Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои Афғонистон бахши аъзами шаҳри Қундузро озод карданд


Нирӯҳои давлати Афғонистон бахши аъзами шаҳри Қундузи Афғонистонро аз тасаруфи ҷангиёни гурӯҳи Толибон озод карданд.

Саидсарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи пулиси Қундуз рӯзи 1 октябр дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло даргириҳои ҷудогона дар канораҳои шаҳри Қундуз идома дорад, аммо ба сурати умум маконҳои муҳими ин шаҳр аз гурӯҳи Толибон озод шудааст.

Ҳамдуллоҳи Донишӣ, кафили волии вилояти Кундуз дар як тамоси телефонӣ ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ки нирӯҳои амниятӣ тайи даргириҳои шадиди шаби гузашта шаҳри Қундузро дубора таҳти назорати худ даровардаанд.

Ӯ гуфтааст, пас аз расидани нирӯҳои тозанафас амалиёти амниятӣ дар дохили Кундуз оғоз шуда ва ҷангиёни гурӯҳи Толибон фирор кардаанд.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилаи Афғонистон низ дар як паём дар Твиттер аз тасарруфи дубораи Қундуз ба дасти нирӯҳои амниятӣ ва ворид шудани талафоти сангин ба душман хабар додааст. Вазорати дифои Афғонистон дар як баёния гуфтааст, дар амалиёти шаби гузашта 150 ҷангӣ кушта шуда ва шаҳри Қундуз аз онҳо пок шудааст.

Аммо сухангӯи Толибон дубора таҳти назорати давлат даромадани Қундузро рад мекунад. Ӯ ба Ройтерс гуфтааст, ҷангиён дар маркази шаҳр ба нирӯҳои ҳукуматӣ муқовимат нишон медиҳанд ва бахши аъзами шаҳрро ҳамчунон таҳти назорат доранд.

Шаҳри Қундуз - маркази вилояти Қундузи Афғонистон, ки бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст, аз рӯзи 28 сентябр дар тасарруфи Толибон қарор дошт. Ин аввалин шаҳри бузурги Афғонистон аст, ки пас аз 14 сол бо дасти ҷангиёни Толибон суқут мекунад.

Дар пайи суқути Қундуз ба дасти Толибон вакилони Лоя Ҷирга ё порлумони Афғонистон хостори истеъфои Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури ин кишвар шуда буданд.

Нирӯҳои давлати Афғонистон, ки дар фурудгоҳи ин кишвар таҷаммӯъ карда буданд, рӯзи 29 сентябр амалиёти касби дубораи назорат бар Қундузро оғоз карданд.

Дирӯз гузориш шуд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико болои мавқеъҳои ҷангиёни Толибон дар шаҳри Қундуз 3 ҳамлаи ҳавоӣ анҷом доданд.

Қундуз бо чизе бештар аз 300 ҳазор аҳолиаш панҷумин шаҳри бузурги Афғонистон ва нахустин маркази маъмурии як вилояти ин кишвар аст, ки ба дасти Толибон суқут кард.

Ин шаҳри воқеъ дар ҳамагӣ 62-километрии марзи Тоҷикистону Афғонистон рӯзи 28 сентябр аз сӯи ҷангиёни Толибон тасарруф шуд. Дар пайи тасарруфи Қундуз аз ҷониби толибон гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён, ки аз ноҳияи Қумсангир Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, баста шуд. Раёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон эълон дошт, ки марз зери назорат аст ва ҳеҷ гурӯҳи Толибон қасди убур ба хоки ин кишварро надорад.

XS
SM
MD
LG