Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон. Танҳо як гоми дигар то узвият дар Иттиҳоди Авруосиё


Интизор меравад, ки Қирғизистон рӯзи 8 май дар Маскав ду протоколи ниҳоии узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро имзо кунад.

Сафар Исҳоқов, раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурии Қирғизистон рӯзи 6 май ба хабарнигорон гуфт, ки барои вуруди кишвараш ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳеҷ гуна ихтилофи назар вуҷуд надорад ва танҳо бояд расмиёти даромадан иҷро шавад, яъне созишномаи узвият ва протколҳои марбут ба он имзо шаванд. Дар рӯзи имзои ин протоколҳо Алмосбек Атамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон низ барои ширкат дар барномаҳои 70-солагии Рӯзи Ғалаба дар Маскав хоҳад буд ва дар ҳошяии ин сафар расмиёти вуруди кишвараш ба эътилофро ба ҷо хоҳад овард.

Қирғизистон ва чаҳор кишвари дигари узв -- Русия, Беларус, Арманистон ва Қазоқистон рӯзҳои 7 ва 8 май дар мулоқоти муовинони нахуствазир масъалаҳои ниҳоии узвияти Қирғизистонро баррасӣ мекунанд. Пешгӯӣ мешавад, ки 8 май Қирғизистон ба таври расмӣ ба ин иттиҳод медарояд. Дар мусоҳибае бо Ҷумъақодир Акенеев, яке аз вазирони пешини ҳукумати Қирғизистон пурсидам, оё гуфтан мумкин аст, ки Қирғизистон 9-уми май ҷашни Рӯзи Ғалабаро чун узви нави Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баргузор хоҳад кард?

Акенеев: Санади узвиятро 23 декабри соли гузашта имзо карда буданд. Ба мо панҷ моҳ мӯҳлат доданд, ки марз ва посгоҳҳои гумрукии худро муҷаҳҳаз кунем. Лабораторияҳоро ба кор дарорем. Ман, фикр мекунам, ки 7 май муовинони нахуствазирони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳамаи ин корҳоеро, ки Қирғизистон анҷом дод, бори дигар баррасӣ мекунанд. Кумиссиюне, ки омада буд, ба хулосае расид, ки Қирғизистон ба узвият омода аст. Агар онҳо 8 май санади заруриро имзо кунанд, мо 9 май узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё хоҳем буд. Вале ин нукта низ дар назар аст, ки бояд ин ҳуҷҷатҳо дар парлумонҳои ҳамаи кишварҳои узв ба тасвиб расанд. Барои ин кор шояд ду се ҳафта вақт сарф мешавад. Якуми июни соли ҷорӣ ҳамаи марзҳо пурра боз мешаванд.

Озодӣ: Ба назари шумо ҳамаи ихтилофоти назарҳо ҳал шудаанд ва ҷонибҳо протоколро имзо мекунанд ё шояд раванди даромадан ба узвият боз ба таъхир афтад?

Акенеев: Имзо мекунанд, барои он ки фақат ду нукта вуҷуд дошт ва ба мо вақт доданд, ки мо онро иҷро кунем, яъне маҳсулоти моро тафтиш мекунанд ё мисли ин масъалаҳои дигар. Лекин лабораторияҳои мо сад дарсад ба ин кор омода нестанд. Баъд аз тафтиш ба маҳсулоти мо сертификати иттиҳоди иқтисодиро медиҳанд. Ин масъалаи усулист. Кумиссиюни коршиносон пештар ба маҳсулоти мо шубҳа дошт. Вале саранҷом онро қабул карданд. 7 май ҳайатҳо зери сарпарастии муовинони нахуствазирон дар Маскав бо ҳам ин масъалаҳоро баррасӣ мекунанд ва мумкин аст дархости Қирғизистонро дар ин бора қабул намоянд. Масъалаҳои дигар ҳам ҳаст, масалан роҳи оҳан, роҳҳои мошингард, марказҳои таъмин дар наздикии марзҳо ва амсоли он. Мо мехоҳем, ки барои ин бахшҳо таҷҳизотро бидуни боҷ иҷозаи вуруд диҳанд. Ман фикр мекунам, ки моро ҷонибдорӣ мекунанд ва ин масъалҳо ҳал мешаванд.

Озодӣ: Қаблан хабарҳо пахш шуда буд, ки Русия ё Иттиҳоди пешинаи гумрукӣ барои харидории таҷҳизоти гумрукӣ ва махориҷи дигари марбут ба раванди ҳамгароӣ тақрибан 2 миллиард доллар ба Қирғизистон медиҳанд. Оё Қирғизистон ин маблағро гирифт?

Акенеев: Гап дар он аст, ки Русия барои муҷаҳҳаз кардани посгоҳҳои гумрукӣ, марз, харидории лабораторияҳо 200 миллион доллар кӯмаки бебозгашт дод. Вале як миллиард доллар ба ташкили Бунёди муштараки сармоягузории Русияву Қирғизистон иртибот дорад. Ба ин бунёд нисфи ин пулҳо ворид шудааст. Аз 15 май ин бунёд ба сармоягузории тарҳҳои зарурӣ оғоз хоҳад кард. Ин қарзҳо бо дарсадии хеле кам дода мешаванд.

Озодӣ: Оё бо узвият дар ин иттиҳод Қирғизистон аз ҳамкорӣ бо кишварҳои дигари минтақа зарар намебинад ва ба муҳоҷирони Қирғизистон имтиёз дода мешавад, он гуна, ки ваъдаҳо зиёд буд?

Акенеев: Ин кор ба мо фоидаи бештар меорад. Якум, 800 ҳазор нафар муҳоҷирони кории мо дар Русияву Қазоқистон, яъне дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё кор мекунанд. Онҳо гӯё соҳиби мақоми шаҳрвандии Иттиҳоди мазкур мешаванд. Зарурати харидории патент аз байн меравад, онҳо иқомати худро дигар сабт намекунанд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои донишгоҳҳои мо дар қаламрави иттиҳод эътибор пайдо мекунанд. Муҳоҷирони мо метавонанд аз рӯи ихтисоси худ, масалан, пизишк ё омӯзгор ва мисли он дар Қазоқистону Русия ё Беларус кор кунанд. Фақат ҳақи интихоб шудан ва интихоб карданро дар интихобот нахоҳанд дошт. 192 ҳазор муҳоҷире, ки депорт шуда буданд, агар ҷиноят содир накарда бошанд, афв мешаванд. Бунёди иҷтимоӣ ташкил мешавад ва муҳоҷирон нафақа хоҳанд гирифт. Мо ҳадди ақал барои ҳамин бояд дохил шавем, чунки муҳоҷирони корӣ ба иқтисоди мо кӯмак мекунанд. Онҳо тақрибан ба андозаи қисми даромади будҷаи мо ҳар сол пул мефиристанд.

XS
SM
MD
LG