Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон


Марзбонони қирғиз мегӯянд, ки се шаҳрванди Тоҷикистонро дар вилояти Бодканд барои убури ғайриқонунии марз, боздошт кардаанд.

Мақомоти марзбонии Қирғизистон мегӯянд, ки се шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ду тани онҳо наврас мебошанд, барои убури ғайриқонунии сарҳад, дастгир кардаанд.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 6-уми феврал бо такя ба Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон иттилоъ дод, ки ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар 800-метрии дохили марзи он кишвар ва ҳини буридани дарахтон ва ҷамъоварии ҳезум, боздошт шудаанд.

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон гуфтааст, ки сарҳадбонони дидбонгоҳи "Кулунду" ин се шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карда ва маълумоти заруриро ба мақомоти пулиси маҳаллӣ ирсол доштаанд.

Дар ҳукумати ноҳияи Исфара рӯзи 7-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки хабарҳо дар мавриди боздошти се шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Бодканди Қирғизистонро рӯзи гузашта тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дарёфт кардаанд.

Як масъули ҳукумати Исфраи рӯзи 7-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз шунидани ин хабар, бо раисони маҳаллаҳо ва ҷамоатҳои назди марзӣ дар тамос шуда ва роҷеъ ба ин хабар аз онҳо маълумот хостаанд. Аммо ба гуфтаи вай, то ба ҳол дар мавриди афроде, ки Қирғизистон иддаои боздошти онҳоро дорад, маълумоти дақиқ пайдо накардаанд ва маълум нест, ки онҳо бошандагони кадом деҳа ва ё ҷамоати Исфара мебошанд.

Дар гузашта низ марзбонони қирғиз чандин тан аз сокинони минтақаҳои марзии Тоҷикистон бо он кишварро барои умури ғайриқонунии марз боздошт карда буданд. Аз ҷумла дар моҳи майи соли гузашта намояндагони ниҳодҳои қудратии Қирғизистон эълон карда буданд, ки ба муқобили 7 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумлаи 3 афсари Оҷонсии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон барои вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави Қирғизистон ва талоши қочоқи 180 килограмм симоб парвандаи ҷиноӣ боз мекунанд.

То ҳанӯз аз 976 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо 504 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Идомаи баҳси ду кишвар бар сари қисматҳои боқимондаи марз, аз ҷумла, такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1958 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1925, мунҷар ба он шуд, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди таъин ва аломатгузории марзҳояшон хеле ба кундӣ пеш мераванд.

XS
SM
MD
LG