Дафтари матбуоти ВКД Қирғизистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти тафтишотии ин кишвар ҳодисаи куштори пурсарусадои аҳли хонаводаи Эралиевҳоро дар марз бо Тоҷикистон пурра боз карданд ва дар рух додани ин ҷиноят ду ҷавонмард - як хеш ва як дӯсти наздики хонаводаро муттаҳам карданд. Вазорат мегӯяд, ки гумонбарон эътироф кардаанд, ки бо мақсади "хусумат ва қассосгирӣ" ва дар ҳолати мастӣ ба куштори чаҳор узви як оилаи сарватманд даст задаанд. Ин ҳодиса дар рустои Қара-Булоқи вилояти Бодканди Қирғизистон шаби 5 ба 6-уми сентябр рух дод ва афроди мусаллаҳи ношинос ин хонаводаро тирборон карданд. Ин хонавода дар канори рустои Қара-Булоқ мезист, ки дар 100-километрии марзи Тоҷикистон ҷойгир аст.
Намояндаи Вазорати умури дохилаи Қирғизистон гуфт, ки ин ду гумонбарро дар ҷараёни тафтишот инчунин аз рӯи қазияи куштори пурсарусадои рӯзи 20 августи хонаводаи Халлоқовҳо дар рустои Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон бозпурсӣ кардаанд. "Воқеан ҳам тафтишот гумон дошт, ки эҳтимолан ин ду куштори монанд ба ҳамдигар, ки дар фосилаи хеле каме рух додааст, кори дасти як гурӯҳи ҷинояткор аст. Воқеан ҳам фарзанди ин хонавода дар шиносоии гумонбарон дар Қирғизистон иштирок кард, вале тафтишот аз ҷониби Қирғизистон мегӯяд, ки ин ду ҳодиса ба ҳам пайванде надоранд", гуфт намояндаи ВКД Қирғизистон. Ба иттилои ӯ, ду қотили хонаводаи қирғизӣ куштори хешовандони худро эърироф карда мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ дар Тоҷикистон набудаанд.
Айни замон, тибқи иттилои манобеи радиои Озодӣ, баъди ширкат дар бозпурсиҳо ва шиносоӣ бо қотилони гумонбар, Идрисбой Халлоқови 17-сола, писари хонаводаи кушташуда, ки дар он ҳодиса ҷон ба саломат бурдааст, гӯё
дар симои ин ду нафар қотилони волидонашро шинохтааст. Вай дар бозпурсӣ гуфтааст, ки ҳамин афродро шаби 20 август дар хонаи худ дида буд.
Дар ҳоле, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз шарҳи ин ҳодиса худдорӣ мекунанд, ҷониби Қирғизистон мегӯяд, ки таҳқиқи муштараки ин ҷиноят ҳамоно идома дорад ва ҳанӯз касеро намешавад чун гумонбари қатли Халлоқовҳо ном бурд.
Ёдовар мешавем, шаби 20 август бар асари ҳамлаи афроди ношинос ба хонаводае дар хоҷагии деҳқонии №5, ҷамоати деҳоти «Чоркӯҳ»-и ноҳияи Исфара Бобо Халлоқов, номи дигараш Абдуқаҳҳор, соли таваллудаш 1952, ҳамсараш Халлоқова Мӯҳтарама, соли таваллудаш 1953, духтараш Мамадҷонова Гулчеҳра, соли таваллудаш 1975, ки бо писараш, қурбонии чорум - Халлоқов Иноятулло, соли таваллудаш 2000 ба меҳмонӣ омада буд, ҳамагӣ сокини ҷамоати деҳоти «Чоркӯҳ»-и ноҳияи Исфара ба ҳалокат расиданд.
Ягона нафаре, ки бо чашмонаш афроди мусаллаҳро дидааст, фарзанди 17-солаи ин хонавода - Идрисбой Халлоқов - мебошад, ки дар ҳамлаи шаби 20 август ҷон ба саломат бурдааст.
Тибқи хулосаҳои пешакӣ, сабаби аслии куштори ин хонаводаи сарватманд пулу мол будааст, ангезае, ки ин кушторро ҳамчунин бо куштори оилаи қирғизии Эралиевҳо ба ҳам монанд мекунад.
Шаби куштори Халлоқовҳо ҳамчунин арӯси хонадон низ тавонистааст пинҳон шуда ҷон ба саломат барад. Баъдан вай ба радиои Озодӣ гуфт, ки чеҳра неву, садои гуфтугӯи афроди мусаллаҳро шунидааст, ки ба забони русӣ ва қирғизӣ гап мезаданд.
Баъди ин ҳодиса, бо амри вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов, гурӯҳи махсуси фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шуд, ки ҳанӯз тафтиши худро ба анҷом нарасондааст.

Оставьте в покое этот народ! Дайте им жить спокойно и мирно.
Пешво иктисоди оиларо дар назар дорад, вагарна зиёда 9% рушди иктисоди дар ягон мамлакати тараккикардаи дунё дар соли 2021 мушохида нашудаст. Бо ин хисоботхои дуруг ва рушди бемисли иктисод мо кайхо бояд Сигапурро мегузаштем, вале аз чи бошад ки точики бечора холо хам дар фикри орду равган ...
Дар Ватан одамон мурдаистодан , дар хукумат мачлис .... Как буд то дар Бадахшон 4 то пашша мурда бошад (((( Инкадар куштор , инкадар хуни мардуми бегунохро ки чавоб мегуфта бошад ?!
Ҳаққи ҳалоли халқи тоҷикро сӣ сол шуд, ки мехӯрам, аҳ сер намешавам, ба ман фарқе надорад, кӣ дар куҷо чӣ кор мекунад, муҳим ҳаққи худро талаб накунад, талаб ҳам кунад, артиши сархӯр дар ихтиёрам, фармон медиҳам якдигарро мехӯранд, аммо ман бо тӯдаи пайвандонам ҳаққи ҳамаро якҷо мехӯрем. Ҳар фарди ин миллат кушта шавад, ба нафси ман ҳаққи нав илова мешавад, аз сулҳу ваҳдат фақат худам истифода мебарам, аз сарқонун фақат худам истифода мебарам, аз ҳама шароите маъишӣ фақат худам истифода мебарам, дар беҳтарин шароит, дар беҳтарин хона, дар беҳтарин “кругозор” зиндагӣ мекунам. Халқро садқаи ҳаққу ҳуқуқ кунад, як подаи гов, шуморо чиву серию пурӣ чӣ?! Ба умри ман баракат диҳед!
Чаро ин хабархо дар телевизион пахш нашуд? Чои русти дорад магар? Хайрон мешавам баъзе яку якбора чунин ходисахоро хонда