Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Фирташ: Бо қарори давлатӣ кардани "Тоҷиказот" розӣ нестем


Дмитрий Фирташ
Дмитрий Фирташ

Ширкати Group DF-и миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ мегӯяд, бо ҳукми додгоҳи Хатлон дар мавриди давлатӣ кардани корхонаи "Тоҷиказот" розӣ нест ва ба додгоҳҳои болотари Тоҷикистон ва дар сурати зарурат, ба додгоҳҳои байналмилалӣ ҳам шикоят хоҳад бурд.

Дафтари матбуоти ширкати Group DF, муттааллиқ ба миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ, рӯзи 24 июн гуфт, бо ҳукми давлатӣ кардани корхонаи муштараки "Тоҷиказот", ки 75 дарсади саҳмияҳояш ба сохторҳои Фирташ тааллуқ дошт, розӣ нест. Олег Аристархов, сухангӯи ширкати Group DFдар як номаи хаттии кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ мавқеи ин ширкатро чунин шарҳ дод: "Мо бо қарори додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлони Тоҷикистон дар мавриди қонеъ сохтани даъвои Оҷонсии зиддифасод, ки бекор кардани созишномаи таъсиси корхонаи муштараки ҶСП "Тоҷиказот"-ро талаб мекард, розӣ нестем. Мо ҳамчун сармоягузор шартҳои ин созишномаро ба таври лозим иҷро кардаем. Баъди ба дасти мо расидани қарори додгоҳ, мо аз ин қарор ба додгоҳи болотари Тоҷикистон ва дар сурати зарурат, ба додгоҳҳои байналмилалӣ шикоят хоҳем бурд."

Сафири Украина: "Асосе барои зери шубҳа гузоштани дурустии тасмими додгоҳ нест"

Сафири Украина дар Душанбе мегӯяд, далеле барои зери шубҳа қарор додани дурустии тасмими додгоҳи Тоҷикистон дар иртибот ба давлатӣ кардани корхонаи "Тоҷиказот", ки молики аслии он милиардери украинӣ Дмитрий Фирташ буд, дар даст нест.

Виктор Никитюк, сафири Украина дар Тоҷикистон рӯзи 24 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "сафорати Украина дар Душанбе барои мудохила кардан ба ин парванда, ки аз тарафи додгоҳи вилояти Хатлон баррасӣ ва ҳал шудааст, асосе надорад." Ҷаноби Никитюк афзуд, "дар марҳалаи феълӣ дар ихтиёри сафорати Украина дар Душанбе ҳеҷ гуна асоси мустанад ё далеле мавҷуд нест, ки дурустии тасмими додгоиҳ иқтисодии вилояти Хатлонро зери суол гузорад."

Аммо Виктор Никитюк, мегуяд, дар сурати дастрас шудани дархост аз ҷониби украинии қазия, сафоррати ин кишвар ин мавзӯъро албатта баррасӣ хоҳад кард.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи ҷаноби Никитюк, сафорати Украина ба ҷарёани баррасии парванда даъват нашуда буд ва намояндаи он низ дар мурофиаҳои додгоҳӣ ширкат накардааст. Вале афзуд ӯ. сафорат аз баҳси додгоҳии "Тоҷиказот" тариқи матбуот хабардор буд ва онро пайгирӣ мекунад.

Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон дар як ҳалнома дирӯз, душанбе, 23-юми июн корхонаи «Тоҷиказот»-ро, ки 75 фоизи саҳмияҳояш аз соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташ, 20 дарсадаш аз ҳукумати Тоҷикистон ва 5 дарсадаш аз соҳибкори тоҷик Хайрулло Саидов, писари соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов буд, ба моликияти давлаӣ ворид кард. Баҳси корхонаи тавлидотӣ дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар асоси даъвои Оҷонсии зидди корруспия соли 2002 оғоз шуда буд, аммо ин корхона баъди қатъ шудани гази ворида аз Узбакистон аз фаъолият монда буд.

Саидхӯҷа Сангаков, додраси додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки бо даъвои оҷонсии фасод парвандаи ин корхона оғоз шуд ва ҳукмашро дар доираи қонун эълон кардаанд.

Ҷаноби Сангаков гуфт, ки дар мурофиаи додгоҳӣ ҷонибҳо пеш аз ҳалномаи додгоҳӣ чизе нагуфтаанд ва бо вуҷуди ҳуқуқ доштан барои шикояти касатсионӣ шояд даъво кунанд:

«Ин корхона, ки ба моликияти давлат ворид шуд ва саҳмдорон он таҷҳизотеро, ки ба корхона ворид карданд пулашро мегиранд. Масалан таҷҳизоте, ки ворид шудааст канда бурданаш бе фоида аст ва дар дигар ҷо кор фармуданаш номумкин аст, вале нархи тавозунӣ ё ҷуброни пулияшонро мегиранд».

Ба нақли масъулони додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон Александр Перепилс, вакили парвандаи «Тоҷиказот» аз шаҳри Киев аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ кардааст. Аммо ҳуқуқшиносони корхона гуфтаанд, баъди 10 рӯз, ки ҳалномаи додгоҳӣ ба дасташон мерасад ба хулоса меоянд, ки аризаи касатсионӣ менависанд ё на.

Ашиёи хоми ин корхонаи тавлидотӣ бо гази воридаи Узбакистон коркард мешуд, аммо баъди қатъ шудани гази ворида аз Узбакистон ин корхона соли 2008, ҳудуди чаҳор соли ахир аз фаъолият боз монд ва даҳҳо нафар кормандонашро ба рухсатии бемузд фиристода буд.

Ҳамин тавр ин охирин корхонае, буд, ки хонаводаи Зайд Саидов дар он саҳм дошт ва инак ба моликияти давлат шомил карда шуд. Корхонаҳои дигари марбут ба Зайд Саидовро алакай ба моликияти давлатӣ табдил доданд. Рӯзи 3 апрели соли равон корхонаи «Электроника-М», ки дар Зайд Саидов дар ҳудуди он корхонаи шарбату нӯшобаҳои «Табаррук»-ро сохта буд, давлатӣ гардонида шуд.

Додгоҳи иқтисодии Душанбе қаблан корхонаи дӯзандагии «Гулистон» дар маркази пойтахтро, ки низ ба Дмитрий Фирташ тааллуқ дошт, давлатӣ кард.

XS
SM
MD
LG