Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лионел Месси ба 21 моҳи зиндон маҳкум шуд


Додгоҳи шаҳри Барселона ситораи маъруфи футболи ҷаҳонӣ Лионел Мессиро бо ҷурми сарпечӣ аз пардохти андоз ба 1 солу 9 моҳи зиндон маҳкум кард. Падари ӯ Хорхе Месси низ бо айни ҷурм 21 моҳ ҳукми зиндон гирифт.

Додгоҳи шаҳри Барселонаи Испания рӯзи 6 июл футболбози маъруфи бошгоҳи “Барселона” ва тими миллии Аргентина Лионел Мессиро бар асоси се ҷурми марбут ба сарпечӣ аз пардохти андоз ба 21 моҳи зиндон маҳкум кард. Додгоҳ дар баёнияаш гуфт, ки Месси ва падари ӯро дар се мавриди сарпечӣ аз пардохти андоз гунаҳкор шинохтааст. Падари Месси низ дар баробари фарзандаш барои 1 солу 9 моҳ ҳукми зиндон гирифт.

Аммо бар асоси қонунҳои Испания, агар ҳукми зиндон то 2 сол бошад, онро метавон ба сурати шартӣ адо кард. Ин ба маъноест, ки бо вуҷуди судури ҳукми зиндонашон Лионел Месси ва падари ӯ равонаи зиндон намешаванд. Падару писар ҳамин тавр, метавонанд аз ҳукми додгоҳи Барселона ба Додгоҳи олии Испания шикоят баранд.

Додгоҳи Барселона ҳамчунин Лионел Мессиро ҳудуди 2 миллион евро ва падарашро 1,5 миллион евро ҷарима бастааст.

Шореҳи варзиш Меҳдии Рустампур дар шарҳи ҳукми зиндони ба Озодӣ гуфт, ду футболбози “Барселона” – Неймар ва Месси ба тахаллуфоти молиётӣ айбдор шудаанд ва ин бешак, ба обрӯи ҳам ин бошгоҳ ва ҳам ба эътибори бозигарон латма хоҳад зад: “Месси дар ҳоли ҳозир шояд ситораи варзиши рақами як дар тамоми рӯи курраи Замин бошад. Ҳар тахаллуфе, ки аз сӯи як ситораи маъруф сар мезанад – сар карда аз рондани мошин бо суръати мошин ё ҳар тахаллуфи дигар – ҳатман сару садои зиёде ба по мекунад. Хусусан агар ин ситора даст ба тахаллуфи молиётӣ зада бошад. Шояд фирор аз пардохти молиётро дар Эрон ё Тоҷикистон ҷурми бузурге нашиносанд, вале дар Аврупову Амрико ин масъала шӯхибардор нест ва ҳатто ҳукми зиндонро дорад. Ба ин далел, ин масъала барои Месси беоқибат намемонад ва метавонад ҳатто рӯи қарордодҳои ӯ бо ширкатҳои бузург, ки барояш ҳатто аз бозӣ дар майдони футбол дида, даромади бештар меорад, таъсир бигузорад.”

Оқибатҳои ҳукми зиндони Лионел Месси
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00
Линки мустақим

Мессии 29-сола ва падари ӯ, ба гуфтаи мақомоти андози Испания, дар солҳои 2007-2009 дар минтақаҳои офшор ширкатҳои қалбакӣ таъсис дода, аз даромади баробари тақрибан 4,1 миллион евро як сент молиёт насупурдаанд. Вокуниши Месси ба ҳукми додгоҳ ҳанӯз дастрас нест, вале ситораи футбол қаблан гуфта буд, ки назорати сармояҳояшро ба падараш супурда буд ва аслан хабар надошт, ки падараш бо пулҳои ӯ чӣ кор мекунад?​

Баъзе ҳаводорони Мессӣ мӯътақиданд, ки ин ситораи футбол ягон гуноҳ надорад ва қурбони “бозӣ”-ҳо шудааст. Дигарон мегуфтанд, ки ҳатто дар сурати собит шудани гуноҳи Мессӣ, меҳри онҳо ба ин футболбоз кам намешавад.

Дар гузашта чунин низ ҳодисаҳои саркашии ситораҳои варзиш аз андозсупорӣ сабт шудаанд. Аз ҷумла яке аз беҳтарин теннисбозони солҳои 90 Штефи Графф низ ба саркашӣ аз супурдани андоз муттаҳам шуда буд, вале падараш тамоми ҷурмро ба гардан гирифта, бар иловаи супурдани ҷарима муддате зиндонӣ ҳам шуд.

Дар соли 2014 Ули Ҳёнесс, президенти дастаи маъруфи футболи “Бавария”-и Мюнҳен бо ҷурми сарпечӣ аз пардохти андоз аз 15 миллион евро даромадаш ва дар суратҳисобҳои бонкиаш дар Швейтсария пинҳон кардани 27 миллиони дигар ба 3 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд. Ҳёнес моҳи феврали соли 2016 пеш аз мӯҳлат аз зиндон раҳо ёфт.

Роналдо ва Месси
Роналдо ва Месси

Лионел Месси – ҳамлагари 29-солаи дастаи "Барселона"-и Испания ва тими мунтахаби Аргентина - панҷ бор беҳтарин футболбози соли ҷаҳон эътироф шудааст. Мухлисони футбол Месси ва ҳамлагари португалии тими “Реал”-и Мадрид Криштиану Роналдуро ду бозигари беҳтарини футболи муосир мешуморанд. Бисёриҳо саҳми Лионел Мессиро дар футбол ҳамсанги ситораҳои бузурге, чун Пелеи бразилиягӣ ва ҳамватанаш Марадона мешуморанд ва мегӯянд, Месси то поёни собиқаи варзишиаш ҳанӯз фурсат дорад, ки аз он ҳарду ҳам пеш гузарад.

Баъди шикасти Аргентина дар бозии ниҳоии Ҷоми Амрико дар поёни моҳи июн Месси эълон кард, ки ҳунарнамоӣ дар тими миллии кишварашро бас мекунад ва рӯи идомаи бозиаш дар “Барселона” тамаркуз хоҳад кард. Дар пайи ин изҳорот ҳазорон мухлиси футбол ва ҳатто раисиҷумҳури Аргентина Маурисио Макри аз Месси даъват карданд, ки ин тасмими худро бозбинӣ кунад ва дар ҳайъати тими миллӣ бимонад.

XS
SM
MD
LG