Пайвандҳои дастрасӣ

Мушкили дастрасӣ ба замин барои сохтмони хона дар Хатлон, бархе сокинонро то ҳадде ба ташвиш овардааст, ки баъди муроҷиатҳои бенатиҷа ба мақомоти маҳаллӣ ва ҳукумати вилоят, талош мекунанд аз президент додхоҳӣ кунанд.

Ҷамшед Беков ва Сайёра Худоёрова, зану шавҳари ҷавон ва маъюби гурӯҳи якум, ки сокини деҳаи Баҳористони ҷамоати Арали ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҳастанд мегӯянд, солиёни зиёд 21 нафар хешутабор дар ҳавлии калони иборат аз 15 сотих замин зиндагӣ мекунанд ва шадидан ба макони дигари зист, ниёз доранд. Ин зану шавҳари маъюб мегӯяд, ки шароити танги ҳавлӣ зиндагии онҳоро то рафт мушкилтар мекунад. Орзуи ин ҳамсарони маъюб дастрасӣ ба як порча замин ва бунёди хонаи алоҳида аст, вале то ҳол муроҷиатҳои батакрори онҳо беҷавоб мондааст.

Мушкили замин дар Хатлон ба як мавзӯи доимии баҳсу баррасиҳои аксар ҷаласаҳои ҳукумати маҳаллӣ табдил шудааст.

Ҷамшед Беков мегӯяд, баъди интизориву талошҳои бенатиҷаашон мехоҳанд ба дастгоҳи президент мактуб нависанд, то ҳукумати марказӣ ба доди онҳо бирасад: "Аз соли 2009 муроҷиат мекунам. Номамро аз рӯихати онҳое, ки соҳиби замин мешавад, хат заданд. Ба се раиси ноҳия муроҷиат кардам, боз моҳи март рафтам, вале боз хомӯш монданд. Мегӯяд, ки кӯмак мекунем, вале чизе нест.”

Ҷамшед Беков гуфт, нафақаи маъюбии худу ҳамсараш дар маҷмӯъ 312 сомониро ташкил медиҳад ва ин маблағ барои харидории манзил ва ё сохтмони хона ҳам намерасад. Муҳаррамаи 9-моҳа -- фарзанди ин ду маъюб низ аз ҳамин нафақа либос мепӯшад ва шир мехӯрад. Ин маблағ барои хароҷоти дигари рӯзгор кифоят намекунад. Ҷамшед мегӯяд: "Мехоҳем ба президент муроҷиат кунем, ки ақалан дар оянда барои духтарам Муҳаррама як сарпаноҳе дошта бошем, ақалан аз мо чизе мерос бимонад."

На танҳо ин оила, балки хонаводаҳои зиёди дигар ҳам дар мавриди соҳиб шудан ба замин барои сохтмони манзил зуд-зуд шикоят мебаранд, ки дар миёни онҳо маъюбон, занони танҳо, кормандони сохторҳои будҷавӣ, мисли омӯзгорон, низ ҳастанд.

Тибқи иттилои расмӣ, 80 дар сади арзу шикоятҳои мардум ба ҳукуматҳои маҳаллӣ вобаста ба замин будааст. Эҳтиёҷ ба замин ба муомилаҳои ғайриқонунӣ бо иштироки мақомоту корафтодаҳо ҳам сабаб мешавад. Оҷонсии мубориза бо фасод дар вилояти Хатлон ҳолатҳои ришваситонӣ дар чанд моҳи соли ҷориро дар рафти тақсимоти замин ошкор кардааст, вале аз гуфтани оморӣ дақиқ феълан худорӣ меварзад.

Додситони вилояти Хатлон дар аввали соли ҷорӣ гуфта буд, ки онҳо нисбати афроде, ки дар тақсмимоти замин ба сокинон ба ришваситонӣ даст доштаанд, парвандаҳои ҷиноӣ боз кардааст. Аз додситони вилояти Хатлон гуфтанд, ки давоми соли 2016 дар вилоят 267 парвандаи ҷиноӣ вобаста ба замин боз шудааст, ки 45 парванда хусусияти коррупсионӣ доштааст, ки дар он кормандони кумитаҳои замин, идораҳои ҷамоатҳо ва заминсозҳо, даст доштаанд.

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, ки алайҳи як масъули Оҷонсии суғуртаи иҷтимоии ноҳияи Вахш, ки ба такрор аз ду сокини ин ноҳия бар ивази ҷудо карадни замин пул талаб кардааст, аз рӯи моддаи "қаллобӣ"-и Кодекси ҷиноии кишвар, парвандаи ҷиноӣ боз намуда, ба додгоҳ фиристодаанд.

Дар гузашта Оҷонсии мубориза бо фасод дар вилоят даст доштани муовини собиқи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро дар ришваситонӣ ба ҳангоми тақсимоти замин, ба қайд гирифтааст.

Мушкили замин дар Хатлон ба як мавзӯи доимии баҳсу баррасиҳои аксар ҷаласаҳои ҳукумати маҳаллӣ табдил шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG