Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Қирғизистон соҳиби моли тиҷоратии "Boeing 747-ро меҷӯяд. ВИДЕО


Намояндагони мардумӣ дар порлумони Қирғизистон аз ҳукумат талаб доранд ба ин суол посух бигӯяд, ки чаро ҳавопаймои борбар, ки авоили ҳафта бар болои як деҳкадаи канори фурӯдгоҳи аслии кишвар суқут кард, озими Бишкек буд.

Ҳавопаймои "Boeing 747, ки ба ширкати ACT Airlines -Туркия тааллуқ дошт, рӯзи 16 январ ҳангоми поин шудан дар Фурудгоҳи байналмилалии Манас, дар болои деҳкадаи Дача-Су суқут кард. Бар асари ин ҳодиса 4 сарнишини ҳавопаймо ва 34 сокини маҳали суқути ҳавопаймо ҷон бохтанд.

Рӯзи 19 январ чанд намояндаи мардумӣ дар порлумони Қирғизистон, ҳукуматро барои чашм пӯшидан аз гузоришҳои зиддунақиз, дар бораи ҳадафи фурудоии ин ҳавопаймо дар Манас, муттаҳам карданд.

Вакилони порлумони Қирғизистон аз ҳукумат талаб доранд ба ин суол посух бигӯяд, ки чаро ҳавопаймои борбар, ки авоили ҳафта бар болои як деҳкадаи канори фурӯдгоҳи аслии кишвар суқут кард, озими Бишкек буд?

ACT Airlines гуфт, ки ҳавопаймо бояд колоҳои номушаххаси тиҷориро дар Бишкек холӣ мекард, дар ҳоле, ки мақомоти Қирғизистон ба як овоз мегӯянд, ки ҳавопаймо дар роҳи парвоз аз Ҳонгконг ба Истанбул, мехост аз фурӯдгоҳи Манас сӯзишворӣ бигирад.

"Ҳукумати мо маълумотро пинҳон мекунад ва мегӯяд, ки ҳавопаймо барои сӯзишворӣ омада буд"- гуфт Омурбек Текибоев, яке аз раҳбарони саршиноси мухолифин дар порлумон, ки барои мушаххас кардани соҳиби молу колои тиҷоратӣ ҳавопаймо камиссиюни вижаи порлумонӣ таъсис додааст. "Туркҳо мегӯянд, бори аввал нест, ки онҳо ба Бишкек бори тиҷоратӣ меоранд, онҳо пеш аз ин 52 дафъа бор оварда буданд"- иддао кард Текибоев.

Мотам ба ёди қурбониҳои садамаи ҳавопаймо дар Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Вазорати Ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон қаблан гуфт, ки онҳо дар ҷойи суқути ҳавопаймо теъдоди зиёди қуттиҳои ҳомили дастгоҳҳои электронӣ ва лавозими ошхона пайдо карданд. Шоҳидон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки баъзе дастгоҳҳои электронӣ навиштаҷоти қирғизӣ доштанд ва қонугузорон низ тахмин мекунанд, ки макони ниҳоии ин бори тиҷоратӣ Қирғизистон буд.

Бар асари суқути ин ҳавопаймои борбари ширкати туркӣ дар атрофи фурудгоҳи байналмилалии "Манас" дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон, 37 нафар ҷон бохтаанд, ки аксарашон сокинони маҳаллӣ ҳастанд.Раиси ширкати ҳавоии Air Kyrgyzstan Ҷолдошбек Бектурганов дар пайи ин ҳодиса гуфта буд, ки эҳтимолан сабаби ин фоҷеа иштибоҳи халабон бошад. Вай гуфт, ҳавопаймоҳои борбари навъи Boeing-747-400F​ тавони интиқоли то 100 тонна борро доранд.

Дар канори Бишкек "қуттии сиёҳ"-и ҳавопаймои сарнагуншударо ёфтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:14 0:00

XS
SM
MD
LG