Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фотима Азиз: Кундузро бори дувум ба коми наҳанг супурданд


Низомиёни афғон дар Кундуз
Низомиёни афғон дар Кундуз

Бархе аз намояндагони Вулуси Ҷирга аз Кундуз мегӯянд, ин вилоят ба далели бетаваҷҷуҳии масъулон бо ноамнӣ ва фоҷиаи инсонӣ рӯбарӯ шудааст. Кундуз, Фароҳ, Бағлон, Бодғис, Урузгон ва Ҳилманд аз ҷумлаи ноамнтарин вилоятҳои Афғонистонанд, ки ахиран набарди миёни нерӯҳои амниятии афғон ва мухолифини мусаллаҳ ба шиддат дар онҳо ҷараён дорад.

Инҳо бояд дар як муҳокимаи ошкор ба мардум ҷавоб гӯянд. Инҳо бояд муҳокима шаванд.
Фотима Азиз

Аммо дар ин миён Кундуз бо вазъияти амнияти баде мувоҷеҳ будааст. Фотима Азиз, намояндаи Вулуси Ҷирга рӯзи 8 октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ вазъи бади амниятиро дар Кундуз ҳосили бетаваҷҷуҳии масъулони амниятӣ донист ва гуфт, "барои бори дувум мардуми Кундузро ба коми наҳанг супурдаанд. Инҳо дар баробари Худо ва миллат чӣ ҷавоб доранд? Ин қадар мардум дар Кундуз, ки ҷасадҳояшон бе гуноҳ ба хоку хун кашида шуд, ҷавобгӯяш кист? Инҳо бояд дар як муҳокимаи ошкор ба мардум ҷавоб гӯянд. Инҳо бояд муҳокима шаванд."

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки ҳазорон нафар Кундузро тарк карда, худро ба навоҳии ҳамсоя ваё Кобул задаанд
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки ҳазорон нафар Кундузро тарк карда, худро ба навоҳии ҳамсоя ваё Кобул задаанд

Рӯзи шашуми даргирӣ барои Кундуз

Дар ҳоле ки даргирии нирӯҳои давлатии афғон бо ҷангҷӯёни Толибон барои гирифтани шаҳри Кундуз вориди рӯзи шашум шуд, сокинон мегӯянд, обу ғизо ва сарпаноҳи амн надоранд. Онҳо гуфтанд, нирӯҳои кофии афғон дар Кундуз мустақаранд, вале суолбарангез аст, ки чаро ин шаҳр ҳанӯз аз Толибон поккорӣ нашудааст?

Даргирӣ миёни нирӯҳои давлатии афғон ва Толибони мусаллаҳ дар минтақаҳои ғарбӣ ва шимолушарқи Кундуз ҷараён дорад. Хабарнигори бахши дарии Радиои Озодӣ дар ҷои ҳодиса рӯзи 8 октябр гуфт, садои даргирӣ аз гӯшаҳои гуногуни шаҳр шунида мешавад.

Худат ба чашми сар мебинӣ, ки давлат як қадам пеш нарафтааст. Касоне, ки пул доранд, берун шуданд ва мардуми ғариб дар хонаҳояшон захмӣ ва шаҳид шуданд.”
Як сокини Кундуз

Сокинони шаҳри Кундуз мегӯянд, дар ин шабурӯзи мушкил обу нон надоранд ва аз ҳукумати марказии Афғонистон талаб карданд, ки ҳарчӣ зудтар дар хусуси поксозии шаҳр иқдоми амалӣ кунад. Яке аз бошандагони Кундуз дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "худат бо чашми сар мебинӣ, ки давлат як қадам пеш нарафтааст. Касоне, ки пул доранд, берун шуданд ва мардуми ғариб дар хонаҳояшон захмӣ ва шаҳид шуданд."

"Зиндагӣ дар қабристон"

Аблулло, сокини дигари Кундуз мегӯяд, ба кӯча барои харидани ғизо ва маҳсулоти дигар баромад, аммо ҳеч чиз наёфт. Ӯ гуфт, "ҳамаи дӯконҳо дар Кундуз дари худро қуфл задаанд ва ягоан нонпазхонае, ки кор мекунад, қимати нонро аз 15 сенти пешина то 1 доллару 5 сент боло бурдааст. Дар шаб шаҳрро ракету тиру туфанг рӯшноӣ мекунанд ва баъзе касоне, ки хонаҳояшонро тарк кардаанд, дар қабристонҳо зиндагӣ доранд."

Раҳимуллоҳ мегӯяд, ҳар кас талош дорад, ки зудтар худро аз шаҳр ба берун кашад. Созмони Милали Муттаҳид изҳор дошт, ки то кунун ҳазорон нафар шаҳри Кундузро тарк карда, ба навоҳии ҳамсоя ваё ба Кобул рафтаанд. Доминик Паркер, раҳбари Барномаи ҳамоҳангсози ёриҳои башардӯстонаи СММ мегӯяд, бисёре аз хонаводаҳо ҷиҳозашонро бо худ нагирифтанд ва аз ин сабаб дар шароити мушкил қарор доранд. Ӯ низ гуфт, "ба мо хабар доданд, ки баъзе аз ин оилаҳо зери осмони боз хоб рафтаанд".

Раиси шӯрои вилоятии Кундуз гуфт, ҷанги шадид миёни Толибон ва нирӯҳои давлатии афғон ҷараён дорад. Муҳаммадюсуф Аюбӣ гуфт, нерӯҳои кофии афғон дар ин вилоят мавҷуданд, вале то ҳоло натавонистаанд Толибонро ба ақибнишинӣ маҷбур кунанд. “Ҳамон тавр ки маълум мешавад, мақомоти марказӣ барои аз байн бурдани шӯришиён иродаи лозим надоранд”, - афзуд ӯ.

"Барои берун шудан аз таҳхонаҳо сахт метарсем"

Муҳаммадюсуф Аюбӣ гуфт, даргирӣ дар дохили Кундуз, хона ба хона ва кӯча ба кӯча ҷараён дорад ва аз асари ҷанг мардуми мулкӣ хисороти ҷониву молӣ диданд. “Бино ба гузоришҳо, то кунун 200 нафари мулкӣ кушта ва захмӣ шудаанд ва ин вазъият барои мо қаноатбахш нест. Давлати марказӣ бояд иқдом кунад. Ҷанги ҷорӣ дар Кундуз оби ошомиданӣ, ғизо маводи сӯхт ва барқро болои мардум қатъ кардааст ва давом ёфтанаш фоҷиаи инсониро ба бор хоҳад овард”, - таъкид кард ӯ.

Як зан аз Кундуз ба шарти ифшо нашудани номаш телефонӣ гуфт, ки ӯ ва чор фарзандаш маҷбур дар таҳхона пинҳон шудаанд. "Барои берун шудан аз таҳхонаҳо сахт метарсем, чун ҳанӯз садои тиру туфанг шуниад мешавад ва дар кӯчаҳо Толибон мегарданд", - гуфт ӯ ва афзуд, "чанд рӯз боз фақат ба хона мебароям, то ҳар чизе ҳаст гирифта фароям. Мо ғизо дорем. Он шояд барои ду ё се рӯзи дигар расад. Агар даргирӣ идома кунад, чизе надорем ва намедонем чӣ хоҳад шуд."

Муҳаммадюсуф Аюбӣ
Муҳаммадюсуф Аюбӣ

Аммо Саидмаҳмуд Дониш, сухангӯи волии Кундуз гуфт, дар миёни нерӯҳои давлатӣ ҳамоҳангии қавӣ вуҷуд дорад ва то кунун бархе аз бахшҳои муҳими шаҳр аз вуҷуди Толибон поксозӣ шудааст. Мақомҳои маҳаллии Кундуз ҳам гуфтанд, дар натиҷаи амалиёти шаби ҷумъа ба шанбе чанд минтақа аз вуҷуди Толибони мусаллаҳ поккорӣ шудааст ва нерӯҳои амниятӣ дар ҳоли пешравианд.

Волӣ: "Кумакҳои изтирорӣ расонда шуд"

Асадуллоҳ Умархел, волии Кундуз мегӯяд, ба мардуми манотиқе, ки дубора аз дасти Толибон озод шуданд, расондани кумакҳои оҷил оғоз гардидааст. Умархел, ки шоми 7 октябр бо Радиои Озодӣ суҳбат мекард, гуфт, “кумакҳои изтирорӣ ба бархе аз нуқтаҳо расонда шуд ва ин раванд идома дорад”.

Волиии Кундуз дар робита ба шикояти сокинон дар мавриди набудани оби ошомиданӣ гуфт, “дирӯз лӯлаи обро душманон қатъ карда буданд, таъмир кардем ва оби ошомиданиро ба мардуми Кундуз расондем.”

Шаби 3 октябри имсол ҳамлаҳои густардаи нерӯҳои Толибон ба шаҳри Кундуз – маркази вилояти ҳамноми он, ки бо ҷануби Тоҷикистон ҳаммарз аст, шурӯъ шуд. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, Толибон дар як ҳамлаи ҳамоҳангшуда якбора аз чор тарафи шаҳр ҳамла карданд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар робита бо нооромиҳо дар вилояти Кундузи Афғонистон нирӯҳои марзбонии кишвар ба ҳолати омодабош оварда шудаанд.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи ин ниҳод, гуфт, мақомоти тоҷик дар бораи шурӯи даргириҳои шадид миёни нерӯҳои давлатии Афғонистон ва​ҷунбиши Толибон дар вилояти Кундуз хабар доранд, вале то ба ҳол ҳодисаҳои убури ғайриқонунӣ аз марз ё ба ҳудуди Тоҷикистон афтодани гулӯлаю тирҳои тасодуфӣ ба мушоҳида нарасидааст.

XS
SM
MD
LG