Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои нахустин бор як мусалмон шаҳрдори Лондон шуд


Содиқ Хон ҳамроҳи ҳамсараш Саъдия.
Содиқ Хон ҳамроҳи ҳамсараш Саъдия.

Барои нахустин бор як мусалмон раиси шаҳри Лондон --пойтахти Бритониё интихоб шуд.

Содиқ Хон, номзади мусалмон аз Ҳизби коргари Бритониё шаҳрдори Лондон интихоб шуд. Ин нахустин бор аст, ки як мусалмон ба унвони шаҳрдори Лондон -- яке аз бузургтарин шаҳрҳои дунё интихоб мешавад. Содиқ Хон фарзанди як ронандаи автобус ва муҳоҷири покистонӣ аст.

Дар ҳоле Содиқ Хон тавонист бар рақиби худ аз Ҳизби муҳофизакор пирӯз шавад, ки дар маъракаи интихоботӣ барои мақоми раиси шаҳри Лондон вайро ба робита доштан бо ҷараёнҳои ифротии исломгаро, муттаҳам карда буданд.

Тибқи иттилои хабаргузориҳо, бо вуҷуди пирӯзии Ҳизби коргар дар шаҳрдории Лондон, ин ҳизб дар дигар интихоботҳои маҳаллӣ шикаст хӯрдааст. Пирӯзии номзади Ҳизби коргар дар интихоботи шаҳрдории Лондон боис шуд пас аз ҳашт сол идораи ин шаҳр бори дигар ба ин ҳизб баргардад. Дар ҳоли ҳозир раиси ин шаҳр Борис Ҷонсон, аз Ҳизби муҳофизакор мебошад.

Тибқи гузоришҳо, пирӯзии Содиқ Хони 45-сола дар интихоботи шаҳрдории Лондон дастоварди муҳиме барои Ҳизби коргар ба шумор меравад. Зеро Содиқ Хон -- фарзанди як муҳоҷири покистонӣ тавонист бар Заг Голдсмити 41-сола, фарзанди як миллиардер аз ҳизби муҳофизакор пирӯз шавад ва каме ҳам бошад аз талхии нокомиҳои Ҳизби коргар дар интихоботи рӯзи панҷшанбе бикоҳад.

Мақомоти масъули интихоботи шаҳрдории Лондон гуфтаанд, ки орои ба дастовардаи Содиқ Хон ба андозае расидааст, ки дигар рақибони наметавонанд ба вай бирасанд.

XS
SM
MD
LG