Ҳуқуқи Башар дар бораи қурбониёни тазоҳурот ва ҳамчунин гузоришҳо доир ба фирори падараш аз Либияро рад кард.

Сайфулислом Қаззофӣ афзуд, падараш “то боқӣ мондани охирин нафар” алайҳи ошӯбгарон муқовимат хоҳад кард. Бо ангушти ишорааш ба сӯи наворбардор, ӯ ҳамватанони дар хориҷбудаашро ба барангехтани тазоҳурот дар Либия муттаҳам кард.

Ба гуфтаи шоҳидон, зимни тазоҳурот, нерӯҳои давлатӣ ба сӯи мардум аз пулемёт ва ё мусалсал истифода кардаанд ва ҳамчунин нишонзанҳо аз рӯи бомҳо мӯътаризонро ҳадаф мегирифтанд. Як табиб аз шаҳри Бенғозӣ гуфт, як тазоҳургар аз тири грантамёт ва ё норинҷакандоз кушта шудааст.

Таъйиди дурустии ин гузоришҳо ғайримумкин аст, зеро расонаҳои хориҷӣ дар Либия ҳузур надоранд.

"ПИСАРИ ЧӮПОН" ВА НАФТ

Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия
Зоҳиран пуштибонии артиши Либия аз Муаммар Қаззофӣ камтар мешавад, чун бино ба гузоришҳо баъзе аз воҳидҳои низомӣ ба нерӯҳои мухолифи мӯътариз пайвастаанд.

Муаммар Қаззофӣ, ки писари чӯпон аст, соли 1969 дар як табаддулоти давлатӣ ҳукуматро ба даст гирифт. Раҳбари қабилаи Ал-Зувая дар шарқи Либия таҳдид кардааст, ки дар сурати саркӯбии тазоҳурот, содироти нафтро қатъ хоҳад кард.

Либия чаҳорумин кишвари бузурги содиркунандаи нафт аз Африқост. Акрам Варфаллӣ, яке аз сардорони бонуфузи қабилаи Варфаллӣ гуфтааст, Қаззофӣ дигар бародари онҳо нест ва аз ӯ хостааст, Либияро тарк кунад.

Чанде аз дипломатҳои Либия, аз ҷумла дар Чин ва Ҳиндустон ба нишони эътироз аз мақомҳояшон истеъфо додаанд. Амрико дар вокуниш ба саркӯбии тазоҳурот дар Либия гуфтааст, аз истифодаи нерӯ алайҳи тазоҳургарон амиқан нигарон аст.

Аз тарси авҷ гирифтани хушунат, Иттиҳодияи Аврупо гуфт, барои ихроҷи эҳтимолии шаҳрвандонаш аз Либия омода мешавад.
XS
SM
MD
LG