Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти раҳбарони мухолифин барои талоши ғасби ҳукумат


Мақомоти амниятии Қирғизистон рӯзи 24 март ду раҳбари мухолифинро дар чорчӯби таҳқиқи парвандаи талоши ғасби ҳукумат боздошт кардаанд.

Ду раҳбари мухолифини Қирғизистон рӯзи 24 март аз сӯи мақомоти амниятии ин кишвар дар робита ба қазияи қасди табаддулоти давлатӣ дастгир шудаанд. Замира Сиддиқова, сардабири нашрияи “Республика” ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, Бектур Асанов, раиси ҳизби Эгемен Қирғизистон ва Кубаничбек Қодиров, ва раҳбари ҳизби Чундукро рӯзи 24 март аз дафтари кори ӯ бурдаанд. Ба гуфтаи Замира Сиддиқова, афроде, ки ин ду сиёсатмадорро дастгир карданд, худро афсарони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон муаррифӣ кардаанд.

Кубаничбек Қодиров қаблан муовини собиқи вазири корҳои дохилӣ ва Бектур Асанов дар гузашта волии вилояти Ҷалолобод дар ҷануби Қирғизистон буданд.

Сухангӯи Кумитаи амният баъдан гуфт, ки ду нафар дар робита ба таҳқиқи қазияи ду сабти садоии сӯҳбатҳое, ки дар Интернет мечарханд, ба назди муфаттишон оварда шудаанд. Аммо сӯхангӯи Кумитаи амният аз ин ду нафар танҳо ҳамчун Б.А. ва К.Қ. ном бурдааст, ки бо ҳарфҳои аввали номҳои Асанов ва Қодиров мувофиқ меояд.

Дар иттилоияи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфта мешавад, ки ин ду нафар ба қасди бесубот гардондани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар кишвар ба хотири анҷоми табаддулот барои ғасби ҳукумат бо роҳи зӯроварӣ гумонбар мешаванд. Чунин аъмол бар асоси ду банди Кодекси ҷиноии Қирғизистон – моддаи 27 (омодагӣ ба ҷиноят) ва моддаи 295 (ғасби ҳукумат бо роҳи зӯроварӣ) – ҷавобгарии ҷиноӣ дорад. Моддаи 295 барои ғасби қудрат аз 12 сол то 20 соли зиндонро ҳамчун ҷазо пешбинӣ мекунад.

Бектур Асанов
Бектур Асанов

Рӯзҳои 21 ва 22 март дар Интернет ду сабти садоии сӯҳбатҳо байни 3-4 мард, ки гумон меравад, раҳбарони мухолифин бошанд, нашр шуд. Эҳтимол меравад, ки ин садоҳои Бектур Асанов, Кубаничбек Қодиров ва боз ду раҳбари мухолифин Азимбек Бекназаров ва ташкилкунандаи митингҳои соли 2010 дар Талас Дуулат Турдуналиев бошанд. Гуфта мешавад, ки ин сӯҳбатҳо ба таври пинҳонӣ сабт шудаанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баъдан хабар дод, ки сабтҳои дар Интернет нашршудаи сӯҳбатҳои гурӯҳи афродеро, ки аз қасди худ барои ғасби ҳукумат ҳарф мезананд, сабтҳои кумитаи амният низ тасдиқ мекунанд. Гуфта мешуд, ки ин сабтҳо дар чорчӯби парвандаи қаблан бозшуда бо иҷозати додгоҳ ба даст омадаанд.

Дар ин сӯҳбатҳо аз ҷумла масъалаи ташкили гирдиҳамоиҳо дар вилоятҳои Қирғизистон дар моҳи март ва роҳҳои ба даст овардани ҳукумат баҳс мешавад.

Бектур Асанов рӯзи 22 март дар пайи нашри нахустин сабти сӯҳбатҳо дар Интернет ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ дар ҳақиқат бо Қодиров ва Турдуналиев сӯҳбат дошт, вале сӯҳбати онҳо на дар бораи ғасби ҳукумат, балки дар бораи тағйири ҳукумат бо роҳҳои қонунӣ буд.

Одил Турдуқулов
Одил Турдуқулов

Одил Турдуқулов, таҳлилгари масоили сиёсии Қирғизистон рӯзи 24 март дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, дар пушти ин моҷарои нави сиёсӣ зоҳиран талоши гурӯҳҳои наздик ба ҳукумати кунунӣ барои аз саҳна берун кардани рақибони сиёсиашон истодааст: “Онҳое ки ҳоло ба ғасби ҳукумат гумонбар мешаванд, аз чеҳраҳои калидии инқилоби баҳори соли 2010 буданд ва дар байни мардум нуфуз доштанд. Вале тавре ба назар мерасад, ин ҳамон мавриди классикиест, ки инқилоб бачаҳои худро мехӯрад. Ҳукумати кунунӣ, ки дар сиёсати дохилӣ зиёд муваффақ ба назар намерасад, ва дар муносибот бо Русия низ ба натиҷаи дилхоҳе ноил нашуду то ҳол натавонистааст баҳсҳои марзӣ бо Тоҷикистону Узбакистонро ҳал кунад, мехоҳад бо чунин як парвандаи пурсарусадо таваҷҷӯҳи ҷомиаро аз ин масоили ҳалношуда ба самти дигар барад.”

Турдуқулов мӯътақид аст, ки ин моҷаро нуфузи мухолифинро дар ҷомиа коҳиш нахоҳад дод, чунки мегӯяд ӯ, мардум онҳоеро, ки таҳти таъқиб қарор мегиранд, дӯст медорад. Вале барои он чанд нафаре, ки сӯҳбаташон пинҳонӣ сабт шудааст, ин моҷаро метавонад хеле бад тамом шавад: “Қонунгузории мо барои ғасби қудрат бо роҳи зӯроварӣ то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Ва агар инҳо дар додгоҳ натавонанд аз худ дифоъ кунанд, барои муддати тӯлоние пушти панҷара хоҳанд рафт. Ҳарчанд ки ин ба сӯди оромии ҷомиаи Қирғизистон нест.”

Сиёсатмадороне, ки ҳоло бар асоси сабти сӯҳбатҳояшон ба талоши ғасби ҳукумат гумонбар мешавад, аъзои Ҷунбиши мухолифини Қирғизистон мебошанд. Ин ҷунбиш аҳзобу созмонҳои мухолифи ҳукумати раисиҷумҳури кунунии ин кишвар Алмосбек Отамбоевро муттаҳид мекунад.

Дар пайи нашри сабти ин сӯҳбатҳо мухолифини қирғиз аз баргузории гирдиҳамоии пешбинишудаи 24 март дар шаҳри Ӯш дар ҷануби Қирғизистон худдорӣ карданд. Намояндаи ҷунбиши “Эл уну” (“Овози халқ”) Медер Усенов гуфт, чунин тасмим ба сабаби вазъи ноороми марзии миёни Қирғизистон ва Узбакистон гирифта шудааст. Намояндагони “Эл уну” зикр карданд, ки дар ҳамоиши 24 март мебоист шӯрои ҳамоҳангсози мухолифон таъсис меёфт.

Дар гузашта низ дар Қирғизистон сабти сӯҳбатҳои сиёсатмадорони маъруф, аз ҷумла раҳбарони ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифин ба таври махфӣ сабт ва нашр мешуданд. Дар 11 соли охир ҳукумати ин кишвар ду дафъа – дар солҳои 2005 ва 2010 – дар пайи эътирозҳои мардумӣ барканор карда шуд.

XS
SM
MD
LG