Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен: "Лаҳзаи таъйинкунанда дар музокироти оташбас дар Ғазза расидааст"


Энтони Блинкен
Энтони Блинкен

Вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзи 19-уми август гуфт, дар музокироти оташбас дар Ғазза “лаҳзаи таъйинкунанда” расидааст.

Ишораи Энтони Блинкен ба талошҳои дипломатии Вашингтон барои дастёбӣ ба созиши миёни Исроил ва гурӯҳи “Ҳамос” аст, ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо онро террористӣ медонанд.

Блинкен изҳори умедворӣ кард, ки акнун “имконияти беҳтарин ва эҳтимолан охирин” барои хатми ҷанг ва ба хонаҳояшон баргардондани гаравгонҳо расидааст.

Вазири корҳои хориҷии Амрико дар Исроил аст ва қарор аст аввал бо президент Исҳоқ Ҳерзог ва сипас бо нахуствазир Бенямин Нетаняҳу дидору гуфтугӯ кунад.

Дар чанд давраи музокироти оташбас дар Ғазза, ки то ҳол барпо шудааст, Иёлоти Муттаҳида, Миср ва Қатар ҳамчун миёнарав байни Исроилу гурӯҳи тундрави “Ҳамос” баромад мекунанд.

XS
SM
MD
LG