Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

SMS-и Зуҳуров ё ҳаққи мизоҷ: Кадом авлотар аст?


Муштариёни ширкатҳои дастраскунандаи интернет бидуни огоҳӣ, масдуд шудани дастрасӣ ба сомонаҳои алоҳидаро нақзи ҳуқуқҳои худ гуфта, аз ин ширкатҳо масъулияти бештар талаб доранд.

Соҳиб Зокиров, як сокини пойтахти Тоҷикистон, ки муштарии ширкати «Вавилон- т» аст, мегӯяд, бо нархи гарон интернети номаҳдуд мехарад, вале сари чанд вақт ин ширкат бо бастани сомонаҳои гуногун созишномаи тиҷоратии худ ва ҳаққи ӯро ҳамчун муштарӣ поймол мекунад: «Аксарияти ширкатҳои дасраскунандаи интернет хусусӣ ҳастанд. Вақте мо аз онҳо интернет мехарем бо онҳо шартнома мебандем. Вале онҳо якҷониба бидуни огоҳии пешакӣ сайтҳоро мебанданд. Ҳол он ки барои дастрас кардани интернет пул мегиранд ва пеши муштариёнашон масъулият доранд.»

Раҳматуллоҳ Зоиров
Раҳматуллоҳ Зоиров
Ҷаноби Зокиров афзуд, агар ягон ширкати дастраскунандаи интернет кафолат диҳад, ки бо дастури боло ва бидуни огоҳӣ сомонаҳоро намебандад, ӯ ҳатман муштарии ин ширкат хоҳад шуд.

Раҳматилло Зоиров, ҳуқуқшиноси варзидаи тоҷик ҳам маҳдуд кардани дастрасии муштариёнро ба сомонаҳои алоҳида нақзи бевоситаи ҳуқуқи муштарӣ аз ҷониби ширкатҳои дастраскунандаи интернет медонад: «Ширкатҳои дастраскунандаи интернет аз ду ҷониб ҳуқуқи муштариёнашонро бо бастани сомонаҳои алоҳида нақз мекунанд. Аз як ҷониб ҳуқуқи онҳое, ки ин сомонаҳоро таъсис додаанд, аз ҷониби дигар ҳуқуқи онҳоеро ки ин сомонаҳоро мехонанд. Дар мо одатан ҳамон сайтҳое баста мешаванд, ки мардум аз он ҷо маълумот мегиранд. Пас мардум барои чӣ ба ширкатҳои интернетрасон пул медиҳанд?».

Дар ҷаҳони мутамаддин дар ҳама ҳолат, ҳаққи харидор ва муштарӣ болотар аст. Дар ҳоли дастрас накардани моли дилхоҳ, харидор метавонад, ҷуброну ҷарима талаб кунад. Вале Баҳодур Ҳабибов, роҳбари «Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон», мегӯяд, қонунгузории кишвар дар ҳолатҳои алоҳида барои интихоби ин ё он мол ва хадамот маҳдудият ҷорӣ кардааст: «Дар қонуни ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон омадааст, ки ҳар шаҳрванд ҳуқуқи озоди интихоби ин ё он мол ва ё хадамотро дорад. Вале дар ҳолатҳои истисноӣ қонунгузорӣ дасрасӣ ба хадамоти алоҳидаро маҳдуд кардааст.»

Номаи Хадамоти алоқа дар мавриди баста шудани "Фейсбук"
Номаи Хадамоти алоқа дар мавриди баста шудани "Фейсбук"


Ҷаноби Ҳабибов афзуд, ки қонунгузории Тоҷикистон дар мавриди расонидани хадамоти муосир, назири дастрасӣ ба интернет мукаммал нест ва дар қонун дақиқ нашудааст, ки дар кадом ҳолат дастрасӣ ба кадом намуди сомонаҳоро давлат метавонад маҳдуд кунад. Аз он ҷо, ки чунин нукта мушаххас дар қонун сабт нашудааст, ҳама гуна маҳдудият метавонад, ғайриқонунӣ унвон гардад.

Парвина Ибодова
Парвина Ибодова
Вале бо вуҷуди норозигиҳои шадид, то ҳол ҳеҷ муштарӣ, ягон ширкати интернетрасонро барои нақзи қарордод ба додгоҳ накашидааст. Бархе аз муштариён мегӯянд, ин ширкатҳо наметавонанд аз иҷрои амри Хадамоти алоқа сарпечӣ кунанд, зеро мумкин аст, аз ҳаққи фаъолият дар қаламрави Тоҷикистон маҳрум шаванд. Иҷозаи фаъолияти онҳоро дар қаламрави Тоҷикистон Хадамоти алоқа медиҳад ва бисёре аз гӯшаҳои ин фаъолияти онҳо ба ниҳоди мазкур бастагӣ мегирад.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо як дастури хаттӣ, рӯзи 26-уми ноябр, дар рӯзи ҷаҳонии иттилоот, бори дуввум дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии «Фейсбук»-ро маҳдуд кард. Ҳамчунин сар аз рӯзи 29-уми октябр сомонаи ozodi.tj ҳам масдуд шуд, ки гуфта мешавад маҳз бо амри Хадамоти алоқа тавассути "паёмак" сурат гирифтааст.

Яке аз фаъолони Анҷумани фароҳамкунандагони интернет, Парвина Ибодова мегӯяд, дар як соли охир ба сурати умум дастрасӣ ба 30 сомона дар Тоҷикистон маҳдуд шудааст, ки танҳо чанде аз онҳо мумкин аст, зиёновар бошанд. Бақия ба мардум иттилоъ мерасонанд ва табодули иттилоъро таъмин мекунанд.
XS
SM
MD
LG