Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шахсияти як ҷангии “Давлати исломӣ”-ро маълум кардаанд


Нафаре, ки дар марказ аст, худро аз Қирғизистон муаррифӣ мекунад.
Нафаре, ки дар марказ аст, худро аз Қирғизистон муаррифӣ мекунад.

Мақомоти амниятии Қирғизистон шахсияти як ҷангиеро, ки дар як навори таблиғотии созмони тундрави “Давлати исломӣ” суханронӣ мекард, муқаррар кардаанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, ҳуввияти нафареро, ки дар як навори ахири таблиғотии созмони тундрави “Давлати исломӣ” бо забони қирғизӣ суханронӣ мекард, маълум кардаанд. Бино ба натиҷаҳои таҳқиқоти ин ниҳод, ин нафар Аскарбек Ғаффоралиевич Боқибеков, зодаи ноҳияи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Лайлаки вилояти Бодканд буда, ҳамагӣ 22 сол дорад. Маълум шудааст, ки Аскарбек Боқибеков дар моҳи декабри соли 2014 бо баҳонаи омӯзиши забони арабӣ ба хориҷ рафтааст.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон алайҳи Боқибеков бар асоси қисми чоруми моддаи 226-уми Кодеки ҷиноии ин кишвар (ширкат длар низоъҳои мусаллаҳона ва амалиёти мусаллаҳона дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ ваё тамрини террористӣ ва экстремистӣ) парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин банди қонун ҳамчун муҷозот барои афроди алоҳида аз 5 то 8 соли зиндон ва агар чунин аъмол бо маслиҳати пешакӣ ба сурати гурӯҳӣ анҷом шуда бошад, аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон бо нашри як иттилоия бори дигар шаҳрвандони ин кишварро ҳушдор додааст, ки ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ ва он ҳам дар ҳайъати гурӯҳҳои тундрав ҷавобгарии ҷиноӣ дорад.

Аскарбек Боқибеков
Аскарбек Боқибеков

Дар як навори таблиғотии “Давлати исломӣ”, ки чанд пеш нашр шуд ва амалиёти ҳавоии артиши Русия дар Сурияро маҳкум мекард, дар пайи қироати муроҷиатномаи ин созмон бо забони арабӣ чанд нафар бо муаррифии кишварҳои худ бо забони модариашон суханронӣ карданд. Аз ҷумла ҷавоне, ки ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон, Аскарбек Боқибеков мебошад, бо забони қирғизӣ мегӯяд, ки ӯ аз Қирғизистон аст.

Дар ин авохир дар Интернет наворҳои зиёде бо ширкати ҷангиёни қирғизистоние, ки дар Сурияву Ироқ меҷанганд, нашр шудаанд. Онҳо маъмулан дигаронро барои пайвастан ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” даъват мекунанд.

Зокир Чотаев, муовини раиси Кумиссиюни давлатии умури дини Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди талошҳои афзояндаи мақомот, шумори шаҳрвандони қирғизе, ки боз ҳам ба Сурия мераванд, кам нашудааст: “Ҳоло, бино ба маълумоти расмӣ, ҳудуди 400 шаҳрванди Қирғизистон дар Сурия қарор доранд. Асосан онҳое ба Сурия мераванд, ки аз дину мазҳаб огоҳии чандоне надоранд. Шаҳрвандони аз нигоҳи мазҳабӣ бесавод бештар таҳти таъсири идеологиҳои тундрав қарор мегиранд. Албатта, онҳое ҳам ҳастанд, ки ба далели мушкилоти хонаводагӣ, ҷудо шудан аз ҳамсар, аз даст додани волидон ваё ба иллати бекорӣ роҳи Сурияро пеш мегиранд. Вале сабаби асосӣ бесаводӣ дар масъалаҳои динист.”

Чанде пеш дар Интернет видеое нашр шуд, ки дар он як ҷангии ҷавон қабл аз ҳамлаи маргталабон мегиряд. Баъдан маълум шуд, ки ин маргталаб Бобур Исроилови 21-сола аз ноҳияи Сӯзаки вилояти Ҷалолободи Қирғизистон будааст.

XS
SM
MD
LG