Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маматалиев: Тоҷикистон чандон дилгармӣ нишон надод


Абдураҳмон Маматалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон
Абдураҳмон Маматалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон

Муовини нахуствазири Қирғизистон мегӯяд, ки ба пешниҳоди онҳо дар бораи табодули 12-гектарӣ замини баҳсбарангез миёни Душанбе ва Бишкек ҳамтои тоҷикаш чандон дилгармӣ нишон надодааст.

Абдураҳмон Маматалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон, 28 октябр дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки бори аввал дар таърих байни Тоҷикистону Қирғизистон додугирифти заминҳои мушаххас ба якдигар сурат хоҳад гирифт. Ба қавли вай, ин додугирифт аз ҳар ду ҷониб 12-гектарӣ заминро ташкил медиҳад ва бештар ба марҳади миёни Бодканду Исфара марбут аст.

Маматалиев: "Мо заминҳоеро мегирем, ки дар рустои Кӯктош қарор дорад ва дар он ҷо қабристон ҷой гирифтааст. Ҷониби Тоҷикистон заминҳои поёни ҳамин русторо хоҳад гирифт. Чанд рӯз пеш дар Душанбе будам. Дар он ҷо ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматиро баргузор кардем. Баъд аз машварат тасмим гирифтем, ки рӯзҳои 5-6 ноябр дар Бишкек мулоқот кунем. Ҷониби Қирғизистон пешниҳодҳои худро дар бораи хатти марз матраҳ кард. Мо аз ҷониби Тоҷикистон хостем, ки ин пешниҳоди моро омӯзанд. Ман ба раҳбари ҳайати Тоҷикистон Азим Иброҳим ба таври мушаххас ҳамин як қитъаи номбаршударо пешниҳод кардам."

Озодӣ: Оё ҷониби Тоҷикистон бо ин пешниҳоди Шумо розӣ аст ва ин пешниҳодро ҷонибдорӣ мекунад?

Маматалиев: "Мо ин пешниҳодро дар мулоқоти оянда баррасӣ мекунем. Ман ин пешниҳод ва ин ташаббусро ба ҳамкори тоҷики худ гуфтам. Вай ба ин пешниҳод чандон дилгармӣ нишон надод. Гап дар сари он аст, ки мо он ҳуҷҷат ё нақшаро то ҳол ба онҳо надодаем ва масъалаи додугирифти 12 гектар аз миёни худи аҳолӣ баромадааст, яъне аз ҷониби худи сокинони минтақаҳои марзӣ. Ин пешниҳоди ҳукумат нест. Ба ман ин пешниҳод писанд омад. Ман бо коршиносон дар ин бора машварат кардам. Мо бо мақомоти маҳалии Тоҷикистон низ ин масъаларо баррасӣ кардаем. Ин пешниҳодро сокинони маҳалии ҳар ду ҷониб судманд медонанд. Дар қадамҳои аввал ин масъала бо онҳо ҳамоҳанг шудааст. Бори аввал ин гуна масъала дар сатҳи Комиссияи байниҳукуматӣ матраҳ ва баррасӣ мешавад."

Озодӣ: Шумо ёдоварӣ кардед, ки рӯзҳои 5-6 ноябр ҳайати Тоҷикистон ба Бишкек меояд. Дар ин мулоқот чӣ масъалаҳо баррасӣ хоҳанд шуд?

Маматалиев: "Созишномаи тақсим ва таъини хатҳои марзиро баррасӣ мекунем. Мо тарҳи созишнома дар бораи мақоми ҳуқуқии роҳҳои марзиро низ дар даст дорем. Мо роҳҳои Куктош-Оқсойро сохтем, роҳи доираии ба сӯ Ворухро месозем. Ду пул ба истифода дода шуд. Якеашро Тоҷикистон сохт ва дигариро мо сохтем. Инҳо, албатта, масъалаҳои муқаддамотии нишасти оянда аст, ки бояд ҷонибҳо барои баррасӣ ба тавофуқ расонанд."

То ҳанӯз аз 976 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо 504 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Идомаи баҳси ду кишвар бар сари қисматҳои боқимондаи марз, аз ҷумла, такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1989 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1924, соли таъсиси Тоҷикистону Қирғизистон, мунҷар ба он шуд, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди таъин ва аломатгузории марзҳояшон дигар ягон километр пеш нарафтаанд.

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ки Қирғизистон ба тақрибан 2,5 ҳазор гектар замин дар дохили қаламрави Тоҷикистон даъво дорад. Тоҷикистон ба навбати худ иддао дорад, ки дар натиҷаи иҷорадиҳии заминҳои кишту чарогоҳ, ки байни ҷумҳуриҳои “дӯст ва бародар”-и Иттиҳоди Шӯравӣ як амри роиҷ буд, имрӯз даҳҳо ҳазор гектар заминаш ба ихтиёри Қирғизистон гузаштааст.

Вуҷуди минтақаҳои зиёди баҳсӣ дар тӯли марзи ду кишвар ва асосан дар байни вилоятҳои Суғду Бодканд, ҳар сари чанд вақт боиси бурузи танишҳо ва ҳатто задухӯрдҳои мусаллаҳона байни марзбонони тоҷику қирғиз ва ҳам сокинони ду тарафи марз мешавад.

XS
SM
MD
LG