Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зоиров: “Агар ҳизбро бастанд, як роҳ мемонад, мубориза"


Ба дунболи мамнӯъ шудани ҲНИТ ва боздошти аъзои аршади он, дар ҷомеа ин назар вуҷуд дорад, ки эҳтимол акнун Ҳизби состиал-демократ ва Ҳизби коммунист ҳадаф қарор гиранд.

Баъд аз баста шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин кишвар баъзе коршиносон ҳадс мезананд, ки мумкин аст дар оянда фаъолияти ду ҳизби дигар, яъне ҳизбҳои сотсиал-демократ ва коммунисти Тоҷикистон низ мамнӯъ эълон шаванд. Дар мусоҳибае бо Радиои Озодӣ Раҳматулло Зоиров-раиси Ҳизби сотсиал–демократи Тоҷикистон ва Исмоил Талбаков, муовини аввали раиси Ҳизби коммунист дар шаҳри Душанбе дар бораи ояндаи низоми бисёрҳизбӣ ва хатари баста шудани ҳизбҳояшон дар оянда изҳори назар карданд. Дар ҳоле, ки коршиносони наздик ба доираҳои ҳукуматӣ аз баста шудани ин ду ҳизб низ сӯҳбат мекунанд, Зоиров ва Талбаков бовар надоранд, ки ҳизбҳои онҳо баста мешаванд.

Ҷаноби Зоиров мегӯяд, “Низоми бисёрҳизбӣ имрӯз зери хатар аст. Пештар ҳам зери хатар буд. Имрӯз боз хатарноктар шуд. Имрӯз бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон мумкин пурра вуҷуд надорад. Мо ҳам намояндаи давлат ҳастем ва ба манфиати Тоҷикистон фаъолият мекунем. Мо ҳам дар хидмати ҷомеа ва ватан ҳастем. Лекин мазмуни ҳизби мухолиф дар он мебошад, ки конститутсияро албатта риоя кунад, албатта ҷонибдори давлат ва ҷомеа бошад. Аммо ҳизб метавонад дар татбиқи ҳокимияти давлатӣ бо ҳукумат дар бораи ин ё он масъала розӣ нашавад. Ҳозир танҳо Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мондааст, ки ба ҳизби мухолиф ворид мешавад. Ҳизби коммунист ҳам қисман ба ин гурӯҳ ворид шуданаш мумкин аст”.

Аммо ҷаноби Талбаков мутмаин аст, ки Тоҷикистон як ҷомеаи бисёрҳизбӣ аст ва дар оянда ҳизбҳое, ки сабти ном шудаанд, дар чаҳорчӯбаи оинномаи худ фаъолият мекунанд.

Ҳизби сотсиал-демократ ва Ҳизби коммунист мегӯянд, ки солҳои охир мавқеи ин ду ҳизб дар ҷомеа заиф нашудааст, балки қавитар шудааст, дар ҳоле ки коршиносон ба заъфияти онҳо ишора мекунанд, зеро ин ду ҳизб натавонистанд аз феҳристи ҳизбӣ дар интихоботи парлумонӣ курсие ба даст оранд.

Ба суоли Радиои Озодӣ дар ин бора, ки оё ин ду раҳбар ба мамнӯъ шудани фаъолияти ҳизбҳояшон бовар доранд ва агар ҳизбашонро бастанд, дар чӣ шакл фаъолияти худро идома медиҳанд, ҳам Зоиров ва ҳам Талбаков гуфтанд, ки ба бастани ҳизбашон бовар надоранд. Исмоил Талбаков мегӯяд, “Аслан ҳукумат ҳизбро намебандад. Ҳукумат ҳамин хел салоҳият ҳам надорад. Мо бо ҳукумати Тоҷикистон дар барқарор кардани ҳукумати конститутсионӣ саҳм гирифтаем ва дар паҳлӯи ҳукумат ҳастем, дар ҳама ҳолат омода ҳастем, ки дар ҳалли проблемаҳои мавҷуда ҳамкории зич дошта бошем”.

Аммо ҷаноби Зоиров мегӯяд: “Ман хабар дорам, ки ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон на аз Ҳизби сотсиал-демократ, балки аз раиси он, яъне аз ман Раҳматулло Зоиров бисёртар норозӣ аст. Агар ин хел масъалагузорӣ мекарда бошанд ва ҳизбро мебастагӣ бошанд, дар он вақт бояд, ки ман ҳамчун раиси ин ҳизб дигар одамро ба раёсати ин ҳизб ҷалб намоям ва анҷумани мо ин гуна одамро интихоб кунад. Агар ба ин пешниҳод ҳам ҳукумати Тоҷикистон розӣ нашавад, як роҳ мемонад - мубориза. Вале мубориза на аз роҳи тундгароӣ, балки дар чаҳорчӯбаи қонун мешавад».

Сарнавишти ҳизбҳои коммунист ва сотсиал-демократи Тоҷикистон чӣ хоҳад шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:04 0:00

XS
SM
MD
LG