Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лео Ҳеллер, гузоришгари Созмони Милал ба Тоҷикистон меояд


Лео Ҳеллер
Лео Ҳеллер

​То як моҳи дигар гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид – Лео Ҳелелр барои фаҳмидани он ки мардуми Тоҷикистони сарватманд аз об то чӣ ҳад бо оби пок таъминанд, ба Душанбе хоҳад омад.

Интизор меравад, Лео Ҳеллер -- гузоришгари вижаи Созмони Милал дар масъалаи дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт ба наздикӣ ба Тоҷикистон биёяд. Дар ҷараёни ин боздид Лео Ҳеллер бо мақомоти баландпояи кишвар яке аз масъалаҳои доғ, яъне дастрасии мардум ба оби пок ва шароити муносиби санитариро баррасӣ хоҳад кард.

Ҷамшед Ҳомидов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ дар Женева ба Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи сафари Лео Ҳеллер ба Душанберо 22 июн худи ӯ баррасӣ кардааст. Ба гуфтаи Ҷамшед Ҳомидов, бар асоси барномаи сафар, мумкин аст, Лео Ҳеллар моҳи август ба Тоҷикистон биравад.

Ин сафари Ҳеллер баъд аз он сурат мегирад, ки ӯ натавонистааст рӯзҳои 9-11-уми июн дар конфронси байнулмилалии "Об барои ҳаёт" дар Тоҷикистон иштирок кунад. "Ҳоло онҳо пешниҳод карданд, ки моҳи август ба Тоҷикистон биравад ва мо барномаи сафари ӯро омода кардем. Мехоҳем, он кас бо президент, вазири корҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои об, вазири тандурустӣ ва намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои байнулмилалии муқими Душанбе мулоқот кунад," -- гуфт Ҷамшед Ҳомидов.

Ба қавли дипломати тоҷик, ҳоло посухи дафтари гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид ба барномаи пешниҳодии онҳо нарасидааст ва танҳо баъд аз гирифтани посух маълум мешавад, ки Лео Ҳеллер бо кадоме аз мақомоти баландпоя гуфтугӯ мекунад. Ҷамшед Ҳомидов, инчунин, ба Радиои Озодӣ гуфт, мумкин аст, баъд аз сафар ба Тоҷикистон, Лео Ҳеллер дар бораи таъмини мардум бо оби пок ва шароити муносиби санитарӣ ва ё беҳдоштӣ дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал гузориш диҳад.

Ба эҳтимоли ғолиб гузориши Лео Ҳеллер дар бораи таъмини мардуми Тоҷикистон бо оби пок хушҳолкунанда намешавад, зеро ин мушкили ҷиддӣ солҳост гиребони Тоҷикистонро сар намедиҳад. Бо вуҷуди он ки рӯдхонаҳои бузурге ба водиҳои сарсабзи кишвар ҷорӣ мешаванд, тақрибан нисфи мардум аз оби поку тасфияшуда маҳруманд.

Бино ба арзёбиҳо, Тоҷикистон аз назари захираҳои об яке аз сарватмандтарин кишварҳои дунёст ва сари ҳар як нафар аз сокинаш бештар аз 13 ҳазор 000 метри мукааб об рост меояд, вале бо вуҷуди ин кишвар фақат тавонистааст, камтар аз 60 дарсади аҳолиро бо оби пок таъмин кунад. Бақия ночор аз ҷӯю кӯлҳо ва наҳрҳои боз ва ё ифлос об мехӯранд ва ё маҷбуранд, оби покро бо хару ароба аз чашмаву рустоҳои ҳамсоя биёранд.

Бар асоси омори ЮНИСЕФ, Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал, тақрибан 4 миллион нафар аз аҳолии Тоҷикистон аз оби лӯла истифода мебаранд, 650 ҳазор нафар оби чашма мехӯранд, бештар аз якуним миллион нафари дигар аз оби ҷӯву наҳр ва ҳавзу кӯлҳо баҳра мебаранд, ки покиза нест ва аксар вақт сабаби бемориҳои сироятӣ мешавад. Ба гуфтаи мутахассисон, мизони бактерияҳо дар рӯдхонаҳои Тоҷикистон, ки аз назди хонаҳо мегузаранд ва ба партобҳо омехта мешаванд, назар ба бактерия дар таркиби дарёҳои кишварҳои пешрафта аз 40 то 45 дарсад зиёдтар аст.

Нисфи зиёди мактабҳои кишвар хатти лӯлаи об надоранд ва кӯдакон ночор аз оби каналу ҷӯйҳое мехӯранд, ки пур аз ангезандаҳои бемориҳои сироятист. Масалан аз ҳисоби тақрибан 4000 мактаб дар Тоҷикистон танҳо 1718-тои он ва бахусус дар шаҳрҳо лӯлаи об доранд. Айни вазъро дар бештар аз 3300 шифохонаҳои маҳаллӣ ва бунгоҳҳои тиббии Тоҷикистон мушоҳида мекунед.

Аз назари беҳдоштӣ низ вазъ бахусус дар рустоҳо риққатовар аст, ҳатто баъзе аз мактабҳо ҳоҷатхона ҳам надоранд. Дар маҷмӯъ ба эътирофи худи мақомоти Тоҷикистон, фақат 10 дарсади аҳолии деҳоти кишвар ба шароити муносиби беҳдоштӣ дастрасӣ доранд.

Ҳарчанд солҳои ахир дар Тоҷикистон бо мусоидати созмонҳои байнулмилалӣ ва харҷи садҳо миллион доллар шабакаҳои нави обёрӣ сохтаанд, аммо ба гуфтаи созмонҳои байнулмилалӣ пешрафт дар ин замина бисёр кунд аст. Ба гуфтаи ҳукумати Тоҷикистон, барои таъмини тамоми мардум бо оби пок ва шароити дурусти беҳдоштӣ тақрибан 1 миллиард доллар лозим аст, вале ҳукумат ин пулро надорад.

Баргузор кардани конфронси байнулмилалии "Об барои ҳаёт" дар Тоҷикистон дар рӯзҳои 9-11-уми июн ва ҳамингуна даъвати Лео Ҳеллер, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар масъалаи дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт, як ҳадафи ҳукумат барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба масъала ва гирифтани ёриҳо барои рафъи ин мушкили ҷиддии иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар аст.

XS
SM
MD
LG