Хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс” гузориш дод, ки ҳодиса рӯзи 4-уми сентябр иттифоқ уфтод.
Дар ин ҳодиса як донишомӯзи 14-сола гумонзад аст.
Гуфта мешавад, ду хонанда ва ду омӯзгор ҷон бохта, ҳашт хонанда ва як омӯзгор захмӣ ҳастанд.
Раиси Бюрои тафтишотии Ҷорҷия мегӯяд, ҳамлагар дастгир ва ба боздоштгоҳ бурда шуд.
Мақомот нагуфтанд, ки донишомӯз аз кадом навъи силоҳ истифода кардааст.
Таҳқиқ маълум хоҳад кард, ки навраси гумонзад силоҳро аз куҷо гирифта ва чӣ гуна вориди мактаб шудааст.