Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди шаҳрвандии Қирғизистон ба тоҷикҳои сокини минтақаҳои баҳсӣ


Сокинони манотиқи ҳаммарз бо Қирғизистон мегӯянд, ки кишвари ҳамсоя ба онҳо роҳи осони дарёфти шаҳрвандии Қирғизистонро пешниҳод доранд.

Кишвари ҳамсояи Қирғизистон ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар деҳоти назди марз зиндагӣ мекунанд, роҳи осони дарёфти шаҳрвандиро пешниҳод кардааст. Барои дарёфти шаҳрвандии Қирғизистон танҳо шиноснома ва санади ҷойи истиқомат кофӣ аст.

Пешниҳоди шаҳрвандии давлати ҳамсоя дар ҳолест, ки баҳсҳои марзӣ бар сари заминҳои атрофи деҳаҳои ҷамоати Чоркӯҳи Исфара , деҳоти ҷамоати Овчӣ-Қалъача ва Хистеварзи ҷамоати Бобоҷон Ғафуров ба поён нарасидааст ва бо вуҷуди мулоқотҳои бамаротиб ҷонибҳо натавонистаанд то ҳол раванди аломатгузории марзро ба анҷом расонанд.

Сокини 45-солаи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Ғафуров Абдухолиқ Абдуллоев аз ҷумлаи он нафаронест, ки шаҳрвандии Қирғизистонро дарёфт кардааст. Ӯ мегӯяд, дар мавзеъи баҳсӣ қитъаи замине дошт, ки ӯ ва хонаводааш аз ҳисоби он зиндагӣ мекунанд. Ҳарчанд, ҳоло маълум нест, ки ин заминҳо ба кадом кишвар таалуқ доранд, аммо қирғизҳо шарт гузоштаанд, ки танҳо дар сурати гирифтани шаҳрвандии Қирғизистон кор дар ин заминҳоро имконпазир хоҳад буд.

“Соли гузашта қирғизҳо нагузоштанд, ки дар заминам кишту кор кунам. Чанд бор ба ҷамоат муроҷиат кардам, ки роҳашро пайдо кунед, ки дар заминам кор кунам, аммо нашуд. Маҷбур шудам, ки шаҳрвандии Қирғизистонро гирам ва озодона ба заминам рафта, кор кунам,”- мегӯяд Абдухолиқ Абдуллоев.

Аксари сокинони деҳоти наздимарзӣ мегӯянд, ҷониби Қирғизистон масъалаи заминҳои баҳсиро хеле ҷиддӣ гирифтааст ва ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз замони Шӯравӣ заминҳои мавриди баҳсро истифода мекунанд ва дар он ҷо боғ бунёд кардаанд, иҷозаи кор надоранд, магар ки шаҳрвандии Қирғизистонро бипазиранд.

Каримхон Валиев, сокини дигари ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар заминҳои баҳсӣ 3,5 гектар боғ дорад, мегӯяд, пешниҳоди дарёфти шаҳрвандиро кормандони ҳукуматҳои маҳаллии Қирғизистон ва марзбонони қирғиз бр онҳо матраҳ карданд.

"Ҳатто моро мӯҳлат дода истодаанд, ки агар шаҳрвандиро қабул кунед, хуб, набошад, дигар иҷозат намедиҳем, дар боғ кор кунед. Ин заминҳоро падару бобоҳои мо истифода мекарданд. Нав ин хел гап баромад. Рости гап, як хел тоҷикҳо аз зӯромад маҷбуранд, ки шаҳрвандӣ бигиранд," – гуфт ӯ.

Эргашбой Ҷӯраев, раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, муроҷиатҳо барои аз қайд берун шудан ва гирифтани шаҳрвандии Қирғизистон вуҷуд дорад, вале ҳоло онҳо ба касе чунин иҷозат надодаанд. Ӯ мегӯяд, "ба онҳое, ки муроҷиат мекунанд, мо фаҳмонида истодаем, ки шумо шаҳрванди ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастед. Ин хел фикр накунед. Оянда бояд ин ҷо фарзандони мо зиндагӣ кунанд. Лекин мо ҳеҷ касро қонунӣ аз қайд барои шаҳрванди Қирғизистон шудан набаровардаем.”

Аммо Абдухалил Шарифов , муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара мегӯяд, сокинони ҷамоати онҳо ба чунин даъватҳои ҷониби Қирғизистон ҷавоби рад додаанд: “Шояд онҳо мехоҳанд, бо ин роҳ баҳси марзиро ба манфиати худ ҳал кунанд, вале ин роҳи ҳал нест. Сокинони ҷамоати мо комилан ин даъватро қабул накардаанд. Ин баҳсҳо бояд аз роҳи дипломатӣ ва беғаразона ҳал шавад.”

Як мақоми маҳалии ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон дар сӯҳбати телефонӣ ва бидуни муаррифиии худ ба "Озодӣ" гуфт, ки шарти гирифтани шаҳрвандӣ барои онҳоест, ки мехоҳанд, заминҳои ин кишварро доимӣ истифода кунанд. Ӯ гуфт, ин пешниҳод ба хотири даст назадани сокинони Тоҷикистон ба марзшиканӣ матраҳ шудааст. Ӯ гуфт: “Тоҷикон ҳавасманданд, ки дар заминҳои мо кор кунанд. Аз ин рӯ, мо мехоҳем, ки онҳо қонунӣ кор кунанд, на ин ки сарҳадро ғайриқонунӣ убур намуда, ба қаламравҳои мо ворид шаванд”.

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз 970 километр тӯли умумиаш то имрӯз танҳо ҳудуди 519 километараш аломатгузорӣ шудааст, сари ҳар чанд вақт моҷароҳое барои дастрасӣ ба обу замин ва чарогоҳҳо бармехезад. Дар солҳои гузашта дар чандин чунин ихтилофҳо чандин нафар кушта шуд ва даҳҳо нафар аз ҳарду тараф маҷрӯҳ гардиданд.

XS
SM
MD
LG