Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии Лайло Юнус аз зиндон


Лайло Юнус баъди раҳоӣ аз зиндон бо кӯмаки ҳамсараш Ориф ба хонааш баргашт
Лайло Юнус баъди раҳоӣ аз зиндон бо кӯмаки ҳамсараш Ориф ба хонааш баргашт

Лайло Юнус, як фаъоли ҳуқуқи башари Озарбойҷон рӯзи 9 декабр бо дархости вакили мудофеаш аз зиндон раҳо шуд.

Лайло Юнус, як фаъоли ҳуқуқи башари Озарбойҷон рӯзи 9 декабр бо дархости вакили мудофеаш аз зиндон раҳо шуд. Вакили дифоъ гуфт, бо қарори додгоҳи Боку, мӯҳлати 8,5 соли зиндони Лайло Юнус то 5 соли зиндони шартӣ кам ва ин зан ҳақи дар озодӣ буданро пайдо кард. Лайло Юнус барои Институти сулҳ ва демократия кор мекард. Ин созмон дар Озарбойҷон сабти ном надошт. Лайло Юнус якҷо бо шавҳараш Ориф Юнус бо ҳамин иттиҳомот боздошт ва ҳукми зиндон гирифтанд. Орифро 7 сол маҳкум ба зиндон карданд. Вай ҳам моҳи ноябр бо сабабҳои вазъи саломатиаш аз зиндон раҳо гардид. Ин зану шавҳар ҳанӯз ҳам гунаҳгор дониста мешаванд, бо вуҷуди он ки бо сабаби вазъи саломатӣ аз зиндон баромадаанд. Иттиҳомоте, ки ба онҳо вогузор карданд, аз тарафи созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ мавриди интиқод қарор гирифт. Дар Озарбойҷон рӯзноманигорон ва фаъолони ҳуқуқ режими Илҳом Алиевро барои ришвахорӣ интиқод мекунанд ва ин режим дар ҷавоб онҳоро ба пардохт накардани молиёт ё ихтилофоти молӣ муттаҳам мекунад, то “даҳони онҳро бибандад”.

Лайло Юнус озод шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:51 0:00

XS
SM
MD
LG